Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Санаи 20 ноябри соли ҷорӣ, ҷаласаи 22-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

Бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро кушода эълон намуданд.

Дар оғози ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Шуро дар 15 соли сипаригардида таҳлилу ҷамъбаст гардида, сипас роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолат ва раванди инкишофи вазъи маводи мухаддир дар кишварҳои худ баромад намуданд.

Дар баромадҳои худ иштирокчиён иброз доштанд, ки новобаста аз вазъи эпидемиологии баамаломада марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардиданд. Зимнан, аъзоёни Шӯро зарурати нигоҳ доштани самти ташаккулёфтаи зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД-ро таъкид намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2015-2020, муҳлат, макон ва марҳилаҳои фаъоли баргузории амалиёти зиддимухаддиротӣ дар соли 2021, гузаронидани машқҳои махсуси таълимии сохторҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД ва дигар масъалаҳои муҳим дар доираи ваколатҳои ин Шӯро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.