Идомаи чорабинии Корвони зиддимуходиротӣ

Гуруҳи кории Корвони зиддимуходиротӣ – 2020, ки аз 30 октябри соли равон дар вилояти Суғд қарор дошт, баъд аз шаҳрҳои Панҷакент, Исфара чорабинии навбатии худро таҳти шиори «Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем», дар шаҳри  Хуҷанд баргузор намуд.

Чорабинии муштарак санаи 4 ноябри соли 2020 дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ доир карда шуд. 

 Ҳадафи он ҷалби ҷавонону наврасон,  табақаи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии онҳо оид ба хатари маводи мухаддир буда, дар ин замина пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди нашъамандиро дар бар мегирифт.

Чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо намояндагии мутахассисони соҳавии мақомоти дахлдор дар давоми 3 рӯз бо гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол, тениси руйи миз баргузор ва даври ҷамбаъстии он санаи 4 ноябри соли равон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати Агентӣ ва РВКД дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбию техникӣ ва олии шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода,  сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, полковник Бозоралӣ Сафарализода ва муовини сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Раҳимҷон Абдувализода баромад намуда, иброз доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ ҷонибдорӣ намуда, тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро дар ин самт роҳандозӣ менамоянд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ҷоиза, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои арзишноки хотиравӣ супорида шуда, бахши фарҳангию фароғатӣ барномаи мазкурро боз ҳам хотирмон гардонид.