Вохӯрии Директори Агентӣ бо фаъолони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

19 декабри соли 2020 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода, ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 30 – Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинону фаъолони ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Директори Агентӣ ба ҳамаи иштирокдорон сараввал миннатдории самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ баргузор гардиданд, инчунин ҷиҳати гузоштани саҳми арзанда дар татбиқ ва дастгирии сиёсати Ҳукумат, амалигардонии нақшаю чорабиниҳои таҳрезишуда, расонид.

Сипас, зимни баромади худ оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, ба хусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ,  дастгирӣ ва расонидани кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ, нигоҳдории муҳити зист, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, зебоиву тозагии манзилҳои истиқоматӣ,  фаъолияти муназзами корхонаҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, хизмати содиқона ба Модар – Ватан, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ёдовар шуда, диққати ҳозиринро дар ин самт ҷалб намуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Варзоб Ҳабибулло Воҳидзода, ҳамзамон қайд намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи дастуру супоришҳои мавҷуда зарур аст, тамоми чораҳои лозима ва судмандро андешида, бо ин мақсад қувваю воситаҳо ва имкониятҳои доштаамонро самаранок истифода барем.

Дар интиҳои чорабинӣ ба ду нафар фаъолони озмунии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ