«КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ – 2020» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» , ки давоми як моҳ дар 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда буд 15 ноябри соли равон дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Дар ҳар як чорабинии гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд иштирокдорони он шукрона аз ватану ватандорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъаовар намуда, роҳандозӣ гардидани онро қадаме мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирию  коҳиш додани ин вабои мудҳиши ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Чорабини навбатӣ ва ҷамъбастие, ки дар назди бинои Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” – и шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар рафти он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохила, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон иштирок доштанд. 

Дар ифтитоҳи чорабини муовини раиси шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ бо сухани ифтитоҳи ҷаласаи тантанавиро кушода ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони чорабинии «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» изҳори сипос карда, нашъмандӣ ва зарари онро яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеа арзёбӣ намуд.

Сипас роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба сухан баромада, ҳар яке дар навбати худ, оид ба нақши субъектҳои муборизабаранда дар байни ҷомеа ба ин падидаи номатлуб, таъсири манфию марговарӣ он ба амнияти давлат, генофонди миллат ва фазои солимию оромии ҷомеа изҳори ақида карда, ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирӣ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли он тақозо намуданд.

Баъди суханрониҳо маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футбол, бандкашӣ, шашка ва шоҳмот, баргузор гардида, ба бозингарони беҳтарин, мурабиён ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ҷоиза, сипоснома, ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравии арзишнок супорида шуда, бахши фаҳангию фарғатӣ анҷомбахшӣ барнома гардид.