Иқдоми роҳбарияти Агентӣ дар арафаи соли нави мелодӣ

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию ғамхорӣ зоҳир намудан ба ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави мелодӣ имрӯз ба Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор” – шаҳри Душанбе кӯмакҳои хайриявӣ дар намуди маводи ғизоӣ, аз қабили орд, гушт, равған, биринҷ, шакар, тухм, маводҳои либосшуйи, картошка, пиёз, дигар сабзавоту меваҷот, инчунин туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.

Дар Муассисаи мазкур 41 нафар ятимону бепарасторон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз бо ташаббуси роҳбарияти Агентӣ дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ярмаркаи фурӯши маводи ғизоии ниёзи аввалия барои ҳайати шахсии Агентӣ ташкил карда шуд.

Дар ярмаркаи мазкур орд, гушт, равған, моҳӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори зарурӣ бо нархҳои арзон ба кормандон пешниҳод карда шуд.

Ташаббус ва иқдомҳои неки хайрхоҳона дар шаҳри Душанбе ва корхонаву идораҳои пойтахт аз дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарчашма гирифта, барои беҳдошти шароити арзанда ва зиндагонии шоистаи сокинони пойтахти кишвар роҳандозӣ шудааст.

Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ