(Тоҷикӣ) Дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид

0
2165

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2014 баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсат, роҳбарои шуъбаҳо ва намояндагони Васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд.

Сардори Раёсат полковник М. Хайруллозода дар назди рӯзноманигорон баромад намуда, онҳоро бо натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-оперативии Раёсат дар соли 2014, чорабиниҳои дар самти пешгирии нашъамандӣ гузаронида шуда, ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар шинос намуд. Қайд гардид, ки дар соли 2014 аз тарафи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз се тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 501 кг маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ мусодира гардид. Инчунин дар диспансерҳои наркологӣ 1308 нашъаманд ба қайди расмӣ гирифта шудаанд (аз ҷумла 17 зан), ки ин нишондод нисбат ба соли 2013 – 3,7 % зиёд мебошад.

Полковник М. Хайруллозода инчунин қайд намуд, ки дар соли 2014 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаҳои сайёри Ситоди амалиёти “Кӯкнор-2014” гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади коркарди амалҳои муштарак барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар, интиқоли он, пешгирии истеҳсол ва фуруӯши маводи нашъаовар, ҷамъоварӣ намудани иттилоот оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбарони шуъбаҳои Раёсат ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ