Семинар барои намояндагони субъектҳои хоҷагидор

Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ  ва фаҳмонидани муҳтаво ва талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо санаи 08.04.2020 дар Агентии назорати маводи нашъарвари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои субъектони хоҷагидор, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур зиёда аз 50 нафар роҳбарон ва шахсони масъули ҷамъияту ташкилотҳо, муасиссаҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи тандурустӣ, ки бо муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда ва прекурсорҳои дар саноат истифодашаванда машғуланд, иштирок намуданд.

Аз ҷониби кормандони Агентӣ презентатсия дар мавзӯъҳои “Омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” ва “Омӯзиши санадҳои меъёрии-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда” пешкаш карда шуда, ҳамчунин шаклҳои ҳисоботҳои тасдиқшуда, тақсим карда шуд.

Дар хотимаи семинар шахсони масъул ба саволҳои иштирокчиён оид ба таҳияи ҳисобот ва ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ посухҳои мушаххас доданд.