Вохурӣ бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор дар вилояти Суғд

Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ  ва фаҳмонидани муҳтаво ва талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо санаи 17.04.2020 дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ барои субъектони хоҷагидор, ки дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолият менамоянд, баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур зиёда аз 46 нафар намояндагони субъектони хоҷагидоре, ки бо муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда ва прекурсорҳои дар саноат истифодашаванда машғуланд, иштирок намуданд.

Аз ҷониби кормандони Агентӣ презентатсия дар мавзӯъҳои “Омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” ва “Омӯзиши санадҳои меъёрии-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда” пешкаш карда шуда, ҳамчунин шаклҳои ҳисоботҳои тасдиқшуда, тақсим карда шуд.

Дар хотимаи семинар шахсони масъул ба саволҳои иштирокчиён оид ба таҳияи ҳисобот ва ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ посухҳои мушаххас доданд. 

Доир ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда, бо нинишон додани презентатсия, муовини Директори МД “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ” баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои муфассал дод.