Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2013, № 1504

тасдиқ шудааст

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

(Фармони Президенти ҶТ аз 13.06.2016 № 703, аз 19.06.2017 № 892)

Муқаддима

1. Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат ољоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

2. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.

3. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

4. Рўзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

5. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ба шумор меравад.

6. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд.

7. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахўрӣ)” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999, №11 “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул гардида, баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни зикргардида бо назардошти ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

8. Инчунин бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблаљҳои буҷетӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) таъсис дода шуд.

9. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва муайян кардани мансубияти ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008, №374 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007, №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия таљйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

10. Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмуии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид.

11. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти хулосаи таҳқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар кишвар ҳалли худро ёфтанд.

12. Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахшии мубориза бо коррупсия ва ољози саривақтии парвандаҳо ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳо бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор танзими худро ёфтаанд.

13. Ба љайр аз ин қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №374 “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 21 июли соли 2010, №626 “Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ”, аз 21 июли соли 2010, №631 “Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ”, аз 29 декабри соли 2010, №644 “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ”, аз 25 марти соли 2011, №684 “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаљгузории терроризм”, аз 25 марта соли 2011, №687 “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ”, аз 25 марти соли 2011, №702 “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, аз 28 июни соли 2011, №720 “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, аз 28 июни соли 2011, №721 “Дар бораи амният”, аз 28 июни соли 2011, №723 “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 28 июни соли 2011, №749 “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 2 августи соли 2011, №751 “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, аз 16 апрели соли 2012, №828 “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 1 августи соли 2012, №895 “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат”, аз 28 декабри соли 2012, №925 “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” низ аз талаботҳои Стратегияи мазкур бармеоянд.

14. Ҳамзамон, қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №864 “Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №431 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” ҳамчун ҳуҷҷати кўтоҳмўҳлати давлатӣ дар радифи Стратегия, идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ заминаи устувор барпо намуд.

15. Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмўии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, №968 Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ оид ба ҳамоҳангозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис ва ба фаъолият шурўъ карда, ба амалисозии як зумра чорабиниҳои судманд дар сатҳи умумимиллӣ ољоз бахшид.

  16. Мутобиқи  банди  48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 зикр гардида ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи  соли  2013,  №226  тасдиқ  карда  шуда, инчунин  бо  назардошти  ба  итмом расидани мўҳлати татбиқи Стратегияи зикршуда ва зарурати идомаи фаъолият дар  ин  самт  маҷмўи  бар  зидди коррупсия  Стратегияи  муқовимат  ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 таҳия гардид.

17. Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, дар назар аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

18. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некўаҳволии мардум равона карда шудааст.

19. Дар ҷараёни татбиқи талаботҳои Стратегия ҳадафҳои зерин амалӣ мегарданд:

– мусоидати бевосита дар амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд;

– татбиқи давра ба давраи мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;

– таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ;

– ташкил ва таъмини идоракунии самарабахш дар мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ:

– ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– устувор намудани боварии мардум ба давлат, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ:

– баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ.

20. Барои расидан ба ҳадафҳои Стратегия пайгирона вазифаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

– мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ ҷиҳати пешгирӣ, ошкор, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, муносибгардонии шаклҳо, усулҳо, воситаҳои муқовимат ба коррупсия;

– таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия, фароҳам овардани шароит бо мақсади пешгирӣ намудани омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ;

– вусъатдиҳӣ ва фаъолгардонии ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;

– ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– таъмини иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа, аз ҷумла дар мавридҳои зарурӣ татбиқ намудани чораҳои маҷбурсозӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда;

– дуруст ба роҳ мондани идоракунии муомилоти молиявӣ, аҳдҳои тиҷоратӣ, сармоягузориҳо ва ба зери назорати қатъии давлатию ҷамъиятӣ гирифтани ин равандҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид ва имтиёзнок ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид шудани сармояву дороиҳо ва таҷҳизоту технологияҳои муосир аз ҳисоби сарчашмаҳои мухталифи маблаљгузорӣ.

21. Принсипҳои асосии ҷорӣ намудани Стратегия инҳо мебошанд:

– волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун, дебюрократизатсия;

– таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат аз коррупсия;

– аз ҷониби давлат фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати аз байн бурдани ҳама гуна заминаи омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ;

– поктинатӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

– ҳамчун таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монеа ба рушди иқтисодиёти давлат эътироф карда шудани коррупсия;

– озодии сухан;

– ҳамкории (шарикии) давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади “баровардани тиҷорат аз иқтисодиёти пинҳонӣ” дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои љайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

– муттасилият ва воқеият – паст кардани шиддати коррупсия тавассути татбиқи тадбирҳои муттасил ва мунтазам, ки бо назардошти вазъияти воқеӣ аз нав карда мешаванд ва ба ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас равона карда шудаанд;

– таъмини иҷрои чорабиниҳои бар зидди коррупсия равонагардида, ба василаи муқаррар намудани афзалияти воқеӣ ва мўҳлати иҷрои онҳо, самарабахшии онҳо;

– ба роҳ мондани маҳаки баҳогузории ҳолати иҷро ва натиҷаҳои амалишавии Стратегия бо назардошти натиҷаҳо;

– пайдарҳамӣ ва ҳамоҳангсозии кўшишҳо ва мавҷудияти мониторинги мунтазами вазъияти ҷорӣ;

– содда гардонидани тартиби мурофиавии тафтишоти коррупсия ва муқаррар намудани ҷазои ҷаримавӣ ба миқдори мутаносиб (дорошавии љайриқонунӣ) ё зарари молиявӣ ва мусодираи амвол ҳамчун намуди асосии ҷазои ҷиноятӣ;

– ҳамкории шаффоф ва зичи мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар раванди амалисозии Стратегия.

22. Маҷмўи чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда, ба принсип ва меъёрҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷиноятӣ ва пешгўии раванди он, натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, аз он ҷумла, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрванди пешниҳод мешаванд, асос меёбад.

23. Муҳлати амалӣ намудани Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2013-2020 пешбинӣ шудааст.

24. Манбаъҳои маблаљгузории тадбирҳои Стратегия ва чорабиниҳои мушаххаси он аз маблаљҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, захираҳои шарикон – ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳо-донорҳо, инчунин ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иборат мебошад.

Фасли I. Самтҳои асосии Стартегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

§ 1. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ

25. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:

– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тавассути таҳия, такмили мунтазам ва амалӣ намудани барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ дар самти фаъолияти онҳо;

– дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ки шаффофият ва бељаразиро дар мавриди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои идоравӣ, дастрасӣ доштан ба хизматрасонии давлатӣ, инчунин амалисозии ҳамкории байниидоравии электронии мақомоти зикршуда ва ҳамкории онҳо бо шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар доираи низоми ҳукумати электронӣ;

– имплементатсияи (татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар сатҳи дохилидавлатӣ) муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида ва ўҳдадориҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи иштироки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон дар иқдомҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ дар шакли тавсияҳои мониторингӣ ва рейтингӣ додашуда, бо роҳи ҳукуқэҷодкунӣ ва гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– криминализатсияи талаботи ҳатмӣ ва иловагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия бо пешбинӣ намудани паҳлуҳои асосии ин самт ҳамчун тадбирҳои ҳуқуқэҷодкунанда дар Стратегия;

– таҳияи механизми иҷрои пурраи талаботи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз руи низоми пешгирии коррупсия ва такмили минбаъдаи ин низом дар Қонуни зикршуда;

– такмили низоми назорати давлатии молиявӣ ва аудит оид ба хароҷоти мақсадноки маблаљҳои буҷетӣ;

– таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ:

– такмили шароит, расмиёт ва механизмҳои хариди давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи васеъ намудани амалияи гузаронидани музоядаҳои кушод дар шакли электронӣ, инчунин такмили расмиёти дахлдор;

– баланд бардоштани аҳамиятнокии мақомоти маъмурӣ ва соҳавӣ оид ба риояи талаботҳои рафтори хизматии хизматчиёни давлатӣ ва батанзимдарории бархўрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ;

– тавсеаи низоми маърифати ҳуқуқии ҷомеа;

– такмили фаъолияти воҳидҳои хадамоти кадрӣ ва аудити дохилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷорӣ намудани масъулият ва маҳаки нишондиҳандаҳои натиҷаҳои фаъолияти хизматии онҳо оид ба пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

– таҳқиқоти даврии маҷмўии ҳолати коррупсия ва самаранокии тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар миқёси ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо истифодаи усулҳои махсуси тафтишот ва кўмаки техникӣ;

– таҷдиди назар кардани қонунгузории мурофиавии гражданӣ ва иқтисодӣ;

– баланд бардоштани самаранокии иҷрои қарорҳои судӣ;

– таҳияи асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии мониторинги ҳуқуқтатбиқкунӣ бо мақсади таъмини қабули саривақтии санадҳои меъёрии ҳукуқии дахлдор;

– такмили асосҳои ташкилию методии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани натиҷаҳои мусбии баррасии хулосаҳои он дар таносуби фоиз ҳамчун нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда;

– татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, мамониату ўҳдадориҳои муайяншуда дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади пешгирии коррупсия нисбати шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишљол менамоянд, аз ҷумла шахоне, ки мансабҳои баланди давлатиро ишљол менамоянд;

– баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар соҳаи ташкили пешгирӣ ва муборизаи бевосита бар зидди коррупсия;

– такмили низоми баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

– тавсеаи самарабахши иштироки Тоҷикистон дар ҳамкориҳои ҳуқуқии байналмилалии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла коркарди асосҳои ташкилии ташаббусҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ, мубодилаи таҷриба бо давлатҳои дигар дар ҷараёни таълими мутахассисон бо роҳи ташкили таҷрибаомўзии онҳо, таҳқиқоти сабабу оқибатҳои коррупсия дар рафти омодакунии кадрҳо, иштирок дар семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар;

– бартараф намудани ҳама гуна омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионие, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо монеа эҷод мекунанд;

– омузиши амалия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;

– таъмини иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия.

§ 2. Криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

26. Криминализатсия аз нуқтаи назари илмӣ, на танҳо мустаҳкам намудани аломатҳои нави таркиби ҷиноят дар қонун, ҳамчунин баланд бардоштани андозаи санксияҳо дар доираи таркибҳои мавҷудаи ҷиноят, ҳамзамон истифодабарии маҳдудиятҳо дар ниҳодҳои озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо фаҳмида мешавад.

27. Криминализатсия бояд дар ду ҷанба, ҳамчун ҷараён ва натиҷа баррасӣ карда шавад. Ҷараёни криминализатсия ин ошкор намудани шаклҳои ба ҷамъият хавфноки кирдорҳои инсонӣ ва эътирофи имконпазирӣ ва мақсаднокии муборизаи ҷиноятӣ – ҳуқуқӣ бо онҳо мебошад. Натиҷаи криминализатсия ин пайдо шудани меъёрҳои нав дар қонунгузории ҷиноятӣ мебошад.

28. Дар бахши криминализатсияи коррупсионӣ (муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ) таљйир додани муқаррароти дахлдрри Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқсозӣ ё мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад. Чунончи, муқаррар намудани фарқияти аниқи ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани ҳадди ниҳоии арзиши тўҳфа, ки баъди гирифтани он дар ҳаҷми зиёд ҷавобгарии ҷиноятӣ пеш меояд, бояд муайян карда шавад.

29. Дар ин ҷараён криминализатсия ҳамчун такмили қонунгузории ҷиноятӣ бо истифода аз дастовардҳои таҷрибаи бомуваффақи таъқиботи ҷиноятии амалҳои коррупсионӣ ва бо ин васила пешгирии густариши ҷинояткорӣ дар асоси ҷорӣ намудани тарзу усулҳои амалияи пешқадами хориҷӣ, ки дар стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ пешбинӣ гардиданд, муҳим мебошад.

30. Барои Тоҷикистон пеш аз ҳама стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсиониеро, ки дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (FАТF), Созмони ҳамкории иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд, дида баромадан зарур аст.

31. Ба масоили криминализатсияи шаклҳои гуногуни зоҳирёбии коррупсия, порахўрӣ ва ҳар гуна кўшишҳо барои моил кардан ё моилшавии шахсони мансабдори давлатӣ, ки дар низоми навини давлатдорӣ вазъи муайянсозандаи батанзимдарории муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро дар бар мегирад, муқобилияти баъзе гурўҳҳои манфиатдор ба ин ҷараён хос мебошад. Баробари ин, мунтазирии ҷомеа аз истифодаи имкониятҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи рушди воқеии муносибатҳои дурнаморо тақозо менамояд. Бинобар ин сиёсати зиддикоррупсионии давлат оид ба криминализатсия амалисозии чунин чорабиниҳоро дар бар мегирад.

32. Яке аз шаклҳои криминализатсия – дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил додани механизми ба ҷавобгарӣ кашидан ва пешгирикунии амалҳо оид ба харидани (моил намудани) шахсони мансабдор мебошад, ки дар қасди мақсаднок ва љаразнок ифода мегардад.

33. Гурўҳи кории байниидоравӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2013, №АП-2217 таъсис дода шудааст, имплементатсияи муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва тавсияҳои FАТF-ро дар марҳилаи аввали амалишавии Стратегия таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар асоси омузиши таҷрибаи муваффақи хориҷӣ то ољози мониторинги Тоҷикистон оид ба механизми шарҳи рафти амалишавии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия (иқдоми умумиҷаҳонии Конференсияи давлатҳо-аъзои Созмони Милали Муттаҳид) маърўзаи муфассалро омода менамояд.

34. Мувофиқи Ҳисоботи СҲИР оид ба мониторинги Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулӣ, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои дахлдор алалхусус, номувофиқатиҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд ва вобаста ба ин ва мутобиқ ба талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, дар фасли “Криминализатсияи коррупсия”-и Ҳисобот тавсияҳои нав дода шуданд.

35. Барои мувофиқат кардан бо стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ имконпазирии ворид намудани таљйирот ба моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ дар бораи порахўрии фаъол ва љайрифаъол, алалхусус ҷавобгарии ҷиноятӣ барои “талаб ва дархости пора”, “розӣ шудан ба таклифи пора ё қабул намудани таклиф ва ё ваъдаи пора” дар ҳолати порахўрии љайрифаъол ва барои “таклиф” ва “ваъда”-и пора дар ҳолати порахўрии фаъол бояд омўхта шавад. Бояд мафҳумҳои “амвол”, “дороиҳо”, “неъматҳои љайримоддӣ”, “бартариятҳо” ва “имтиёзҳои дигар” муайян карда шуда, “бартарияти љайриқонунӣ” бе маҳдудсозии “фоидаи моддӣ” фаҳмида шаванд. Ҳамчунин миёнаравӣ ва иштироки шахсони сеюм муайян карда шуда, дар ин асос бояд ҷавобгарии ҷиноятӣ барои таъсири номатлуб дар амалӣ гаштани мақсадҳои љаразнок ҷорӣ карда шавад. Ба љайр аз ин, масъалаи муайянсозии андозаи ҳаддӣ ниҳоии тўҳфа, ки баъди гирифтани андозаи зиёдтар аз он шахси мансабдори оммавӣ (давлатӣ) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад,баррасӣ карда шавад.

36. Алалхусус ворид намудани таљйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ришвахўрӣ (порахўрӣ) аз тарафи шахсони мансабдори давлати хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ (ба истиснои дорои масуният) бо роҳи аниқ намудан ва васеъ гардонидани мафҳуми “шахси мансабдор” амалӣ карда мешавад.

37. Бо мақсади муайянсозии механизми зерқонунии муқовимат ба расмикунонии дороиҳи (амвол, воситаҳои молиявӣ ва даромадҳои) бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари бақайдгирандаи гардиши чунин дороиҳо дастурамали танзимкунандаи тартиби пешниҳоди иттилооти дахлдор дар бораи амалиётҳои шубҳанок бо дороиҳо ба андозаи аз ҳадди ақалли бо қонун муайяншуда зиёд, шахсони ба гардиши чунин дороиҳо алоқаманд ва ирсол намудани маводҳои дахлдори таҳлилӣ ва санҷишу тафтишҳои молиявӣ ва аудитӣ бо мақсади назорат аз болои гардиши дороиҳо таҳия карда мешавад.

38. Тартиби мавҷудаи мусодираи дороиҳои бадастовардашуда, ҳангоми содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, мувофиқи мақсад ва кофӣ намебошад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ба тартиби мусодираи ҳамаи воситаҳо ва даромадҳое, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои гуногуни хусусияти коррупсионидошта ба даст оварда шудаанд, сарфи назар аз дараҷаи вазнинии онҳо, инчунин мусодираи амвол ва ё эквиваленти пулии даромадҳои дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст овардашуда, таљйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Яке аз усулҳои самаранок ин пешбинӣ намудани мусодираи амвол ва дороиҳои дигари дар натиҷаи коррупсия бадастовардашуда, ҳамчун ҷазои асосӣ ва ҷарима ба сифати намуди имконпазири ҷазо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳама гуна ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

39. Мукаммалгардонӣ ва таҳкими фаъолияти судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ. Баамалбарории маҷмуии тадбирҳо оид ба таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва судҳо ҳамчун тадбирҳои мушаххас баҳри таҳкими самарабахшии фаъолияти кормандони мақомоти зикршуда ва таъмини амният мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №721 “Дар бораи амният” равона мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъмини суботи сиёсӣ, коҳишёбии афзоиши ҷиноятҳои барои ҷамъият хавфнок ва барқароркунии эътимоди мардум аз муносибати содиқонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ, поктинатӣ дар фаъолияти онҳо, таҳкими интизоми хизматӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ҳар як корманди ин мақомот вобаста мебошад.

40. Амалия нишон медиҳад, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, ки онҳо худ ҳомӣ, кафили қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, кормандоне ҷой гирифтаанд, ки даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мезананд.

41. Дар давоми солҳои 2007-2012 аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 857 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 593 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

42. Чунин нишондиҳандаҳо водор месозанд, ки дар ин самт корҳои зерин ба анҷом расонида шавад:

– таҳлили самаранокии фаъолияти мутахассисон, такмили низоми ҷобаҷогузорӣ, омодагӣ ва бозомўзии кадрҳо;

– таъмини баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддию техникии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии коршоями муосир;

– таъмини устувории институтсионалӣ ҳамчун шарти муқобилият ҷиҳати аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори дигар рафтани кадрҳои омодашуда, ки ташаккул ва қавигардонии кадрҳои асосии қобили амал ва касбиро таъмин менамояд;

– бо дарназардошти ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия додани ваколати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия, инчунин додани амрнома оид ба рафъи вайронкуниҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсҳои ҳуқуқӣ ва манфиатҳои давлат ба ин мақомот лозим аст дар мавридҳои зарурӣ таҳлили хавфҳои коррупсияро ҳамчун василаи босамари пешгирии коррупсия истифода намояд;

– баргузории мунтазами таҳкиқотҳои илмию амалӣ дар масоили муҳими мубориза бо коррупсия ҷиҳати таҳияи тавсияҳои методӣ, ки ба беҳдошти самараи фаъолияти мақомоти бар зидди коррупсия муборизабаранда, роҳандозӣ карда мешаванд.

43. Таҷрибаомўзии кормандони зикршудаи мақомоти бар зидди коррупсия муборизабаранда бояд дар кишварҳое, ки тавонистаанд барномаҳои зиддикоррупсиониро бомувафаққият амалӣ намоянд, ба роҳ монда шавад. Дар баробари оне, ки он омили муҳими ҳавасмандӣ аст, боз ба болоравии сифатии муносибат ба вазифаҳои хизматӣ, азхудкунии амалиявии истилоҳоти касбӣ, истифодаи техникаи компютерӣ ва дигар технологияи муосир мусоидат хоҳад кард. Бинобар он, самти мазкур афзалиятноктарин самти фаъолияти марказҳои такмили ихтисоси кормандон ба ҳисоб рафта, барои манфиатдории самарабахшии фаъолияти онҳо замина мегузорад.

44. Тадбирҳо ҷиҳати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа, таъмини касбият, поктинатӣ ва бељаразӣ, риояи Кодекси одоби судяҳо, ба омўзиш фаро гирифтани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судӣ ба ҳолатҳои бархўрди манфиатҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла коррупсия андешида, чораҳои мушаххаси ташкилию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва механизми амалисозии онҳо, устувор сохтани заминаи моддию техникӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти онҳо тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.

45. Баҳогузории саҳми ҳар як судя дар баланд бардоштани эътибори ҳокимияти судӣ ҳамчун тадбирҳои муҳими Стратегия дар ин самт, ки дар доираи чорабиниҳои даврӣ мувофиқ ба Принсипҳои Бангалории рафтори судяҳо, ки 26 ноябри соли 2002 дар шаҳри Гаага қабул гардидааст, амалӣ мешаванд, дар Барномаи ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинӣ карда мешаванд.

46. Дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани қадру манзалат дар шахсияти худ, эътимоди мардум ва қаноатмандии ҳар як шаҳрванди алоҳида, ки бо умед ба онҳо муроҷиат мекунад, вазифаи муҳим ва бунёди заминаҳои такмилёфтаи ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникӣ, тақвияти масъулияти роҳбарони ин мақомот ва сохторҳои молиявию хоҷагидорӣ оид ба таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ин корҳо меистад. Назорат аз болои самарабахшии амалисозии ин чора ба дўши мақомоти прокуратура ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта мешавад.

47. Аз ҷумла такмили фаъолияти хизматчии давлатӣ, поктинатӣ ва ватандустӣ, ки ҳамчун арзиши олӣ таъмин будани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсонро дар назар доштааст, аз ин лиҳоз муносибати софдилона ба вазифаҳои худ ҳамчун маҳаки асосии нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ муқаррар карда мешавад.

48. Бо шарти риояи бечунучарои ин талабот аз ҷониби давлат ҳама гуна шаклҳои ҳавасмандкунӣ ва имтиёзҳои қонунӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва инчунин вобаста аз сатҳи пешрафти иқтисодӣ ва љанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ки бевосита бо саҳми воқеии ҳар як корманди мақомоти давлатӣ мансуб мебошад, аз ҳисоби болоравии сатҳи музди маоши онҳо таъмин карда мешавад.

49. Аз буҷети давлат ҷиҳати мукаммалгардонии асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ, механизми идоракунӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақаи кормандони онҳо мунтазам маблаљҳои муайян ҷудо карда мешавад. Воҳидҳои молиявию хоҷагидории мақомоту ташкилотҳои давлатӣ вазифадоранд, ки ҳисоби эҳтиёҷоти хароҷоти воҳидҳои сохторӣ ва кормандонро ҳар семоҳа дар асоси натиҷаҳои инвентаризатсия гузаронида, аввали ҳар моҳ хароҷоти маводҳои конселярӣ ва дигар маводҳои барои шароити мусоиди кори рўзмарра зарурро бе дархостҳои хаттии воҳидҳо таъмин намоянд.

50. Баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва дар асоси қарордод бо шартҳои имтиёзнок ҷалб намудани собиқадорони ба синни нафақарасидаи соҳа, ки дорои таҷрибаи љанӣ мебошанд, ба сифати мутахассис-машваратчӣ ва ворид намудани таљйиру иловаҳо ба қонунгузории меҳнат, буҷети давлатӣ ва танзимкунандаи вазъи ҳуқуқии онҳо (аз ҷумла аз ҳисоби ихтисори кадрҳо, сарфаи хароҷот барои таъминоти моддию техникии мақомот, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои шарикӣ таъмин мегарданд) бо таҳлили ҷамъбастии мунтазам ҳамчун тадбири аввалиндараҷаи самарабахшии пешгирии коррупсия пешбинӣ карда мешавад. Яъне тамоми хароҷоти идоравӣ мавриди таҳлили мунтазам дар шакли санҷишҳои маҷмуии нозиротӣ ва аудити дохилӣ, аз ҷумла хадамоти амнияти дохилӣ ва дигар воситаҳо бо муҳокимаи ҳатмии натиҷаҳо дар ҷаласаҳои мушовараи идораҳо гузаронида мешавад ва дар ин асос тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

51. Амалисозии чунин тадбирҳо аз зарурати ҷалби кадрҳои баландихтисоси масъул ва роҳ надодан ба “ихроҷи иқтидори зеҳнӣ”, ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ, беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоию маишии онҳо бо мақсади пешгирии содиршавии (моилшавӣ ба коррупсия (ба ҷинояткорӣ)) бармеояд.

52. Сарчашмаҳои хароҷоти ин тадбир, дар назар аст, ки аз ҳисоби маблаљгузории буҷетӣ бо тартиби махсус барои музди меҳнат, пардохти мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблаљҳои барқароршудаи зарари молиявӣ ба давлат, ки ба суратҳисоби махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи қонунгузории буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман гузаронида мешавад, таъмин шавад.

53. Такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ бо роҳи мукаммалгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи тартиботи дохилӣ ва реҷаи кории фаъолияти судҳо (кормандони дастгоҳҳои судӣ), ҷобаҷогузорӣ ва таъини судяҳо, тартиби тақсимоти парвандаҳои ҷиноятӣ дар байни судяҳо, Кодекси касбии одоби судяҳо ва механизми амалии назоратбарии фаъолият ҷиҳати пешгирии коррупсия ва қонуншиканиҳо дар мақомоти судӣ тадбири муҳими ислоҳоти зиддикоррупсионӣ мегардад.

54. Мақоми ҳамоҳангсоз оид ба муқовимати расмикунонии даромадҳои ҷиноӣ бо мақсади аз байн бурдани омилҳои ба конунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мусоидаткунанда дар дохили кишвар ва берун аз он чораҳои таъсирбахш меандешад.

55. Ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори онҳо дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия (политсия) пешбинӣ намудани чорабиниҳои вобаста ба мукаммалгардонии идоракунии муносиб, омўзиш, дарки хавф ва пешгирии коррупсия, сиёсати зиддикоррупсионии давлат, поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, одоби касбии корманди мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст.

56. Дар ҷараёни фаъолият, малисозии вазифаҳо ва ҳадафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва сохторҳои ҳарбӣ бояд бо ҷалби бештари ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои тарафайн бо онҳо ба роҳ монда шуда, барои таъмини ҳадафу тадбирҳои зиддикоррупсионӣ пайваста чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

§ 3. Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия

57. Пешгирии коррупсия аз маҷмўи чорабиниҳои таъсирнок иборат буда, ҷанбаҳои мухталифро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама дар натиҷаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашидани шахсоне, ки ба коррупсия даст мезананд, таҳлил ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда амалӣ мегардад. Дар асоси таҷрибаи бадастомада, дар давраи татбиқи Стратегия шаклҳои зерини пешгирии коррупсия мавриди истифода қарор дода мешаванд:

– пешгирии коррупсия ҳамчун воситаи самаранок эътироф гардида, хароҷоти камтарро нисбат ба тафтишоти коррупсия талаб мекунад ва дар маҷмўъ масъалаҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ (поктинатӣ ва шаффофият, ҳисоботдиҳии ниҳодҳои давлатӣ дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ), таҳлили хавфҳои коррупсия, аз ҷумла аудити фаъолият ҳамчун худбаҳогузории идоравӣ, санҷишҳои махсуси (интихобии) вазорату идораҳо ҷиҳати аз тарафи онҳо иҷро намудани барномаҳои миллӣ ва идоравию соҳавии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани соҳаҳои бештар ба хавфҳои коррупсия гирифторшуда, сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва андешидани тадбирҳои дахлдори ҳуқуқию амалиро фаро мегирад;

– дар сатҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ин мониторинги ҳолати муқовимат ба коррупсия аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ољоз аз таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаҳое, ки бештар ба хавфҳои коррупсионӣ гирифторшуда ва шарҳи рафти амалишавии стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ, стратегияи миллии зиддикоррупсионӣ ва барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ мебошад;

– дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад, пешгирии коррупсия ин мониторинги ҳолати муқовимат ба коррупсия аз ҷониби шўроҳо ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба муқовимат ба коррупсия мебошад;

– баҳогузории зиддикоррупсионии қоидаҳо ва расмиёти (тартиби) ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳқиқотҳои сотсилогӣ, илмию ҳуқуқӣ ва иқтисодии коррупсия, пешгирии бархўрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, назорати ҷараёни расмикунонии маблаљҳо ва маблаљгузории терроризм, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои интихоботӣ;

– принсипи афзалияти тадбирҳо оид ба пешгирии коррупсия ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои бавуҷдоварандаи омилҳои коррупсионӣ равона шудааст.

58. Роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва усулҳои самараноки пешгирии коррупсия дар кишвар бояд дар асоси омўзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ анҷом дода шавад. Бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бо дарназардошти хусусияти миллӣ мақсадҳои зерин амалӣ карда шаванд:

– мубодилаи иттилоот дар бораи масъалаҳо ва тамоилҳои ба миён омада доир ба масоили марбут ба коррупсия;

– ба созиш расидан дар хусуси муқовимат ба коррупсия, бо доир намудани чорабиниҳои муштараки судманд;

– дар доираи чунин ҳамкорӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои нақшавии муштарак, алалхусус мубодилаи таҷриба, иттилоот, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи таҳлили хавфҳо, истифодаи захираҳо, интишори маводҳои ахборотӣ, методӣ ва илмиву оммавӣ.

59. Таҷрибаи бадастоварда нишон медиҳад, ки чунин ҳамкорӣ босамар ва натиҷанок буда, мувофиқи мақсад аст, ки дар мақомоти давлати масъулияти воҳидҳои алоҳидаи дахлдор барои таъмини фаъолият, таҳияи созишномаҳо (шартномаҳо) дар бораи ҳамкорӣ, ташкили конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, гурўҳҳои кории байниидоравӣ ва сафарҳои хизматии бурунмарзӣ вобаста шуда, ҳамчунин имкониятҳо ба минтақаҳои кишвар барои мутахассисони мақомоти давлатӣ, бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дарёфт ва пешниҳод намоянд.

60. Таҳияи консепсияи таълимдиҳии зиддикоррупсионӣ. Ҳамаи донишкадаю донишгоҳҳо ва курсҳое, ки ба таълими хизматчиёни давлатӣ машљуланд, пеш аз ҳама ба он гурўҳҳое, ки хизматрасонии давлатиро барои аҳолӣ таъмин менамоянд, бояд мафҳуми сарчашмаву омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсиониро дар соҳаҳои ба онҳо дахлдор шарҳ дода, инчунин дарёфти роҳҳои босамари муқовимат кардан ба ин омилҳоро ҳангоми таълим дар малакаи онҳо густариш диҳанд.

61. Муносибати педагогӣ. Бояд дар назар дошт, ки инсон фақат он вақт мавзўъро дуруст дарк кардаву аз худ менамояд, ки агар бевосита дар ҷараёни таълим иштирок намояд. Мустаҳкам шудани иттилооти омўхта тавассути риояи қоидаи истифодаи усулҳои таълим дар кори ҳамарўза имконпазир аст. Барои ҳамин мувофиқи мақсад аст, ки иштирокчиёни курсҳо, семинарҳо ба ҷараёни таълим мустақиман ҷалб карда шаванд.

62. Натиҷа: даъват (ташвиқ) ба амал. Пешгирии коррупсия кўшишҳои бардавомро талаб менамояд. Амалҳои муваққатии номуттасил ба натиҷаи дилхоҳ намеоварад. Ташвиқ ба амал дар он ифода мегардад, ки муносибати мунтаззам ё барнома ва ё ки нақша таҳия карда шавад. Таҷрибаи пешқадами муваффақи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чораҳои зерин истифода мешаванд:

– қабули Кодекси одоби касбӣ (ё дастури зиддикоррупсионӣ барои амал) барои ҳамаи шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ ва ҳокимияти судӣ адои вазифа менамоянд;

– таълимоти бардавом ва ҷорӣ намудани омодагии кадрҳо;

– таҳлили хавфҳои коррупсия дар дохили мақомот ва муассисаҳои давлатӣ;

– муқаррар намудани механизми назорати дохилӣ (аз ҷумла воҳиди дохилии аудити фаъолият ва ҷараёнҳои корӣ);

– муайян намудани эҳтиёҷот дар таълимоти минбаъда;

– омодагӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои муштарак оид ба пешгирии коррупсия байни мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигари мақомоти давлатӣ.

63. Низоми эъломияи расмии даромадҳои хизматчиёни давлатӣ ва ашхоси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатие, ки вазифадоранд эъломияҳоро пешниҳод намоянд ислоҳоти ҷиддиро талаб менамояд, яъне зарур аст, ки механизми санҷиш муқаррар гардида, доираи шахсони эъломия пешниҳодкунанда васеъ гардонида шаванд.

64. Дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва аудит ба сифати мақоми олии аудит Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд ва мустақилият ва ҳисоботдиҳиии он пешбинӣ гардидааст.

65. Низоми хариди давлатӣ дар ҷараёни инкишоф қарор дошта, бояд рушди хариди давлатӣ идома ёфта, ҳамаи заминаҳои бавуҷудоварандаи омилҳои коррупсионӣ дар ин соҳа бартараф карда шуда, механизми мустаҳками идоракуниву назорати зарурии он ташкил карда шавад.

66. Дар самти мубориза бо коррупсияи сиёсӣ, алалхусус бо роҳи таъмини ҳисоботдиҳии молиявии зарурӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, вусъатдиҳии меъёрҳои одоби кормандони мақомоти қонунгузор ва инкишофи заминаи қонунгузорӣ оид ба идоракунии бархўрди манфиатҳо кори зиёд дар пеш истодааст.

67. Бо мақсади пешгирии коррупсия дар шохаи ҳокимияти судии Тоҷикистон зарур аст, ки меъёрҳои мушаххастари интихоб ва аз вазифа озод намудани судяҳо пешбинӣ карда шаванд ва аҳли ҷомеа ба маълумот дар бораи судҳо дастрасӣ дошта бошанд, имкони мавҷудияти тақсимоти тасодуфии парвандаҳо ҷиддан баррасӣ гарданд ва низоми мавҷудаи меъёрҳои одоб, ки рафтори судяҳоро танзим мекунанд, аз нав омухта шуда, мавриди баррасӣ карор дода шавад.

68. Инчунин таҳким бахшидани мубориза бо коррупсия дар бахши хусусӣ зарур мебошад. Бояд иқдоми муштарак байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ таҳия карда шаванд, ҳангоми таҳия ва ба роҳ мондани сиёсати ҳуқуқии давлат соҳибкорон ҷалб карда шаванд, сатҳи шаффофият баланд бардошта шуда, муносибатҳои эътимодбахш байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ муқаррар карда шавад.

69. Аз ин лиҳоз, дар низоми миллии ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия тадбирҳои зерин бояд андешида шаванд:

– таҳия ва кабули лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ;

– бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

– таҳия ва қабули қоидаҳо ва усули (тартиби) гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин арзёбии идоравии лоиҳаҳои онҳо;

– таҳия ва тасдиқи дастурамалҳо барои ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вобаста ба гирифтани мукофотҳо ва тўҳфаҳо бо мақсади аз байн бурдани бархўрди манфиатҳо;

– баланд бардоштани вазъи молиявӣ ва сатҳи воқеии зиндагии кормандони мақомоту идораҳо ва муассисаю дигар ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ тавассути ташкил ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ, афзоиши музди меҳнат ва нафақапулиҳо;

– таъмини шаффофияти ташаккул ва хароҷоти маблаљҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ ва амволи давлатӣ ва ба роҳ мондани назорати давлатии молияви ҷиҳати муайян намудани самаранокӣ ва аз рўи мақсад сарф шудани маблаљҳои буҷетӣ;

– соддагардонии ҷараёни (расмиёти) барасмиятдарорӣ ҳангоми танзими фаъолияти соҳибкорӣ (махсусан истеҳсолӣ), бо роҳи аз байн бурдани монеаҳои зиёдатӣ, нозарур ва ба коррупсия мусоидаткунанда;

– кам намудани номгўи иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, номгўи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои гирифтани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, коҳиш додани бархўрди субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамин ҷараён;

– ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди қабули қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, идоракунии мақомоти давлатӣ, назорат ва мониторинги иҷрои онҳо, тавассути ҷойгир кардани матни чунин лоиҳаҳо дар сомонаҳои мақомоти таҳиякунанда;

– ташкили омузиши васеи масъалаҳои марбут ба коррупсия дар ҳамаи зинаҳои мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, байни аҳолӣ ва бо иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– таъмини дарки хавфи коррупсия, ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи мубориза ба коррупсия ва пешгирии он;

– истифодаи васеи воситаи ахбори омма (радио, телевизион, рўзномаю маҷаллаҳо ва љ.), шабакаи интернет, дар кори тарљибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ, фаҳмондадиҳии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули фазои оштинопазирӣ ба коррупсия дар ҷомеа;

– амалӣ намудани стандартҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия дар кишвар, беҳтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия, иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ;

– баланд бардоштани обрую нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, паст кардани сатҳи коррупсия бо роҳҳои дарки хавфи ҳалокатовари коррупсия дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, пурзўр намудани муқовимат ба коррупсия.

§ 4. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия

70. Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

71. Ин нуқта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 таъкид шудааст: “Дар кори мубориза бо коррупсия љайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.”

72. Тайи давраи сипаришуда як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла ташкилотҳои махсус баҳри муқовимат ба коррупсия ва тарљибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ таъсис додашуда, дар ҳамкорӣ бо мақоми назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори омузиши масъалаҳои марбут ба коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарљиби зиддикоррупсионӣ ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ саҳми босазо доранд.

73. Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуда, дар баробари намояндагони мақомоти давлатӣ дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ намояндагони зиёиён, дин, ассотсиатсияҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро фаро гирифта, салоҳияти пешбурди назорат ва баррасии масъалаҳои амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ, инчунин масъулияти амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, тарљибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва фазои оштинопазир ба онро доро мебошанд.

74. Барои ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи шахсони дар мубориза ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фазои оштанопазирӣ ба коррупсия татбиқи чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

– ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо коррупсия ва пешгирии он;

– таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳи иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули қарорҳои мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, иттилоотонии ҷомеа тариқи воситаҳои ахбори омма бо мақсади амалисозии назорати ҷамъиятӣ аз рўи шаффофияти қарорҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ қабул менамояд:

– ташкил ва гузаронидани барномаҳои омузишӣ вобаста ба мавзўъ, моҳият, мафҳум ва оқибатҳои коррупсия, қонунгузории оид ба муқовимат бо коррупсия ва самтҳои пешгирифтаи давлат оид ба мубориза ва муқовимат ба коррупсия, стандартҳои байналмилалии пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он;

– ташкил ва истифодаи васеи шабакаи Интернет ҷиҳати пурзўр намудани тарљибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ба самъи аҳолӣ расонидани моҳияти сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва мақсадҳои амалигардонии он;

– ворид намудани таљйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иттилоот ва дастрасии он мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва аз байн бурдани монеаҳо ҷиҳати дастрасӣ ба иттиллоот, аз ҷумла таҷдиди назар намудани мафҳуми иттилооти махсус (махфӣ) ва кам намудани доираи маълумотҳое, ки ба ин мафҳум шомил ҳастанд;

– баргузории нишастҳои матбуотии даврӣ бо иштироки доираҳои васеи рузноманигорон ва намояндагони воситаи ахбори оммаи хориҷию ватанӣ бо мақсади ба самъи онҳо расонидани натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи муқовимат ва мубориза бо коррупсия, инчунин фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар соҳаи муқовимат ва мубориза ба коррупсия;

– баррасии таъсиси мақоми мустақил оид ба иттиллоот, дастрасӣ ба он, аризаҳо, шикоятҳо, таклифҳо ва назорату мониторинги он:

– иттилоотонии доимии ҷомеа дар бораи ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур;

– дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, донишкадаю донишгоҳҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеият ба таври доимӣ роҳандозӣ кардани омузиши барномаҳои таълимию тарбиявӣ дар мавзўи “Муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– таҳия, татбиқ ва истифодаи доимии индексҳои сатҳи ба коррупсия гирифтор будани минтақаҳо, соҳаҳо, идораҳо дар воситаи ахбори омма бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;

– ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ бо воситаи ахбори оммаи ватанӣ тариқи бастани созишномаҳо ва таъини шахсони масъул ҷиҳати таъмини мубодилаи иттилоот вобаста ба масоили марбути коррупсия.

Фасли II. Бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

§ 1. Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, механизми таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия, поктинатӣ ва шаффофият, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот

75. Яке аз сабабҳои доман паҳн намудани коррупсия дар байни ҷомеа ва махсусан дар мақомоту идораҳои давлатӣ, ин номукаммалии идоракунии давлатӣ, мавҷудияти расмиёти нолозим ва зиёдатӣ дар он мебошад. Ба љайр аз ин, бархўрдҳои пайвастаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он бо шаҳрвандон боиси пайдоиши омилҳои коррупсионӣ ва ба миён омадани муносибатҳои коррупсионӣ мегардад.

76. Солҳои охир Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои ислоҳотчии ҷаҳон шинохта шуда, рушди иқтисодиёт ҳамчун ҳадафи муҳимтарини барқароркунии давлатдорӣ эътироф шудааст.

77. Дар ин давра идоракунии муносиби иқтисодиёти кишвар дар пайвастагӣ бо ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ба роҳ монда шуда, мубориза бо тасарруфи амволи давлатӣ, “иқтисодиёти пинҳонӣ”. коррупсия, қонунигардонии (расмикунонии) дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаљгузории терроризм, дигар намуд ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнок, аз ҷумла ҷиноятҳои трансмиллии қочоқ ва гардиши љайриқонунии маводи мухаддир, самтҳои афзалиятноки мубориза бо ҷикояткорӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисобида шудаанд.

78. Чунончи, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 қайд шудааст, ки:

“Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Маҳз ба шарофати ин рўйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.

79. Ба шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз соли 2000-ум инҷониб доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста чораҷўӣ намояд.

80. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба иқтисодиёти миллии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаю дурнамоҳои миёнамуҳлату дарозмўҳлат қабул карда мешаванд.

81. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ин қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ мебошад. Консепсияи мазкур маҳз барои идоракунии муносиби давлатӣ, пешгирии бюрократия ва коррупсия равона гардидааст.

82. Ҷиҳати татбиқи талаботи Консепсияи мазкур чорабиниҳои зерини марбут ба пешгирии коррупсия бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тарҳрезӣ ва амалӣ карда шавад:

– ташкили омўзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҷиҳати амалигардонии Консепсияи ҳукумати электронӣ, технологияи нави иттилоотӣ ва идоракунии электронӣ;

– ба таври мушаххас муайян ва мукаммал намудани функсияҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар самтҳои пешгирии коррупсия ва бархўрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, санҷиши эъломияҳои аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ оид ба даромад ва амвол пешниҳодгардида ва инчунин амалисозии мониторинги ислоҳоти миллии зиддикоррупсионӣ.

83. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва муккамал намудани функсияҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти пешгирии коррупсия, мутобиқгардонии заминаҳои фаъолияти он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ (Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия), зарур аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” таљйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

84. Ҳамчунин зарурати ҷорӣ намудани масъулияти зиддикоррупсионии роҳбарони ҳамаи зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ва шахсоне, ки дар муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои дорои саҳми давлатӣ буда фаъолият мекунанд, ба миён омадааст.

85. Ҷиҳати таъмини поктинатӣ ва шаффофият дар хизмати давлатӣ бояд чорабиниҳои зерини пешгирии коррупсия амалӣ карда шаванд:

– мукаммалгардонии механизми назорату риояи талаботҳои Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия;

– ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлатӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбинӣ ва бељаразӣ;

– ба таври мунтазам ҷорӣ намудани низоми омузиши одоби хизматӣ ва пешгирии бархўрди манфиатҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла ташкили курсҳои махсус ҷиҳати омўзиши масъалаҳои мазкур дар байни хизматчиёни давлатӣ;

– таҷдиди назар намудани масуният ва ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

– гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба сабабҳои ба вуҷуд омадани омилҳои коррупсионӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ бо иштироки васеи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба самъи умум расонидани натиҷаҳои таҳқиқот ҷиҳати истифодаи он дар тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;

– ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти давлатӣ вогузор намудани масъулияти омузиш, таҳлил, хулосабарорӣ ва андешидани тадбирҳо дар соҳа ва сохторҳои тобеи онҳо ҷиҳати аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда.

86. Такмили хадамоти аудити дохилӣ. Таҳлили хавфҳо – ин расмиёти яккарата набуда, ҷараёни доимӣ мебошад. Тартиби баамалбарорӣ ва самаранокии тадбирҳо, ки аз таҳлили хавфҳо бармеояд, бояд ба таври доимӣ пайгирӣ карда шавад. Барои ин роҳбарияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо зиёда аз панҷоҳ фоизро ташкил медиҳад, манфиатдор ва ўҳдадор аст, ки механизми дохилии идоравии назоратро дар шакли хадамоти аудити дохилӣ таъсис диҳад.

87. Аудити дохилӣ – ин воситаи идоракунӣ мебошад. Вай амалишавии назорати идоракуниро аз болои сохторҳои ташкилот ба воситаи гузаронидани расмиёти аудиторӣ таъмин менамояд ва ҳамзамон ҷиҳати пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ба роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ тавсияҳо пешниҳод менамояд.

88. Хадамоти аудити дохилӣ таҳлили хавфҳои коррупсияро мегузаронад, тадбирҳои дахлдорро оид ба мубориза бо коррупсия дар дохили мақомоти давлатӣ тарҳрези менамояд, чораҳои бартарафсозии омилу сабабҳои ба ҳолатҳои коррупсиони мусоидаткунандаро пешниҳод менамояд ва амалишавии онҳоро таъмин менамояд.

89. Гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия. Вазифаи доимии хадамоти аудити дохилӣ (воҳиди сохтории ваколатдор оид ба пешгирии коррупсия) санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохтории ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва молиявӣ машљулбудаи мақомот мебошад, ки аз номи роҳбарияти мақомоти (ташкилоти) давлатӣ дар минтақа ва маҳалли дорои хавф ва омилҳои коррупсионии зиёд амалӣ менамояд.

90. Осебпазирии аз андоза зиёд, алалхусус, дар амалисозии муносибатҳо дар ҷомеа, (иштироки милитсия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани тафтишот, гузаронидани санҷишҳо ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон) ва ё дар мавриди қабул ва таҳияи карорҳои идоравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки метавонанд ба таври мусбӣ ва манфӣ нисбат ба шахсони сеюм зоҳир ёбанд (масалан, ҷойгиркунии фармоиши давлатӣ).

91. Таҳлили таҷриба ва муқоисаи андўхта бо амалияи пешқадами давлатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ислоҳоти бошиддати музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар навбати аввал дар соҳаҳое, ки бештар ба хавфҳои коррупсия гирифтор мебошанд. гузаронида мешавад, инчунин беҳтар намудани вазъи таъминоти моддӣ ва технологии онҳо метавонад ҳамчун василаи муҳими пешгирӣ намудани омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ дар хизмати давлатӣ баромад кунад. Аз ин рў, дар ин раванд татбиқи чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

– дарёфти воситаҳои иловагӣ ва имкониятҳои мустаҳкам намудани заминаи таъминоти моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии кормандон, самти асосии фаъолият ва вазифаҳои воҳиди мустақили аудити фаъолият дар назди роҳбарони вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатии таъсисдодашавандаву фаъолияткунанда мансуб дониста шавад;

– маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳои аудити фаъолият, ҳамчун таҳлили анҷомдодаи хавфи коррупсия ба хулосаи далелнок оид ба эҳтимолияти мавҷудияти коррупсия дар ин ва ё он соҳаи фаъолияти идораҳо ба роҳбарони мақомот барои чораандешии дахлдор пешниҳод карда мешавад.

§ 2. Пешгирии коррупсияи сиёсӣ ва нақши мақомоти қонунгузорӣ дар низоми миллии муқовимат ба коррупсия

92. Коррупсияи сиёсӣ дар Тоҷикистон зуҳуроти номатлубест, ки бояд дар доираи муборизаи минбаъда бар зидди он чораҳои таъхирнопазир андешид. Дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст, ки шаффофияти кори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ ва хароҷоти мақсадноки маблаљҳои барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ ҷудошуда таъмин карда шавад, то ин ки фишороварӣ нисбат ба номзадҳо ва ҳизбҳо роҳ дода нашавад. Ҳамзамон, оид ба манбаъҳои даромади ҳар як ҳизб ҳар сол маълумоти расмӣ дар матбуот нашр гардад.

Бо ин мақсад зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад, зеро ки Қонуни мазкур ба маблаљгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳисоби буҷет ва ҳар гуна ташкилотҳое, ки ҳадафҳои сиёсӣ доранд, иҷозат намедиҳад. Аммо дар масъалаи ҳаҷми хайрияҳои хусусӣ маҳдудият вуҷуд надорад. Ашхос ва ташкилотҳое, ки ҳуқуқи маблаљгузории ҳизбҳоро доранд, ўҳдадор нестанд оид ба хайрияҳои худ ахборот диҳанд. Ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, шаҳрвандон, инчунин кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати бо асъори хориҷӣ ба суратҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ сармоягузори намудан иҷозат дода намешавад. Илова бар ин хайрияҳои беном низ манъ карда шудаанд.

93.Маблаљгузории маъракаҳои интихоботиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” танзим менамояд. Барои маблаљгузории маъракаҳои интихобот номзад аз ҳизби сиёсӣ хазинаи (фонди) интихоботи таъсис менамояд. Маъракаҳои интихобот танҳо аз ҳамин хазина маблаљгузорӣ карда мешаванд. Манбаъҳои даромади хазинаҳои интихоботӣ маблаљҳои комиссияи интихоботӣ, маблаљҳои пулии худи номзад ва ё ҳизби сиёсӣ буда метавонанд. Инчунин маблаљҳои хайрия аз ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ манбаи даромад шуда метавонанд. Ба хазинаи (фондҳои) интихоботӣ ворид кардани маблаљҳо ба шакли хайрия аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳое, ки беш аз 30 фоизи саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои динӣ ва хайриявӣ, кишварҳои хориҷӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ, ашхоси ҳуқуқие, ки бо маблаљгузории хориҷӣ кор мекунанд, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва хайрияҳои беном манъ аст.

94. Шаффофият ва назорати маблаљгузорӣ барои ҳизб ва хазинаи (фонди) интихоботӣ. Механизми назорати маблаљгузории ҷории ҳизбҳо вуҷуд надорад. Ҳамзамон, зарур аст, ки ҳисоботи ҳарсолаи ҳизбҳои сиёсӣ дар бораи манбаъҳо ва маблаљҳои даромад ва хароҷоти маблаљгузории ҷории ҳизб дар давоми соли тақвимӣ, инчунин оид ба дороиҳои ҳизб ва андозҳои пардохтшуда таҷдиди назар карда шаванд.

95. Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ бояд дар бораи даромадҳо, хароҷоти маблаљҳои барои интихобот ҷудогардида, оид ба хароҷоти маблаљҳои аз хазинаҳои интихоботи ҷудогардида ва хароҷоти воситаҳои фондҳои интихоботи ҳисобот пешниҳод намоянд.

96. Ҳисоботҳои молиявии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дода шаванд ҳам, вале дар амал ҳисоботи ба воқеият ҷавобгу тартиб дода намешаванд.

97. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ танҳо назорати маблаљгузориҳоро аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ, ҳаҷм ва манбаъҳои маблаљгузории фондҳои интихоботии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва истифодабарии самараноки маблаљҳои пулии ин фондҳоро таъмин менамояд.

98. Бинобар ин назорат аз болои манбаъҳои маблаљҳои пулии худи номзадҳо ва ҳизбҳо ва ё аз болои воситаҳои пулии аз хайрияҳои ба хазинаи интихоботи воридшаванда вуҷуд надорад, низоми маблаљгузорӣ ба ҳисоби ҳизб дар қонунгузори пешбинӣ гардида бошад ҳам, дар амалия дарҷи дурусти онҳо дар санадҳои муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

99. Ҳарчанд қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои одоб ва рафтори вакилонро ҳангоми адои ваколатҳои вакилӣ бо мақсади нигоҳ доштани меъёрҳои баланди маънавӣ ва рафтори бенуқсони фаъолият пешбинӣ карда бошанд ҳам, дар бораи бељаразӣ ва поктинатӣ дар фаъолият ва пешгирии бархўрди манфиатҳо, инчунин дар бораи шаффофият ва зарурати пурзўр гардидани боварии ҷомеа меъёрҳои дахлдор вуҷуд надоранд.

100. Мутобиқи қарори Созмони умумиҷаҳонии парлумонӣ бар зидди коррупсия аз 19 ноябри соли 2008 дар Кодекси одоби намояндагони мақомоти қонунгузорӣ бояд пешгирии бархўрди манфиатҳо, шаффофият, маълумоти ошкоро, масунияти намояндагӣ инъикос ёбанд ва механизми танзими иҷрои он таъмин карда шавад.

101. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ин самтҳо тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

– пешбинӣ намудани пешниҳоди ҳисоботҳои ҳарсола аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва дастрасии ҷомеа ба иттилоот дар бораи маблаљҳои дар давоми сол бадастовардаи ҳизбҳои сиёсӣ;

– аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба мансабҳои сиёсӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмини пешниҳод намудани иттилоот дар бораи даромад ва хароҷоти фондҳои интихоботӣ ва таъмини дастрасии иттилоот ба ҷомеа;

– такмили қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин намудани татбиқи онҳо дар амалия;

– таҳияи заминаи ҳуқуқии ҳалли бархўрди манфиатҳо, механизми амалӣ намудани пешгирии бархўрди манфиатҳо ва ҳалли мухолифатҳои ахлоқӣ аз ҷониби шахсони мансабдори сиёсӣ.

§ 3. Такмили фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ (поктинатӣ дар бахши хусусӣ)

102. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии бахши хусусӣ ва беҳсозии шарту шароити маблаљгузории онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ ҳисобида, сол аз сол дар ин самт чораҳои дахлдорро андешида истодааст. Аммо дар баробари шарту шароитҳои имтиёзноки дар фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам овардашуда, дар ин самт мушкилиҳо боқӣ мондаанд. Яке аз ин мушкилиҳо дахолати беасос ва пайвастаи мақомоти назоратии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти хоҷагидорию молиявии соҳибкорон, аз фаъолият бозмондани баъзе соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷониби соҳибкорон насупоридани андозҳо ва ё рўйпўш намудани даромадҳои аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардашуда мебошанд.

103. Бо дарназардошти ин такмили минбаъдаи талаботи қонунгузории амалкунанда, ки нисбат ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ гузошта шуданд, алалхусус оид ба ҳолатҳои ба дафтарҳои ҳисобдорӣ ворид кардани ўҳдадориҳои пулии дарёфткунандаҳои қалбакӣ, сабти хароҷоти иҷронашуда дар дафтарҳои муҳосиботӣ, истифодабарии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва дигар амалҳои љайриқонунии роҳбарони корхонаҳо ва шахсони дигари масъули ташкил ва пешбурди ҳисоботи муҳосибӣ, инчунин татбиқи чораҳои муосири ҷавобгарӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ аст.

104. Дар ин ҷода чораи махсусе зарур аст, ки тавассути он мустақилият ва бељаразии аудиторон ҳангоми татбиқи вазифаҳои касбӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ таъмин шаванд, аз ҷумла аудиторон набояд бевосита ё бавосита бо объектҳои аудитшаванда муносибати касбӣ дошта бошанд (ба ин ҷо шахсони ба аудиторон робитадошта низ дохил мешаванд, ҳамин қоида ба ташкилотҳои аудиторӣ низ дахл дорад). Вобаста ба ин маърифати зиддикоррупсионӣ дар бахши хусусӣ боло рафта, ҳамкорӣ бо давлат таъмин ва назорати дохилӣ дар марҳилаҳои татбиқи Стратегия амалӣ карда мешавад.

105. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар ҷараёни ташкил ва фаъолияти ҳамарўзаи бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, мушкилоти ҳалнашуда, монеаҳои сунъӣ ва барзиёд дар ҷараёни бақайдгирӣ, иштироки онҳо дар хариди давлатӣ, кор ва хизматрасониҳо, пардохти андозҳо, ташкил ва амалинамоии баҳисобгирии муҳосибӣ, санҷиши фаъолияти иқтисодию молиявии онҳо, назорат ва мониторинг то ҳол вуҷуд доранд.

106. Бинобар ин, бо мақсади ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар ин марҳила зарурати амалисозии чорабиниҳои зайл ба миён омадааст:

– бунёди шароитҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зина ба зина аз “иқтисодиёти пинҳонӣ” берун баромадан, расидан ба шаффофияти ҳадди аксар ва батанзимдарории вазифаҳои назоратии мақомоти ваколатдори давлатӣ равона гаштааст;

– бартараф намудани сабабҳои ихроҷи дороиҳо ва сармоягузориҳо бо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баргардонидани онҳо ба бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ;

– таъминоти ҳуқуқӣ (такмили қонунгузорӣ) ва иқтисодии (аз ҷумла чорабиниҳои ташкилӣ бо роҳи ҷойгир намудани видеокамераҳои назоратӣ) бо мақсади таъмин намудани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии назоратию тафтишотӣ;

– баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ;

– ҳавасманд намудани сармоягузориҳо, аз ҷумла сармояи ватанӣ ба соҳаи истеҳсолии иқтисодиёти кишвар;

– мустаҳкам намудани соҳаи буҷетӣ ва дар ҳама сатҳ таъмин намудани гузариш ба буҷетҳои воқеӣ ва амалишаванда;

– таъмини бартарафсозии марҳилавии камчинӣ дар бозор ва андешидани чораҳо ҷиҳати коҳишёбии беқурбшавии пул то андозаи танзимкунанда;

– бунёди шароит барои кам кардани муомилоти нақдии пулӣ, аз ҷумла тавассути ҳавасмандкунии истифодаи васеи технологияҳои электронии ҳисоббаробаркуниҳо (пардохтҳои љайринақдӣ) дар муносибатҳои молию пулӣ;

– бартараф намудани шароиту механизмҳое, ки ба расмикунонии маблаљҳои љайриқонунӣ бадастовардашуда мусоидат мекунанд, ошкор намудани механизмҳои нақдикунонии љайриқонунии воситаҳои пулӣ;

– баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои амалиётҳои асъорӣ ва воридотию содиротӣ, андешидани чораҳо оид ба таъминоти кафолатдодаи (суљуртакунии) чунин амалиётҳо, тавсеаи заминаи шартномавии байнидавлатӣ оид ба масъалаи мазкур;

– тафтиш ва назорати намунавии омодагӣ ва иҷрои созишномаҳои консессионӣ (барои идоракунӣ супоридани иншоотҳои моликияти давлатӣ) дар бораи истифодаи муваққатии воситаҳои давлатӣ;

– таъмини назорати амортизатсия (камшавии арзиш бинобар фарсудашавӣ) ва соқит намудани воситаҳо ва амволи давлатӣ;

– ҷорӣ намудани назорати маҷмўии бонкӣ аз болои фаъолияти гурўҳҳои саноатию молиявӣ;

– таъмини мавҷудияти иқтисодии баробар ва ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият дар ҳама соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ;

– ҷорӣ намудани низоми мустақили нозироти санҷиши пешакии амалиётҳо вобаста ба ҳамлу нақл ва қарордодҳои воридотию содиротӣ ҳангоми гузаронидани расмиёти гумрукӣ;

– дар якҷоягӣ бо давлатҳои ҳамсарҳад ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ дар бораи борҳои аз сарҳад интиқолшаванда, аз ҷумла транзитӣ;

– танзими ҳуқуқии возеҳи расмиёти қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва расонидани мўҳтавои онҳо ба аҳли ҷомеа;

– муқаррар намудани масъулияти фардии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ барои қабули қарор;

– такмили низоми гузаронидани озмунҳо оид ба ҷоигир намудани фармоишоти давлатӣ ва хариди давлатӣ, тендерҳо ва музоядаҳо доир ба хусусигардонӣ;

– таъмини шаффофияти механизмҳои истифодаи маблаљҳои давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин қарзҳо бо кафолати давлатӣ тавассути ҷойгир намудани иттилооти муфассал дар сомонаҳои мақомоти дахлдори давлатӣ;

– такмили фаъолияти биржавӣ ва бозори қољазҳои қиматнок;

– кам кардани иттиҳодияҳои инҳисорӣ ва ташкили рақобат дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ, тартиб додани феҳристи корхонаҳои қарздор ва муфлисшудаи кишвар;

– дар амалия ҷорӣ намудани интишори ҳисоботҳои ҳарсолаи фаъолияти молиявии ширкатҳои миллӣ ва субъектҳои инҳисори табиӣ дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои Интернет;

– дар амалия ҷорӣ намудани ба таври оммавӣ бекор кардани созишномаҳо ва қарордодҳо, бозхонди иҷозатномаҳо ва санадҳои бақайдгирӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд.

107. Тадбирҳои иловагӣ дар соҳаи сармоягузорӣ инҳо мебошанд:

– таъмини шаффофияти бастани қарордодҳо бо ширкатҳои хориҷӣ ва интишори ахборот дар бораи рафти иҷрои онҳо, ба истиснои маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ;

– мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи механизмҳои пешниҳоди имтиёзҳо барои сармоягузории бевосита;

– таъмини дастрасии васеи субъектҳои бахши хусусӣ ба иттилооти меъёрии ҳуқуқӣ ва маъмурии ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи имконоти технологияҳои иттилоотӣ.

108. Ҷиҳати беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар пеш аз ҳама такмили заминаи қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои аз ҷиҳати илмию амалӣ асоснокшуда, рушд, омузиш ва таҳлили низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии иттиҳодиявӣ (корпоративӣ), таъмини ҳуқуқҳои молумулкӣ ва пешгирии талафу тасарруфи он, бартараф намудани монеаҳои зиёдатии маъмурӣ ба роҳ монда мешаванд.

§ 4. Такмили кодексҳои касбии одоб ва сиёсати кадрии хизмати давлатӣ

109. Маҷмўи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбии онҳоро таҷассум менамояд, дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2010, №932 тасдиқ шудааст, гирд оварда шудаанд.

110. Дар Кодекси мазкур навгониҳои зиёд ба монанди муқаррар ва танзим намудани назорати риояи Кодекси одоб, инчунин тартиби ташаккул ва амали комиссияҳо оид ба одоб, ки бояд назорати риояи Кодексро амалӣ намоянд, таҷассуми худро ёфтаанд. Новобаста аз ин, дар Кодекс масъалаҳои вобаста ба сохтори одоби хизматӣ дарҷ нагардидаанд ва ба ҷанбаҳои амалӣ ва ангезандаи фаъолияти мусбии хизматчиёни давлатӣ эътибор дода нашудааст. Муқаррароти Кодекси мазкур хусусияти абстрактӣ дошта, роҳандозии он ба кори ҳамарўзаи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ алоқамандӣ надорад. Бинобар ин, ҷиҳати такмили муқаррароти Кодекси мазкур зарур аст, ки тадбирҳои зайл амалӣ гарданд:

– пешбинӣ намудани тавзеҳи принсипҳои хизмати давлатӣ, инчунин таърифи амиқи стандартҳои маъмули рафтори хизматчиёни давлатӣ дар Кодекси одоби хизматчии давлатӣ;

– такмил додани механизмҳои назорат оид ба риояи одоби хизматчии давлатӣ;

– таҳия ва ҷорӣ намудани кодексҳои махсуси одоб барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо;

– такмили омузиши таҷрибавӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва роҳбарони ин мақомот тавассути беҳтар намудани низоми таълим оид ба одоби хизматӣ ва танзими бархўрди манфиатҳои хизматчиёни давлатӣ ва дар ин ҷараён ташкил намудани таҳсилоти доимӣ ва даврӣ;

– батартибоварии низоми қабул ба кор, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба хизмати давлатӣ ва мансаби баланди давлатӣ;

– гузаронидани расмиёти мушаххас оид ба қабул ва тайёр намудани кадрҳо барои вазифаҳои пурмасъули хизмати давлатие, ки муттасил ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дучор мешаванд;

– таҳияи барномаи мушаххас оид ба иҷрои босамари вазифаҳои хизматчии давлатӣ.

§ 5. Такмили низоми хариди давлатӣ

111. Хароҷоти хариди давлатӣ тақрибан 10 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳоло низоми хариди давлатӣ дар давраи ташаккулёбӣ қарор дорад, ки он аз як тараф вобаста ба миқдори зиёди мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, аз тарафи дигар вобаста ба маҳдудияти захираи буҷети давлатӣ ташвишовар ба назар мерасад. Ҳамин тавр, зарурати муносибкунии минбаъда ва такмили хариди давлатӣ бо мақсади бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ ва бунёди механизми таъсирбахши идора ва назорати хариди давлатӣ вазифаҳои муҳим дар самти мубориза ва муқовимат ба коррупсия ба шумор меравад.

112. Новобаста аз он ки дар қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ қоида ва тартиби муайян барои ҳамаи ташкилотҳо ва соҳаҳо, љайр аз масъалаҳои мансуб ба мудофиаи миллӣ, ҳифзи амният, сирри давлатӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо ба роҳ монда шудааст, амалия нишон медиҳад, ки як қатор мушкилот дар ин самт мавҷуд аст. Лоиҳаҳои зиёди беруназтавозунӣ, ба монанди бунёди нерўгоҳҳои барқии хурду калон мавҷуданд, ки дар доираи қоида ва тартиби хариди давлатӣ ҷой намегиранд. Дар айни ҳол ин қабил лоиҳаҳо барои давлат ва ҷомеа хеле муҳим буда, сарфи назар намудани онҳо љайриимкон мебошад. Ин амалия метавонад дар ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти хариди давлатӣ мушкилот пеш орад ва ин ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҳама навъи хариди давлатӣ вобаста ба бахшҳо бояд қоидаҳои мушаххас амал намуда, хариди амвол бо дарназардошти талаботи шаффофу ошкоро сурат гирад, мувофиқат намекунад.

113. Аз ин рў, дар ин самт андешидани тадбирҳои зерини таъхирнопазир ба мақсад мувофиқ аст:

– баланд бардоштани шаффофият дар расмиёти хариди давлатӣ, зиёд намудани самарабахшии онҳо ва маҳдудсозии имкониятҳои қабули қарори беасос аз ҷониби хизматчиёни ташкилотҳои харидор зимни амалисозии расмиёти интихоби мол;

– пешбинӣ намудани талабот вобаста ба мавҷудияти дољи судӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳангоми озмунҳои хариди давлатӣ ва ҷараёни хусусигардрнии иншоот;

– ташкил ва пешбурди маҳзани маълумоти ширкатҳое, ки қаблан ба амалҳои коррупсионӣ иртибот доштанд;

– баланд бардоштани сифати низоми интишори иттилоот оид ба тендерҳо барои хариди давлатӣ ва дар сомонаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ мунтазам нашр намудани иттилооти муфассал оид ба харид ва фаъолияти комиссияҳои тендерӣ, бақайдгирии навории ҷараёни гуфтушунидҳо, тендерҳо ва озмунҳо, дар амалия ҷорӣ кардани расмиёти ба қувваи қонунӣ даромадани ҳуҷҷатҳои тендерӣ баъди интишори оммавии онҳо;

– фаҳмонидани меъёрҳои интихоб, усулҳои арзёбӣ ба баҳогузорандагон ва шахсони нархгузоранда ва ба самъи шахсони манфиатдор расонидани муҳтавои қарори комиссия;

– таъмини такмили ихтисоси доимии кормандони мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, намояндагони ташкилотҳо харидорон, бахши хусусӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи хариди давлатӣ, инчунин оид ба масоили риояи меъёрҳои одоб;

– ба роҳ мондани идоракунии муносиби давлатӣ ва шаффофияти фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти хариди давлатӣ, таъмини иштироки баробари субъектҳо дар тендерҳо, музоядаҳо ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда.

§ 6. Такмили низоми назорати давлатии молиявӣ

114. Дар рафти идоракунии маблаљҳои буҷети давлатӣ эҳтимолияти ба миён омадани муносибатҳои коррупсионидошта ҷой дорад. Алалхусус, љайримақсаднок истифода кардан, азонихудкунии маблаљҳо ва дигар шаклҳои кирдорҳои коррупсионӣ метавонанд раванди ноилшавии мақсадҳои гузоштаи давлатро халалдор созад ва ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат таъсири манфӣ расонад. Аз ин рў, идоракунии натиҷабахши маблаљҳои марбута зарурати чорандеши оид ба аз байн бурдани шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ташкили низоми босамари идоракунии давлатии маблаљҳои буҷетиро тақозо дорад.

115. Таҷриба ва маълумотҳои омории ҳарсола нишон медиҳанд, ки новобаста аз таҳия, қабул ва мукаммалгардонии қонунҳо дар самти молияи давлатӣ, дар таҳия ва амалигардонии чорабиниҳои зиёд ҷиҳати ташаккул ва хароҷоти маблаљҳои буҷети давлатӣ дар ҳама сатҳҳо, истифодабарии самараноки маблаљҳою амволи давлатӣ ва хариди давлатӣ ҳоло ҳам қонуншиканиҳо ва камбудиҳои зиёди коррупсионӣ, аз чумла расонидани зарарҳои молиявии зиёд, азонихудкунии маблаљу амволи давлатӣ, саркашӣ намудан аз пардохтҳо ва андозҳои давлатӣ, хусусигардонии љайриқонунӣ ҷой доранд. Чуноне ки мушоҳида мегардад чораҳои андешидашуда дар ин самт кофӣ ва судманд нестанд.

116. Бинобар ин ба мақсад мувофиқ аст, ки тадбирҳои зерин дар ин самт андешида шаванд:

– дар мавриди ташаккули буҷетҳо ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи буҷет ва дар амал татбиқ намудани он зарурати таваҷҷўҳи хоса додан ба масъалаи таъмини шаффофият ва назорати ҷамъиятӣ тавассути ҷалби ҷомеа дар муҳокимаи таҳия ва қабули лоиҳаҳо, ҷараён ва натиҷаи иҷрои он, иҷрои хароҷоти мақсадноки моддаҳои буҷет, табъу нашри лоиҳаҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани иттилооти зарурӣ дар ин бора ба миён омадааст;

– бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ зарурати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ворид намудани таљйиру иловаҳои зарурӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати мукаммалгардонии вазифаҳои назорати молияи давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори аудити дохила ва дигар ниҳодҳои молиявӣ ҷой дорад;

– таъмини такмили вазифаҳои таҳлилию омории мақомоти марбутаи назорати давлатии молиявӣ бо мақсади омузиш ва пешгирии коррупсия ва пешниҳоди хулоса ва пешниҳодоти дахлдор ҷиҳати мукаммалгардонии қонунгузорӣ ва идоракунии муносиби маблаљҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад:

– мукаммалгардонии механизми идоракунии маблаљҳои давлат бо роҳи ворид намудани таљйиру иловаҳо ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои гуногуни маблаљҳои молияи давлат, назорати давлатии молиявӣ ва аудити дохила, муҳосибот, буҷети давлатӣ, харҷу сарфаи сариштакорона ва мақсадноки маблаљҳои буҷетӣ ва амволи давлатиро ба танзим медароранд, анҷом дода шавад.

§ 7. Пешгирии коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ

117. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

118. Чуноне, ки аз таҷриба бармеояд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ барномаҳои таълимӣ вобаста ба масъалаҳои эҳтиром ва волоияти қонун, оштинопазирӣ ба қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва коррупсия, дарки хавфи оқибатҳои манфии ҷиноят ва коррупсия, зарар аз коррупсия ва зарурати мубориза бо он тарҳрезӣ карда намешаванд.

119. Солҳои охир дар муқоиса бо соҳаҳои фаъолияти вазорату идораҳои дигар ва мувофиқи таҳқиқотҳои сотсилогӣ болоравии сатҳи коррупсия дар ин соҳаҳо бештар мушоҳида мегардад.

120. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар соҳаи маориф ҷиноятҳои вобаста ба тасарруфи амволи љайр асосан аз тарафи шахсони масъули ҷавобгарии моддӣ содир карда мешаванд. Ҳолати дигаре, ки имрузҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин сўиистифода ва ришваситонӣ ҳангоми қабули санҷишу имтиҳонҳо, тестикунӣ ва суҳбатҳо аз лаҳзаи қабули довталаб ба муассисаи таълимӣ, ки ба ҳукми анъана ва зуҳуроти номатлуби такроршаванда даромадааст, ба низоми таҳсилот ва обрўю нуфузи он дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

121. Дигар ҳолатҳое, ки ба фароҳам овардани сабабу шароитҳои содиркунии қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла ҷиноятҳо бо сўистифода аз вазъи хизматии худ тавассути тасарруф ё ришваситонӣ аз ҷониби кормандони соҳаи маориф сабаб мешаванд, пеш аз ҳама надонистани талаботи қонунгузории ҷорӣ ва беназоратӣ рух медиҳанд.

122. Ҳамин тавр, натиҷаи санҷишҳои молиявии муассисаҳои таълимӣ собит менамоянд, дар давраи 6 (шаш) соли охир зарарҳои молиявӣ ба маблаљҳои умумӣ зиёда аз 11,7 млн (11,708,839,60) сомонӣ ошкор карда шудааст.

123. Аз маблаљи умумии зарарҳои молиявӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ зиёда аз 2,9 млн (2,96,66,34) сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ зиёда аз 3, млн (3,32,32,56) сомонӣ, маблаљи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо зиёда аз 1,5 млн (1,585,029,54) сомонӣ ва боқӣ дигар намуди зарарҳои молиявиро ташкил медиҳад.

124. Љайр аз ин дар ин давра аз тарафи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия содиршавии 354 ҳодисаи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва марбут ба андоз аз ҷониби кормандони мақомоти маориф ва сохторҳои тобеи он ба қайд гирифта шудааст.

125. Сохтори ҷиноятҳои коррупсионии ошкоргардидаро бештар ҷиноятҳои қаллобии хусусияти коррупсионидошта, азонихудкунӣ, ё исрофкорӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, порахўрӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўй ташкил медиҳанд.

126. Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф соли 2008 – 63 адад, соли 2009 – 67 адад, дар соли 2010 – 82 адад ва дар соли 2011 – 85 адад ба қайд гирифта шудаанд.

127. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки то ҳол дар соҳаи маориф камбудию норасоиҳо дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб сол аз сол афзуда истода, андешидани чораҳои қатъиро дар ин соҳа талаб мекунад.

128. Аз ин рў, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф зарур аст, ки тадбирҳои зерин андешида шаванд:

– гузаронидани имтиҳонҳои қабул дар муассисаҳои таълимӣ тариқи тестӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои коррупсионӣ;

– таҳияи барномаи омўзишӣ ва дастурамалу маводи ташвиқотӣ барои падару модарон ва мактаббачагон оид ба масъалаҳои зиддикоррупсионӣ:

– таъмини мониторинги омилҳои коррупсионӣ, механизми бартараф кардани пардохтҳои љайрирасмӣ ва пурзўр намудани фаъолияти аудити дохилӣ;

– баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддии кормандони соҳа дар доираи имкониятҳои мавҷуда, бо дарназардошти натиҷаҳои интизоми меҳнат ва саҳми онҳо дар таҳкими обрўю нуфузи муассисаи таълимӣ.

129. Саломатии аҳолӣ ҳамчун сарвати бебаҳо омили муҳими рушд ва некўаҳволии кишвар ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол саломатии аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

Дар сохтори тандурустии мамлакат ҷараёни ислоҳоти соҳа, аз он ҷумла таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, такмили системаи идоракунӣ ва маблаљгузорӣ, рушд ва таҳкими расонидани кўмаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фармасевт, авҷ гирифт. Бо ҳамин мақсад модели ислоҳоти соҳа вобаста ба беҳбудии дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ тавассути таҷдиди сохтор ва ҳамгироии системаи фароҳам овардани кўмаки аввалияи тиббӣ, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисаҳои бистарикунонӣ, тақвияти нерўи кадрии тамоми соҳаи тандурустӣ, таҷдиди инфрасохтор, такмил ва беҳбудии таъминот бо доруворӣ, ворид намудани шаклҳои нави маблаљгузорӣ, дар асоси истифодаи дастовардҳои илмӣ, татбиқи усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, барқарорсозии солимии беморон ва маъюбон, ташкили кўмаки паллиативӣ, рушди заминаи иттилоотию идоракунӣ ва дигар тадбирҳоро дар бар мегирад.

Ба инкишофи соҳа афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷўҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалии донорҳо дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад.

Вале дар баробари рушди ин соҳа, таҳлили вазъият дар ҷараёни корӣ ва фаъолияти муассисаҳои табобатӣ нишон медиҳад, ки дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ камбудию норасоиҳои зиёде ҷой доранд, ки барои ба вуҷуд омадани омилҳои коррупсионӣ дар соҳа мусоидат менамоянд.

131. Аз рўи санҷишҳои молиявии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустӣ таи 5 соли охир 137 санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблаљи умумии зиёда аз 7,7 млн (7,753,866,97) сомонӣ ошкор карда шудааст. Аз маблаљи умумии зарарҳои молиявӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ зиёда аз 3,4 млн (3,439,097,56) сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ зиёда аз 1,5 млн (1,551,562,72) сомонӣ, маблаљи кам ҳисобгардида ва руйпўшнамудаи андозҳо- зиёда аз 720,859,78 сомонӣ ва дигар зарарҳои молиявиро ташкил медиҳанд.

132. Масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро Ҳукумати кишвар ҳамчун самти муҳими фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблаљҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ таваҷҷўҳи зиёд медиҳад. Ҳамзамон соҳаи тандурустӣ дар баробари соҳаи маориф ба соҳаҳои дорои хавфи баландтарини коррупсия гирифтор аст, ки аз ин маълумоти нишондодҳои расмии дар боло зикргардида ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ шаҳодат медиҳанд.

133. Ин соҳа мавриди буҷетикунонии барномавӣ қарор гирифта мешавад, яъне қисми дахлдори хароҷоти буҷети давлатӣ барои ҳар сол аз тарафи Вазорати тандурустӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои барномавӣ ва грантӣ, ки қисман аз чониби буҷети давлатӣ ва қисман аз ҳисоби воситаҳои молиявии шартномавии муассисаҳои муолиявӣ ва қисман аз ҳисоби маблаљҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва хазинаҳои молиявии байналмилалӣ тибқи лоиҳаҳое, ки озмуни шаффоф гузаштаанд, маблаљгузорӣ карда мешаванд. Дар ин самт аз тарафи давлат ҳама гуна ташаббусҳо баҳри рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ ва омўзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ҷонибдорӣ карда мешавад.

134. Аз ин рў, ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бо ин васила бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ татбиқи тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

– васеъ намудани салоҳияти воҳидҳои аудити дохилӣ ҷиҳати вусъат додани фаъолияти онҳо ва баҳри таҳлили пурра ва ҳаматарафаи хавфҳои коррупсия;

– ба роҳ мондани низоми самараноки маблаљгузорӣ ва идоракунии лоиҳаҳо, инчунин методологияи суљуртакунии тиббии мақсаднок аз буҷети давлатӣ:

– таҷдиди назар намудани низоми марказонидашудаи хизматрасонии давлатӣ ва додани афзалият ба хизматрасонии љайримарказонидашуда аз рўи таъинот бо нархҳои муқарраргардида.

Фасли III. Ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ

135. Муборизаи босамар бар зидди коррупсия рушди иқтидори миллиро тавассути таҳияи босуръату асосноки меъёрию ташкилии тадбирҳои зиддикоррупсионӣ дар асоси ҳамкории фаъоли байналмилалӣ оид ба мубодилаи таҷриба байни ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ ва коршиносонро талаб мекунад.

136. Аз ин рў, бояд ба имплементатсияи ҳамаи талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки айни замон ҳамчун стандарти комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, инчунин бо дигар санадҳои дахлдори ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аҳамияти махсус дода шавад. Дар ин раванд кўмаки техникӣ ва махсусгардонидашуда, ки тавассути лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ пешбинӣ карда шудааст, бояд ба таври бештар (ҳадди аксар) самаранок истифода карда шавад.

137. Дар тамоми давраи амали Стратегия гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз рўи самтҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

– такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, бо дарназардошти ўҳдадориҳои байналмилалӣ;

– гузаронидани тадқиқотҳои муштараки сотсиологӣ, илмию амалӣ ва экспертизаи зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳукуқӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа;

– омўзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия;

– таҳияи чорабиниҳо ва гузаронидани амалиётҳои муштарак оид ба пешгирии коррупсия, ба монанди корҳои илмию таҳқиқотӣ, семинарҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, мубодилаи иттилооту таҷриба, такмили ихтисос, омўзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияву табъу нашри адабиётҳои илмию оммавии махсус, тавсияҳои методӣ вобаста ба масъалаҳои мубориза ва пешгирии коррупсия;

– бастани созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия.

Фасли IV. Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг ва арзёбии самарабахшии он

138. Натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегия бояд аз беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, сари вақт ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва афзоиши нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза ва коҳиш додани тамоюли афзоиши қонуншиканиҳои коррупсионӣ мебошад.

139. Бо мақсади таъмини иҷрои муваффақонаи Стратегия ташкил ва амалинамоии мониторинги он нақши муҳимро иҷро менамояд. Мониторинги Стратегия – ин маҷмўи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, ахборотӣ ва арзёбии тадбирҳо оид ба татбиқи Стратегия, нақшаи чорабиниҳои он вобаста ба вазъияти воқеӣ ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад.

140. Арзёбӣ аз рўи нишондодҳои зерини татбиқи Стратегия амалӣ карда мешавад:

– фароҳам овардани шарту шароитҳои пешгирии коррупсия:

– сари вақт ва босифат анҷом додани тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;

– таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия;

– ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар миқёси кишвар;

– баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини эҳтиром ва риояи талаботи конунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия:

– таъмини фаъолияти самараноки субъектони муборизабаранда бар зидди коррупсия ва дигар мақомоти идоракунии давлатие, ки дар соҳаи муқовимат бо коррупсия иштирок менамоянд.

 

Фасли V НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

Муфассал : filetj