Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода (2 майи 1911, Қаратоғ, Бекигарии Ҳисор, Аморати Бухоро — 24 сентябри 1977, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967). Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон (2001)

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 – 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар ш. Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб(Боғи Лучоб)-и ш. Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

Ном ба ҳангоми таваллуд: Мирзо
Санаи таваллуд: 2 май 1911
Зодгоҳ: деҳаи Қаратоғ, Бекигарии Ҳисор, Аморати Бухоро
Санаи марг: 24 сентябр 1977 (66 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  СССР
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ
Солҳои эҷод: 1930—1976
Самт: реализми сотсиалистӣ,
Жанр: достон, ғазал, тарона,либретто.
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қаҳрамони Тоҷикистон
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Инқилоби Октябр Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»