муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайдарзода Муртазо, муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар 03 марти соли 1967 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии  вилояти Суғд ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ мебошад.

У соли  1984 мактаби миёнаи деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва соли 1985 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №62-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Соли 1991 барои донишомӯзӣ ба мактаби махсуси милитсияи ВКД-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия равон карда шудааст, соли 1993 мактаби номбурдаро бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас соли 1997 Мактаби олии ВКД-и Ҷумҳурии Қазоқистонро дар шаҳри Алмаато бо муваффақият  ба итмом расонидааст.

Фаъолияти хизматиашро аз соли 1985 дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси аксбардор шурӯъ намудааст.

Соли 1986 ҳамчун аскбардори рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» дар назди Донишгоҳи Давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд кор карда, 21 апрели соли 1986 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда,  дар вазифаи муовини командири взводи қисми ҳарбии 24785 дар  Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизмат намуда, моҳи майи соли 1988 хизмати ҳарбиро бо музаффарият адо намудааст.

Солҳои 1988 -1989 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №55 шаҳри Душанбе фаъолият намуда, аз 15 майи соли 1989 фаъолияти кориашро дар Шуъбаи корҳои дохилии нақлиётии Раёсати корҳои дохилии нақлиётии Осиёи миёнагии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳодияи Шӯравӣ дар истгоҳи қатораҳои роҳи оҳани шаҳри Қурғонтеппа ва шаҳри Душанбе ҳамчун сержанти калони милитсия оғоз  намудааст.

Соли 1990  барои идомаи кор ба Раёсати корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Қостанаи Ҷумҳурии Қазоқистон равон карда шудааст.

Аз соли  1993 то соли 1995 дар вазифаҳои гуногун дар Раёсати хизматии оперативии Раёсати корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Қостанай фаъолият намудааст.

Соли 1995 барои идомаи кор аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, аз соли 1995 то соли 1996 дар Шуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 1996 то моҳи феврали соли 2000-ум дар зершуъбаи корҳои фаврии ШКДН-и РКДН-и ВКД ҶТ дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 2000  ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат даъват гардида, то моҳи декабри соли 2005 дар вазифаҳои  сарнозир, сардори зершуъба, муовини сардори Шуъба ва сардори Шуъбаи Раёсати хизмати оперативии Агентӣ дар вилояти Суғд  фаъолият кардааст.

Солҳои  2005-2007 ҳамчун сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2008 ба ҳайси афсари калони алоқаи Агентӣ дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият намудааст.

Солҳои  2008-2009 дар вазифаи сардори Раёсати хизмати оперативии Агентӣ фаъолият кардааст.

Аз моҳи январи соли 2010 барои идомаи кор ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ даъват шуда, фаъолияти кориашро дар воҳиди номбурда идома додааст.

Аз 04 августи соли 2013 дар вазифаи сардори Шуъбаи якум – муовини сардори Раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди Генералӣ ва аз 05 марти соли 2014 то 12 июли соли 2014 дар вазифаи муовини сардори Раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 12 июли соли 2014 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2015, №475 ба вазифаи муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин  гардида, то ин ҷониб адои вазифа намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 2  фарзанд.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Ҳайдарзода Муртазо бо рутба ва  мукофотҳои давлатии ва идоравӣ зерин сарфароз гардонида шудааст:

  • медали “Барои шуҷоат” (бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС);
  • медали I «Ҷанговари интернатсионалист» ва “Грамотаи Фахрӣ”-и Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Демократии Афғонистон);
  • медали «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС» (бо Фармони Президуми Шӯрои Олии ИҶШС);
  • медали «Ҷанговари интернатсионалист» ва «Грамотаи Фахрии ИҶШС» (бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС);
  • медали “Воинская Доблесть” (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Демократии  Афғонистон);
  • нишони «Аълочии сарҳадӣ» аз тарафи Раёсати Сарҳадии Кумитаи Амнияти Давлатии Федератсияи Россия;
  • медали “Барои ҳамкориҳо” аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон;
  • медали “Барои таҳкими ҳамкории байналмилалии милитсия” барои саҳми арзанда гузоштан дар густариши ҳамкориҳо (бо фармони Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия);
  • медали ҷашнии “20 лет вывода советских войск из ДРА”;
  • медал “Барои ҳамкориҳо” аз тарафи Директори хадамоти федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи мухадир;
  • медали ҷашни “20 солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъи”;
  • бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018, №1093 бо рутбаи генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин ба зиёда аз 20 медалу ифтихорномаҳо ва мукофотҳои идоравии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гараждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо сарфароз гардонида шудааст.