Вохӯри бо фаъолони ноҳияи Ёвон

Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон  санаи 14 феврали соли ҷорӣ вохӯрӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи    ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони маорифу тандурустӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва имомони масҷидҳо, ҷавонон, аҳли зиё, донишҷӯён ва пирони барнодили ин ноҳияи номдор баргузор карда шуд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода нахуст сухани худро оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, Паёми мазкурро ҳамчун  санади барномавии зиндагӣ ва фаъолияти хизматии ҳар як хизматчи давлатӣ ва аҳли ҷомеъа, ки онро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш сафарбар менамояд,  муаррифӣ намуд.

Шерхон Салимзода қайд намуданд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ оид ба волоияти қонун ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва  озодии инсон,  сазовор будани аҳолӣ ба зиндагии шоистаро борҳо таъкид намуданд.  Илова бар ин таъкид намуд, ки озодиву истиқлолият бояд ҳамчун дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллиамон чун гавҳараки чашм ҳифз карда шавад.

Дар рафти суханронии хеш Директори Агентӣ дар бораи хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла содиршавии амалҳои террористиву эктремистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар таъкид намуда, даъват бар он намуданд, ки мо бояд дар ҳамбастагӣ бар зидди ин таҳдидҳо ва чолишҳои ҷомеаи муосир мубориза барем.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 рух дод, чун яке аз руйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад.

Дар охир оиди вазъи назорати маводи нашадор дар ноҳия, дар гардиши ғайриконунии маводи героин дар хориҷи кишвар, хусусан Федератсияи Росия даст доштани сокинони ноҳияи   Ёвон ва ташвишовар будани масъалаи мазкур изҳори акида карда шуд.

Аз сокинони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки дар байни аҳоли, хусусан ҷавонон оиди роҳ надодан ба ҳолатҳои муомилоти ғайриқонуни маводи наъшаовар корбари намоянд.