Таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ

24 ноябри соли ҷорӣ ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди яке аз ҷашнҳои бузург ва азизу муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

          Чорабиниро Директори Агентӣ мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло оғоз намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад, вориди толор карда шуд.

          Зимни суханронии худ, Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода иброз намуданд, ки саҳм ва азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабул ва гиромидошти Парчами давлатӣ, ки ба марҳалаи тозаи таърихи навини давлатдории тоҷикон ибтидо гузоштааст, бемислу беназир мебошад.

          Дар идомаи суханронии худ Директори Агентӣ ҳайати шахсӣ ва дар симои онҳо пайвандону наздиконашонро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод гуфтанд. Қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, дустию бародарӣ, садоқату вафодорӣ, гувоҳ аз давлату давлатдорӣ ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон буда, муаррифгари симои миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барафрохтани он нишон аз зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба ҳаёти арзанда ва рушди соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.

            Дар чорабинии мазкур дигар кормандони Агентӣ дар васфи Ватан, парчам ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон баромад намуда, нақши Парчами давлатиро дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ басо хос ва таҷассумгари музаффарият ва соҳибихтиёрию бардавомии миллат арзёбӣ намуданд.