Ҷаласаи тантанавӣ дар Агентӣ

21 феврал  соли 2020 дар Агентии  назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни 27 -умин солгарди Рӯзи  таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Ҷаласаро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенанти адлия Шерхон Салимзода оғоз намуда, кормандонро ба ҷашни бузурги миллии табрик намуданд.

Шерхон Салимзода дар баромади худ иброз доштанд, ки  “Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд”. Ҳамчунин қайд намуданд, ки “Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайриимкон мебошад”.

Дар ҷаласаи мазкур кормандони Агентӣ оид ба таърихи таъсис, рушду инкишоф ва нақши артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад ва суханронӣ намуданд.

 

Ҳамчунин кормандоне, ки дар фаъолияти кории худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир Директори Агентӣ ба ҳайати роҳбарикунанда таъкид намуданд, ки кормандони ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки  кормандони Агентӣ дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратию низомӣ дар Паради ҳарбие, ки бахшида ба 27-умин солгарди рузи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, фаъолона иштирок намуданд.