ЗАБОН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат ва забони давлатӣ рамзи давлат аст.Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо мебошад.

Тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст. Ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум осори ҷовидонаи худро бо ин забон эҷод кардаанд ва ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.

Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн гирифта мешавад.

                                                                                                  

Ҷаласаи навбатии тантанавиро Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо табрики ҳайати шахсии Агентӣ оғоз намуда, сараввал Паёми шодбошии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷашни Рузи забон ахборот дода шуда, инчунин дар бораи забони миллии давлатӣ, мақоми забони илму фарҳанг, омили огаҳии соҳибзабонон, осори фаровони ниёгони бофазламон, ки дар давоми таърихи садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфтаанд, суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон қайд намуданд, ки забон рукни муҳими давлатдорӣ ва тафаккуру ҳувияти миллӣ ба шумор меравад, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.

                                                     

                                                     

                                                                   

Дар ҷаласа аз ҷониби кормандони Агентӣ дар бораи таърихи забони тоҷикӣ баромадҳо омода ва пешкаш карда шуд. Ҳамчунин,дар васфи забони ноби модарӣ шеърҳо қироат карда шуданд.

Чорабинии имсола низ хеле хушу хотирмон доир гардид.