Баргузории вохӯрӣ дар ноҳияи Варзоб, мақсаднок истифода бурдани қувваи барқ – яке аз масъалаҳои мубрами рӯз

24 декабри соли 2020 дар ноҳияи Варзоб бо мақсади вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 30 – солагии  Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, инчунин роҳбарият, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргӯзор гардид.

Сараввал дар чорабинӣ роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳабибулло Воҳидзода баромад намуда, оид ба ҳолати иҷрои корҳои ободонию созандагӣ, ахборот дода, диққати ҳозиринро ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва сарфаю сириштакории он ҷалб намуд.

Қайд карда шуд, ки масъалаҳои мазкур ба пешрафти шароити арзандаи мардум ва зиндагонии осоишта равона гардида, бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарият, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони баору номуси ноҳияи Варзоб бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ баҳри боз ҳам ободу сарсабз намудани ватани азизамон, ба хусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саъю талош менамоем.

Директори Агентӣ дар рафти суханрониҳои худ доир ба хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла экстремизм, терроризм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули назар намуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ноҳияро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ даъват намуда, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷиноятҳои фарромилӣ баргузории суҳбату мулоқотҳои судмандро дар байни аҳолӣ, бахусус диндорон, ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра зарур шумориданд.

Зимни суханрониҳои худ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъалаҳои матраҳшударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ёдовар шуданд, ки бо назардошти шарафёб гардидан ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишварро мебояд, бо назари қадрдонӣ ба Ватан, миллат, Пешвои муаззам кишвар нигариста, роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтари давлатро бунёд намоем. Дар ин самт вазифаҳои мушаххасу мақсаднокро баҳри ободонию созандагии минбаъдаи ноҳияи Варзоб роҳандозӣ намуданд.