(Тоҷикӣ) Вохӯрӣ дар маҳаллаи ноҳияи Сино

0
2332

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Аз омори солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бармеояд, ки нишондоди зиёди нашъамандон ба ш.Душанбе рост меояд, ки дар ин ҷо 3008 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, аз ин миқдор 199 нафарашон занҳо мебошанд. 955 нафари онҳо истиқоматкунандагони ноҳияи Сино мебошанд, ки аз ин шумора 33 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондод нисбат ба дигар ноҳияҳои ш.Душанбе ду маротиба зиёд мебошад.

Аз ин лиҳоз кормандони Агентӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи даҳуми ноҳияи Сино вохӯрии зиддинашъамандӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони Агентӣ ба раиси маҳалла, духтурони маҳаллӣ ва муаллимону истиқоматкунандагон муроҷиат намуданд, ки ҳаёти кӯчагии ҷавонону наврасонро ба назорат гиранд, бо падару модари он нафароне, ки то бевақтии шаб дар кӯчаю хиёбонҳо мегарданд ҳамсӯҳбат шаванд, ба узру баҳонаи пешовардаи фарзандон бовар намуда, хотирҷамъ нагарданд.

Вохӯрии мазкур ҳамчун як сӯҳбати ошкоро доир гардида, иштирокчиён дар рафти сӯҳбат ба саволҳои худ аз мутахассисон ҷавоб гирифтанд.

Идомаи вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ба нақша гирифта шудааст.

kzon22-1

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ