Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми 2020

 

16 июл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Агентӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар ин давра 80 (с.2019-75)  ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят ё 6,7 фоиз зиёд мебошад. Аз онҳо 53 ҷиноят оиди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣбо мақсади фурӯш, 1 ҷиноят оиди фасодхонаҳо, 5 ҷиноят оиди қочоқи маводи нашъадор ва боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 216 (с.2019-207) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣвобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳодиса ё 4,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин робита 227 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣкашида шуда, аз онҳо 175 ҳазору 420 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд.

Гарчанде дар ин давра дар маҷмӯъ мусодираи маводи нашъаовар аз руи миқдор кам шуда бошад ҳам, мусодираи маводи нашъадори навъи “героин” ва моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар доранд, зиёд карда шуд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 1649 адад ҳабҳо ва 14, 545 кг (5,758 кг -2019) моддаҳои психотропии синтетикӣ дар намуди кристал мусодира гардид, ки 8,8 кг ё 2,5 баробар назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Маҳз дар ҳамин маврид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ фаъолияти 26 (с.2019-31) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 57 нафар, аз ин ҷумла фаъолияти 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 7 нафар ошкор ва қатъ гардонид.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ1 т 185 кг 434 гр (с.2019-1 т 311 кг 822 гр) маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли 2019    126 кг 388 гр ё 9,6 фоиз кам мебошад.

Бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонида, оиди пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии он бо роҳи баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии аҳолї, дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар 79 вохўрию мулоқот, 6 семинари омўзишї, 10 мизи мудаввар ва 3 чорабинии оммавӣ ва варзишии зиддинашъамандиро ташкил ва баргузор намуданд. Тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар бошад, 56 баромадҳо ва 10 мақолаву сюжет дар матбуоти даврӣташкил ва аз натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида дар сомонаи Агентӣ 50 маълумот ҷойгир карда шуд.

Дар доираи ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ бо мақомоти салоҳиятдори СММ ва ИМА ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи пешниҳоднамудаи Агентӣ таҳти унвони “Таъсиси Академияи омӯзишӣ, марҳилаи 2” аз ҷониби ИМА 813 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардидааст, ки он барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Агентӣ ва дигар мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу пайдоиши сирояти нави коронавирус (СОVID-19) дар Агентӣ Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода, чорабиниҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда истодаанд.

Дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Агентӣ аз ҳисоби музди меҳнати худ ҷамъ ба маблағи 50 000 сомонӣ ҳамчун кумак ба суратҳисоби махсус оиди пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 гузарониданд.

 

                   Шӯъбаи Равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ