Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Агентӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

08 январи соли 2021 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021 ҷаласа баргузор гардид.

   Дар корӣ он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва сардорону кормандони сохтори Агентӣ иштирок намуданд.

  Директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар соли 2020 ахборот дод.

   Қайд карда шуд, ки  вазъи  нашъамандӣ  мунтазам таҳти назорат қарор дошта, дар соли равон аз ҷониби Агентӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар таҳрири нав таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №121 аз 27 феврали соли 2020 тасдиқ карда шуд. Дар ин радиф фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳамкориҳои вазорату идораҳо дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва назорати муомилоти қонунии онҳо” аз 27 феврали соли 2020, №15-ф дар таҳрири нав қабул гардид.

    Ҳамзамон, Директори Агентӣ фаъолияти оперативии мақомотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки аз ҷониби Агентӣ соли 2020 144 (с.2019-131) ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардида, нисбат ба соли 2019, 13 ҷиноят ё 9,9 фоиз зиёд мебошад.

  Ҳамчунин, 364 (2019-356) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардидааст, ки нисбат ба соли 2019 8 ҳодиса ё 2,2 фоиз зиёд мебошад. Дар ин робита 390 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 383 ҳазору 119 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шудааст.

    Аз муомилоти ғайриқонунӣ 183 кг (с.2019-291 кг) маводи нашъаовар, 19 кг героин, 95 кг афюн, 40 кг ҳашиш,  15 кг бангдона ва 15 кг моддаҳои психотропию сахттаъсир, дар намуди хока ва  ҳабҳои синтетикӣ (2195 адад) мусодира карда шудааст.

     Дар ин давра, аз ҷониби кормандони Агентӣ 7 (2019-11) нафар шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

     Соли 2020 аз ҷониби Агентӣ бо фикри айбдоркунӣ 105 (2019-113)  парвандаи ҷиноятӣ нисбати 162 (соли 2019-170) нафар ба судҳо ирсол гардида, ба молу мулки онҳо 160 ҳазору 617 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.

     Дар соли сипаришуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 т 425 кг маводи нашъаовар, чунончӣ АНМН 183 кг, ВКД  1 т 117 кг, КДАМ 1 т 97 кг, ХГ 22 кг ва АНДМ ва МК 5 кг мусодира намудаанд, ки нисбати соли 2019 (1 т 638 кг) 48 фоиз ё ин, ки 788 кг зиёд мебошад.

    Инчунин дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин ба сухан баромада, ҷиҳати  пурзӯр намудани мубориза ба ҳамагуна ҳама ҷиноятҳо, ба хусус қочоқи маводи мухаддир, ибрози назар намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа, сардорони раёсату шуъбаҳои Агентӣ оид ба фаъолияти худ дар соли сипаришуда гузориш дода, ҷиҳати пешрафти фаъолият ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ таклифу пешниҳодоти судманд манзур намуданд.

      Дар интиҳо Директори Агентӣ ҷаласаро ҷамъбаст ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентиро дар соли 2021 муайян намуда, таваҷҷуҳи сардорони сохторҳо ва умуман тамоми кормандонро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи ҳатмии қонуният, интизоми хизматӣ, иҷроия ва меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, муносибатҳои оинномавӣ, Кодекси одоби корманди Агентӣ, муоширати дуруст бо шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои дахлдор ҷалб намуд.