(Тоҷикӣ) Эълон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ

0
1384

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Ситод
– нозири шуъбаи равобит бо ҷомеа
– нозири шуъбаи ҳамкориҳоии байналмилалӣ
Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
– сардори зершуъбаи 2-юм
Раёсати сайёри оперативӣ
– муовини сардор

– сардори шуъбаи 2-ум

– нозири шуъбаи таъиноти махсус
Шуъбаи кадрҳо
– нозири калон
Шуъбаи тафтишот
–  муфаттиши калон
Шуъбаи экспертизаи судӣ
– ташхисгари калон (барои ВМКБ ва вилояти Хатлон)

Шуъбаи молиявӣ-хоҷагӣ

– муовини сардор

Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ

– нозири калон оид ба супоришҳои махсусан муҳим

РАНМН дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

– ташхисгари калони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ

– ваколатдори оперативии шуъбаи ноҳияи Дарвоз
– ваколатдори калони оператии шуъбаи ноҳияи Ишкошим

 

РАНМН дар вилояти  Суғд
– нозир-кинологи шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
– ёрдамчии навбатдори шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ

 

Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшон
– сардори шуъбаи байниноҳиявии Зарафшон
– ваколатдори оперативӣ
Тартиби гузаронидани озмун:

Озмун аз 3-давра иборат мебошад:

– қабул ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо;

– сӯҳбат бо номзадон (бо гирифтани санҷиши хаттӣ)

– санҷиши махсуси номзадон (комиссияи тиббӣ, тайёрии ҷисмонӣ, санҷиши ахлоқии шахсият)

Талабот нисбати довталабон:

– ҳуҷҷатҳои номзадон дар асоси вазифаҳои пешниҳодгардида вобаста ба ихтисосашон қабул карда мешаванд (доштани маълумоти олии соҳавӣ ҳатмист);

– донистани забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад;

– ба шахсони дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, инчунин ба номзадони дорои таҷрибаи корӣ дар соҳаи кофтукови ҷиноятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзалият дода мешавад;

– ба шахсоне, ки ду забони хориҷиро (русӣ, англисӣ) медонанд, бартарӣ дода мешавад.

 

Эзоҳ:  Ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадон ҷиҳати иштирок дар озмун аз  05 то 15 феврали соли 2019 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кучаи Н. Қарабоев 52 қабул карда мешаванд. Аз ҳисоби довталабони муроҷиаткарда ҳамагӣ 10 (даҳ) нафар интихоб карда, гирифта мешаванд.

 

Ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда озмуни дохилиидоравӣ эълон карда мешавад.

                                                                  Телефон барои тамос: 233 – 02 – 95

 

 

 

 

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ