Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ

 

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳамаи ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуда, қайд карданд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули Конститутсия низоми ҳуқуқӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид ва ҳамаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо инобати тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сохти демократии давлат аз нав таҳия ва қабул гардид, ки ин падида дар маҷмуъ шароити шоистаи зиндагиро барои ҳар сокини кишвар муҳайё намуд.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз ба шумор рафта аз Истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидона дар Тоҷикистон башорат медиҳад.

Бахшида ба ин рӯзи муқаддас кормандони ҷавони Агентӣ савганд ёд намуда, иброз доштанд, ки ба Ватану миллат, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд. Уҳдадор шуданд, ки талаботи Конститутсия ва Қонунҳои  ҷумҳуриро қатъиян риоя ва иҷро менамоянд.  

 Сипас як қатор кормандони фаъол баҳри хизматҳои арзанда дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида  шуданд.