Ҳашари умумии ниҳолшинонӣ

9 январи соли 2021 роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сарсабзу хуррамгардонии пойтахти азизамон ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ва тозаву зебогардонӣ ташкил намуданд.

Бо ин мақсад дар назди бино ва майдончаҳои варзишии ба Агентӣ вобастакардашуда, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Миралӣ 126 ва кӯчаи Фирдавсӣ назди биноҳои 85, 87 ва 89, инчунин дар ноҳияи Сино кӯчаи Хоразмӣ назди биноҳои 1/4, 1/6 ва 1/7 шаҳри Душанбе амалӣ карда шуда, як қатор ниҳоли арча шинонда шуд.

Ҳамчунин, имрӯз кормандони Агентӣ бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро дар маҳалаҳои мазкур ва гирду атрофи биноҳои маъмурии Агентӣ нарм карда, ба тозаву зебо ва ободии гулу ниҳолҳои атрофи он машғул гардиданд.

 

Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ