Тартиб ва шартҳои адои хизмат

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2000,

№ 250 тасдиқ шудааст

 

 

НИЗОМНОМАИ

ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ АДОИ ХИЗМАТ АЗ ҶОНИБИ ҲАЙАТИ ҚАТОРӢ ВА РОҲБАРИКУНАНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Б О Б И   I

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Ҳамин Низомнома тартиб ва шартҳои адои хизматро аз ҷониби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) ва ҷузъу томҳои минтақавии тобеи онро танзим мекунад.
  2. Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ ашхосе мансубанд, ки дар Агентӣ мансабҳои штатиро ишғол намудаанд ва ба онҳо рутбаҳои махсус дода мешавад.
  3. Ба Агентӣ дар асосҳои озмуни ихтиёрӣ ва қарордод шаҳрвандони на хурдтар аз синни 20-сола ва на калонтар аз сини 35 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо кардаанд, ё худ калонтар аз синни 27 сола, ки хизмати ҳақиқии ҳарбиро адо накардаанд, дар қайди ҳарбӣ истодаанд, дар маҳалли истиқомат, хизмат, кор ё таҳсили худро бадном накардаанд, бо дараҷаи маълумот, сифатҳои шахсӣ ва кордонӣ, омодагии ҷисмонӣ ва вазъи саломатии худ қодиранд вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо ба ҷо оранд ва ба талаботи ҳатмии хизмат дар Агентӣ ҷавобгӯ бошанд, қабул карда мешаванд. Мустақим ё ғайримустақим маҳдуд намудани ҳуқуқи ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ё муқаррар намудани ягон навъи имтиёз вобаста ба мансубияти миллӣ, вазъи иҷтимоӣ ва муносибат ба дин манъ аст.

  Тартиби интихоб, омӯзиш ва тибқи қарордод барои хизмат ба Агетӣ қабул кардани номзадҳо ва шартҳои гузаронидани озмун аз ҷониби Директори Агентӣ муайян карда мешавад.

Ашхоси   ҳайати қаторию роҳбарикунанда дар Агентӣ то синну соли ниҳоии зерин хизмат мекунанд:

то подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар- 50 солагӣ;

то полковники хизмати назорати маводи нашъаовар – 55 солагӣ;

то генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар – 60 солагӣ;

Ашхоси   ҳайати қаторӣ ва хурди  роҳбарикунанда, занон дар Агентӣ то синни 45 солагӣ хизмат мекунанд.

Ашхоси   ҳайати миёна, калон ва олии  роҳбарикунанда, ки синнашон аз синни барои хизмат дар Агентӣ муқаррраршуда боло аст, бояд ба эҳтиёт (бо гирифтан ба қайди ҳарбӣ) ё ба истеъфо ҷавоб дода шаванд.

Бо мақсади нигоҳ доштани нерӯи кадрҳои баландихтисос дар ҳолатҳои мустасно баъди аз комиссияи тиббии ҳарбӣ гузаштан минбаъд ба идомаи хизмат муносиб донистани ашхоси ҳайати миёна, калон ва олии  роҳбарикунанда, мӯҳлати  хизмати онҳо метавонад то 5 сол тамдид дода шавад.

  1. Ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар ҳолатҳои зерин ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ ҳисобида мешаванд:

а) иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ дар давоми рӯзи корӣ ва зиёда аз он, агар  чунин реҷаи корӣ бо зарурати хизматӣ муайян карда шуда бошад;

б) иштирок дар таълимгоҳҳо, машқҳо ва дигар чорабиниҳои хизматие, ки мувофиқи нақшаҳои тасдиқнамудаи Директори Агентӣ гузаронида мешаванд;

в) иҷрои фармонҳо ва амрҳое, ки аз ҷониби роҳбарият дода шудаанд;

г) дар ҷараёни вақти хизматии тибқи тартиби рӯз муқаррашуда ва ё агар он аз зарурати хизматӣ бармеояд, ҳозир будан дар ҳудуди маҳалли ҷойгиршавӣ;

д) дар сафари хизматӣ будан;

е) сафар ба маҳалли хизмат;

ж) бидуни огоҳӣ ҳозир набудан то лаҳзаи бедарак ғоиб ё фавтида эълон намудани корманд;

з) расонидани кӯмак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.

Ӯҳдадориҳои хизматии корманд аз рӯи вазифаҳои штатӣ мувофиқи қарордод ва дастурамали хизматии аз ҷониби Директори Агентӣ тасдиқшуда, муайян карда мешавад.

  1. Кормандон дар ҳолати зайл ӯҳдадориҳои хизматиашонро иҷрокунанда эътироф намешаванд:
  • ҳангоми дар рухсатӣ ё истироҳат будан;
  • ҳангоми ихтиёран худро ба ҳолати масти нашъамандӣ, токсикӣ ва алкоголӣ расонидан;
  • худкушӣ кардан ё кӯшиши худкуши намудан, агар ин ҳолат ба ҳолати бемории онҳо алоқаманд набошад ё то дараҷаи ба худкушӣ расонидан сурат нагирифта бошад;
  • анҷом додани кирдори зиддиҳуқуқие, ки мутобиқи қонун барои он ҷавобгарии ҷиноӣ ё маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

 

Б О Б И   II

ҚАРОРДОД ОИД БА АДОИ ХИЗМАТ,

ТАРТИБИ БАСТАНИ ҚАРОРДОД ВА

БЕКОР КАРДАНИ ОН

 

  1. Қарордод оид ба адои хизмат ин санадест, ки байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ барои дар ҷараёни хизмат дар Агентӣ муқаррар намудани муносибати ҳуқуқии байни тарафҳо ба имзо мерасад.

Мӯҳтавои адои хизмат дар Агентӣ муносибати ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои зайлро дар бар мегирад:

  • таъин намудан ба вазифа ва ҷойивазкунӣ дар хизмат;
  • иҷрои вазифаҳое, ки мувофиқи қарордод ва дастурамали вазифаҳо муайян гардидаанд;
  • пардохти музди меҳнат;
  • масъулияти моддии тарафҳои қарордод;
  • кафолатҳои иҷтимоӣ;
  • бекор намудани қарордоди адои хизмат.

Қарордод бояд хусусияти ихтиёран баста шудани он, мӯҳлати амал, ӯҳдадории тарафҳо ва дигар шартҳои хизмат дар Агентиро инъикос намояд.

  1. Қарордод оид ба адои хизмат метавонад аввалин маротиба ё нав баста шавад:

қарордоди аввалин аз ҷониби шаҳрвандоне баста мешавад, ки қаблан дар Агентӣ хизмат накардаанд;

қарордоди нав бо шаҳрвандоне баста мешавад, ки қаблан хизматро дар Агентӣ тибқи қарордод адо намудаанд.

Қарордоди баимзорасида дорои эътибори ҳуқуқӣ буда, метавонад тибқи ҳамин Низомнома бекор карда шавад.

  1. Ҳангоми тибқи тартиби ихтиёрӣ ба хизмат қабул гардидан шаҳрванд яке аз навъҳои қарордоди зайлро ба имзо мерасонад:

а) қарордод оид ба адои хизмат дар ҷузъу томҳои таъиноти махсус;

б) қарордод оид ба адои хизмат дар мансаби мушаххас.

  Қарордод дар мавриди адои хизмат дар ҳолатҳои зайл метавонад аз ҷониби тарафҳои имзонамуда пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад:

  а) ҳангоми аз ҷониби корманд имзо намудани навъи дигари қарордод;

  б) ба дигар вазорат ё идора, ки дар он тибқи Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, ба сафари хизматӣ фиристодани ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда;

  в) имконпазирии ҳамзамон ба маҳалли нави хизмат аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаронидани кормандоне, ки оиладор мебошанд;

  г) ба муассисаи таълимӣ дохил шудани ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда.

  1. Ҳангоми идома додани хизмат қарордоди нав бояд дар ҷараёни ду ҳафтаи то ба охир расидани мӯҳлати қарордоди амалкунанда баста шавад. Ҳамзамон бо бастани қарордоди нав амали қарордоди собиқа қатъ мегардад.
  2. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки нисбат ба онҳо дар хусуси бастани қарордоди нав қарори мусбӣ қабул нашудааст, бояд аз рӯзи хатми мӯҳлати амали қарордод ба эҳтиёт ҷавоб дода шаванд.
  3. Дар парвандаҳои шахсии онҳо сабти дорои мазмуни зайл гузошта мешавад:

Қарордод аз    « ___ » ________  соли 2000 ба мӯҳлати ___  моҳ баста шудааст ё қарордод  «___»_______соли 2000 бо сабаби _______                             ____________________________________________________ қатъ гардидааст.

           (асосҳои қатъ гардидани қарордод сабт карда мешавад.)

  1. Шаҳрвандони бори аввал ба Агентӣ ба хизмат қабулгардида ҳуқуқ доранд барои ба мӯҳлатҳои зерин адо намудани хизмат қарордод банданд:

– ҳангоми қабул ба мансабе, ки онро ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурд ишғол менамоянд- ба мӯҳлати 2 моҳ;

– ҳангоми қабул ба мансабе, ки онро афсарон ва прапоршикҳо  ишғол менамоянд- ба мӯҳлати 3 моҳ;

– кормандоне, ки қаблан хизматро дар сохторҳои соҳибқудрат адо намудаанд ва дар эҳтиёт мебошанд ҳуқуқ доранд оид ба хизмат ба мӯҳлати аз се то дувоздаҳ моҳ қарордод банданд.

  1. Барои радди бастани қарордод оид ба адои хизмат дар Агентӣ инҳо асос шуда метавонанд:

– дар Агентӣ мавҷуд набудани мансабҳои ишғолнашуда;

– қарори комиссияи интихобӣ дар хусуси бастани қарордод оид ба хизмат дар Агентӣ бо дигар шаҳрванд вобаста ба натиҷаҳои интихоби озмунӣ, ки аз ҷониби Директори Агентӣ тасдиқ шудааст;

– номувофиқии шаҳрванд ба талаботе, ки тибқи ҳамин Низомнома нисбат ба шаҳрвандони ба Агентӣ дар асоси қарордод ба хизмат қабулшаванда пешниҳод мегардад;

– доғи судӣ доштани шаҳрванд (сарфи назар аз бардоштани доғи судӣ);

– аз хизмати ҳарбӣ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод кардани шахс барои беобрӯ сохтан ва вайрон кардани интизоми хизматӣ.

Оид ба радди Агентӣ дар мавриди бастани қарордоди адои хизмат дар Агентӣ ба суд шикоят ва арз кардан мумкин аст.

  1. Барои шаҳрвандоне, ки бори аввал тибқи қарордод ба хизмат ба ҷузъу томҳои таъиноти махсус қабул мегарданд, синну соли зайл муқаррар карда мешавад:

– барои шаҳрвандони ҷинси мард – аз 20 то 35 сола;

– барои шаҳрвандони ҷинси зан – аз 20 то 30 сола.

  1. Арзёбии хислатҳои маънавию психологии шаҳрвандоне, ки тибқи қарордод ба хизмат қабул карда мешаванд, инчунин баррасии дараҷаи таҳсилоти умумӣ, омодагии касбӣ ва иҷрои меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ аз ҷониби комиссияи интихобӣ вобаста ба натиҷаҳои муоинаи тиббӣ дар назди Комиссияи тиббии ҳарбии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  2. Тибқи қарордод инҳо дар навбати аввал ба хизмат қабул карда мешаванд:

– ҳуқуқшиносони баландихтисос;

– кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни дорои таҷрибаи кори амалии кофӣ дар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, вазоратҳо ва идораҳое, ки мувафиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо хизмати ҳарбӣ муайян карда шудааст;

– мутахассисон оид ба самтҳои кори тибқи рӯйхати штатии Агентӣ пешбинишуда.

  1. Шаҳрвандон тибқи қарордод ба хизмат қабулгардида, мувофиқи тартиби муқарраршуда барои мутобиқат ба талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ва бақайдгирии фаврию маълумотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида мешавад.
  2. Ба шаҳрвандоне, ки тибқи қарордод ба хизмат қабул карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррар намудаи роҳбарияти Агентӣ парвандаҳои шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда мешаванд.
  3. Шаҳрванде, ки тибқи қарордод барои хизмат ба Агентӣ қабул шудааст, бояд аз муоинаи тибии мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарад. Вобаста ба натиҷаҳои муоинаи тиббӣ дар хусуси ба хизмат дар Агентӣ муносиб будани шаҳрванд қарор қабул карда мешавад.

  Шаҳрванди ба Агентӣ тибқи қарордод ба хизмат қабулшаванда бояд ба талаботи зайли муқарраргардида ҷавобгӯ бошад:

– вобаста ба синну сол;

– дараҷаи таҳсилоти маълумоти умумӣ;

– вазъи саломатӣ;

– дараҷаи омодагии касбӣ;

– хислатҳои маънавию психологӣ;

– иҷрои меъёрҳои омодаги ҷисмонӣ;

– донистани малакаи техникаи компютерӣ;

– донистан забонҳои хориҷӣ.

Талабот ва меъёрҳои зикргардида аз ҷониби Директори Агентӣ муқаррар карда мешаванд.

Муайян намудани мутобиқати шаҳрвандони барои хизмат ба Агентӣ қабулшаванда ва онро тибқи қарордод адокунанда ба талаботи муқарраргардида ба зиммаи комиссия интихобӣ гузошта мешавад.

  1. Мансабҳои ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда аз ҳисоби ашхоси дорои маълумоти олӣ такмил мешаванд.
  2. Мансабҳои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда аз ҳисоби ашхоси дорои маълумоти олӣ ё маълумоти миёнаи махсус такмил мешавад.
  3. Мансабҳои ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда бо ашхосе, ки дорои маълумоти на камтар аз миёна буда, хизмати ҳақиқии ҳарбиро гузаштаанд, инчунин дигар ашхосе, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳисоби заноне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд, такмил мегардад.
  4. Ашхосе, ки ба мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда қабул мешаванд, оид ба ошкор насохтани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва маълумот оид ба кори Агентӣ ӯҳдадориҳои хаттӣ ба имзо мерасонанд.
  5. Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд ва ба мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ таъин мегарданд, тибқи тартиби муқарраргардидаи аз қайди ҳарбӣ бароварда шуда, ба қайди махсуси Агентӣ гузошта мешаванд.

 

 

Б О Б И  III

ХУҚУҚ, ӮҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ

АШХОСИ ҲАЙАТИ ҚАТОРӢ ВА

РОҲБАРИКУНАНДАИ АГЕНТӢ

 

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ ба мисли дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва шахсии тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбиниӣ ва кафолатдодашуда бархурдор буда, ҳамчунин тамоми ӯҳдадориҳои пешбинишудаи Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доранд.
  2. Роҳбарони бевосита вазифадоранд дар мавриди фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои хизмати тобеон ғамхорӣ зоҳир карда, ҷиҳати камолоти хизматӣ ва касбӣ, маишат ва истироҳати онҳо имкониятҳои воқеӣ муҳайё намоянд.
  3. Ба кормандони Агентӣ ҳангоми тағйири ҷои хизмат аз дигар вазорат ё идора рутбаи махсуси мавҷуда (ки тибқи мансаби ишғолнамуда дода мешавад), инчунин нисбат ба онҳо, агар дар созишномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тартиби ҳисоби хизмати дарозмуддат, имтиёзот ва ҷубронҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
  4. Ҳангоми қабул ба хизмат ба Агентӣ ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда савганди зайлро ёд мекунанд:

«Ман (насаб, ном, номи падар), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба хизмат дохил шуда, савганд қабул карда, бо тантана қасам ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бечунучаро ба ҷо меорам ва то охир ба халқи худ,  Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва вазифае, ки ман худро ба он бахшидам, содиқ монда, ӯҳдадориҳои хизматии хешро софдилона ва хизматро намунавор анҷом медиҳам.

Ман қасам ёд мекунам, ки бечунучаро ҳамаи вазифаҳо, талаботи оинномаҳо ва фармонҳои ба зиммаам гузошташударо иҷро кунам. Агар ман ба ин Савганди худ содиқ намонам, бигузор тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ман ҷазо дода шавад».

  1. Кормандони Агентӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида барои кори худ музди меҳнат, дигар пардохтҳои пулӣ ва либоси расмии бепул мегиранд.

Музди меҳнати кормандони Агентӣ аз маоши мансабӣ, пардохт барои рутбаи махсус, изофапулии фоизӣ барои хизмати дарозмуддат, дараҷаи илмӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, ки вобаста ба хусусияти хизмат истифода бурда мешавад, инчунин дигар иловапулиҳои пешбининамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбрикунандаи Агентӣ, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд ва хизматро идома медиҳанд, вобаста ба собиқаи хизматӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Директори Агентӣ ҳар моҳ ба андозаи 25 то 50 фоиз маблағе, ки барои онҳо ба ҳисоб гирифта шуданаш мумкин аст, иловапулӣ муқаррар мегардад.

Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда барои пардохти майдони истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва сӯзишворӣ 50 фоиз тахфиф фароҳам оварда мешавад.

  1. Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбрикунанда инҳо иҷозат дода намешавад: узвият дар ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳо; ташкили корпартоиҳо ва иштирок дар онҳо, ҳамзамон, ҳамкорӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилоти ҳама гуна шакли моликият, ба истиснои фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодӣ.
  2. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбрикунанда, аз ҷумла онҳое, ки вобаста ба синну сол, собиқаи хизматӣ, беморӣ, ихтисори штат, маҳдуд гардидани вазъи саломатӣ аз хизмат озод гардида, вобаста ба хизмат дар Агентӣ ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд. Аз ҳуқуқи таъмини онҳо ва аъзои оилаашон бо хизматрасонии тиббии муассисаҳои тиббӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумхурии Тоҷикистон ва онҳое, ки эҳтиёҷманданд, бо шартҳои имтиёзнок аз ҳуқуқи муолиҷаи санитарию курортӣ дар санаторияҳо ва фароғатгоҳҳои Ҷумхурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Чунин ҳуқуқ барои хизматрасонии тиббӣ нисбат ба аъзои оилаи ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ ва қарзи хизматӣ ҳалок гардидаанд, нигоҳ дошта мешавад.

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки ӯҳдадориҳои хизматии хешро софдилона ба ҷо меорад, аз ҷониби роҳбарият бо мукофотҳо сарфароз шуданашон мумкин аст.

Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки ҳангоми иҷрои қарзи хизмати мардонагӣ ва шуҷоат нишон додаанд, барои нишондиҳандаҳои аъло дар омодагии хизматӣ, роҳбарии намунавори тобеонашон ба гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданашон мумкин аст.

  1. Мӯҳлати хизмати ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда дар Агентӣ ба собиқаи умумӣ ва бетанаффуси меҳнат, инчунин собиқаи меҳнат аз рӯи ихтисос дохил мешавад.
  2. Нисбат ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда давомнокии вақти корӣ мутобиқи қонунҳои ҷории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқарраргардида амал мекунад.

Тартиби дохилӣ дар Агентӣ мутобиқи қонунҳои ҷорӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти хадамоти мухталиф, муқаррар карда мешавад. Дар сурати зарурат ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда вазифадоранд хизматро беш аз вақти муқаррарнамудаи рӯзи кории танзимгардида, инчунин дар рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина ва рӯзҳои ид адо намоянд. Пардохти музди меҳнати кормандон дар чунин ҳолатҳо тибқи қонунҳои ҷорӣ анҷом дода мешавад.

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ки барои кор ба Агентӣ тибқи гузариш аз дигар сохторҳои соҳибқудрат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омадаанд, баъди гузашти мӯҳлати қарордод тибқи мувофиқаи роҳбарони онҳо ба ҷои кори собиқа баргардонда шуданашон мумкин аст.
  2. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбрикунандае, ки ғайриқонунӣ аз хизмат сабукдӯш ё ба мансаби пасттар гузаронида шудаанд, метавонад аз ҷониби Директор ё худ мувофиқи қарори суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба мансабҳои собиқа ё баробар барқарор карда шаванд. Мӯҳлате, ки дар ҷараёни он шахс вобаста ба ғайриқонунӣ озод намудан дар хизмат ҳозир набуд, ба собиқаи хизмати ӯ бо ҳисоби тақвимӣ ва собиқаи хизмат дар рутбаи махсус ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Барои ҳалли вазифаҳои махсуси мубориза зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда метавонанд муваққатан ба минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ барои адои хизмат ҷалб карда шаванд.

 

Б О Б И  IV

ДОДАНИ РУТБАҲОИ МАХСУС ВА

МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОН

 

  1. Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 899 рутбаҳои махсуси зерин, ки ба кормандони Агентӣ дода мешавад, муқаррар шудаанд:

– қатории хизмати назорати маводи нашъаовар;

– сержанти хурди хизмати назорати маводи нашъаовар;

– сержанти калони хизмати назорати маводи нашъаовар;

– старшинаи хизмати назорати маводи нашъаовар;

– лейтенанти хурди хизмати назорати маводи нашъаовар;

– лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар;

– лейтенанти калони хизмати назорати маводи нашъаовар;

– капитани хизмати назорати маводи нашъаовар;

– майори хизмати назорати маводи нашъаовар;

– подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар;

– полковники хизмати назорати маводи нашъаовар;

– генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар.

Рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба ашхосе дода мешавад, ки ба Агентӣ бо дарназардошти мансаби ишғолнамуда, сифатҳои касбӣ ва дигар шартҳои пешбининамудаи ҳамин Низомнома қабул карда шудаанд.

  1. Мӯҳлатҳои зерини хизмат дар рутбаҳои махсуси ҳайати хурди роҳбарикунанда муқаррар карда мешавад:

– дар рутбаи сержанти хурди хизмати назорати маводи нашъовар – 1 сол;

– дар рутбаи сержанти хизмати назорати маводи нашъаовар – 2 сол;

– дар рутбаи сержанти калони хизмати назорати маводи нашъаовар- 3 сол.

Мӯҳлати хизмат дар рутбаи ҳайати қатории назорати маводи нашъаовар, инчунин старшинаҳои хизмати назорати маводи нашъаовар муайян карда намешавад.

  1. Мӯҳлати зерини хизмат дар рутбаҳои махсуси ашхоси ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда муқаррар карда мешавад:

– дар рутбаи лейтенанти хурди хизмати назорати маводи нашъаовар-1 сол;

– дар рутбаи лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар-2 сол;

– дар рутбаи лейтенанти калони хизмати назорати маводи нашъаовар-3 сол;

– дар рутбаи капитани хизмати назорати маводи нашъаовар- 3 сол;

– дар рутбаи  майори хизмати назорати  маводи   нашъаовар – 4 сол;

– дар рутбаи подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар – 5 сол;

-мӯҳлати хизмати дарозмуддат дар рутбаи полковники хизмати назорати маводи нашъаовар муқаррар карда намешавад.

  1. Додани рутбаи навбатии махсус ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ бо гузашти мӯҳлати муқарраршудаи хизмат дар рутбаи пешина анҷом дода мешавад.

Тартиби зайли додани рутбаҳои махсус ба ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ муқаррар карда мешавад:

а) рутбаи генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) рутбаҳои махсус ба ҳайати қаторӣ: хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда аз ҷониби Директори Агентӣ.

  1. Барои иҷрои муваффақонаи супориш инчунин дастовардҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизматӣ ба ҳайати роҳбарикунанда рутбҳои навбатии махсус пеш аз мӯҳлат ё як дараҷа болотар аз рутбаи махсус, ки тибқи мансаби штатии ишғолнамуда пешбинӣ шудааст, ҳамчун як навъи мустаснои мукофотонӣ, вале на бештар аз як маротиба дар давраи адои хизмат, дода шуданаш мумкин аст.
  2. Рутбаҳои махсус дар ҳолатҳои зайл пеш аз мӯҳлат дода мешаванд:

а) барои мардонагӣ ва ҷасорат ҳангоми иҷрои қарзи хизматӣ, сарфи назар аз мӯҳлати хизмат дар рутбаи махсус;

б) барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизматӣ ҳангоми сипарӣ шудани нисфи мӯҳлати муқарраршудаи хизмат дар рутбаи махсус.

  1. Рутбаи махсуси навбатии як зина болотар аз рутбаи махсусе, ки барои ишғоли мансаби штатӣ пешбинӣ шудааст, дар ҳолатҳои зайл дода мешавад:

а) бо гузашти мӯҳлати хизмат дар рутбаи махсус бо ашхоси роҳбарикунандае, ки дараҷаи илмӣ доранд;

б) бо гузашти на камтар аз якуним мӯҳлати хизмат дар  рутбаи махсуси пештара.

  1. Пеш аз мӯҳлат додани рутбаҳои махсус ё як зина болотар аз рутбаи махсуси тибқи мансаби штатии ишғолнамуда пешбинишуда дар як вақт иҷозат дода намешавад.

Мӯҳлати хизмат дар рутбаи махсус аз рӯзи ба имзо расидани фармон оид ба додани ин рутба ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳангоми ғайриқонунӣ ба таъхир андохтани мӯҳлати додани рутбаи навбатии махсус дар фармон санае, ки аз он рӯз рутбаи навбатии махсус дода шудааст, яъне вақти хатми мӯҳлати хизмат дар рутбаи пешина тавзеҳ дода мешавад.

Пешниҳод роҷеъ ба додани рутбаи махсус аз ҷониби сардорони бевосита ба расмият дароварда мешавад.

Тартиб додани рутбаҳои махсус, шакл ва мӯҳтавои пешниҳод барои додани рутбаи махсус ва тартиби ба расмият даровардани он аз ҷониби Директори Агентӣ муқаррар карда мешавад.

  1. Рутбаи нахустини махсуси ҳайати хурди роҳбарикунанда ба ашхосе дода мешавад, ки баъди гузаштани омодагии ибтидоӣ ба мансаби ҳайати хурди роҳбарикунанда таъин гардидаанд.
  2. Рутбаи махсуси лейтенанти хурди хизмати назорати маводи нашъаовар ба ашхоси ҳайати роҳбарикунандаи хурди дорои маълумоти миёнаи махсус, ки ба мансаби ҳайати роҳбарикунандаи миёна таъин гардидаанд, дода мешавад.
  3. Рутбаи махсуси лейтенати хизмати назорати маводи нашъаовар ба инҳо дода мешаванд:

а) ба ашхосе, ки муассисаҳои таълимоти олиро хатм намуда, ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин карда мешаванд;

б) ба лейтенантҳои хурди хизмати назорати маводи нашъаовар бо гузашти мӯҳлати муқарраршудаи хизмат дар рутба ва ба онҳое, ки муассисаҳои таълимоти олиро хатм намудаанд, сарфи назар аз хизмат ва рутба.

  1. Ба шаҳрвандони дар эҳтиёт буда ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидан ба ихтиёри кадри Агентӣ рутбаҳои махсусе дода мешавад, ки чун қоидаи рутбаҳои ҳарбӣ, махсус ва унвонҳои дигари онҳо мувофиқ аст.
  2. Рутбаҳои махсуси навбатӣ ба ашхоси ҳайати роҳбарикунанда тадриҷан, ҳангоми мутобиқати рутбаи нав ба рутбае, ки мутобиқи мансаби ишғолгардида пешбинӣ шудааст, бо гузашти мӯҳлати муқарраршудаи хизмат дар рутбаи пештара ва дар сурати мавҷуд будани аттестатсияи мусбӣ дода мешавад.
  3. Ашхоси ҳайати роҳбарикунандаро сардорони бевосита ба гирифтани рутбаи махсус пешниҳод менамоянд.

Пешниҳод барои додани рутбаи махсуси навбатӣ ба ашхоси ҳайати роҳбарикунанда, ки дар ҷараёни хизмат ва рафтори шахсӣ камбудиҳои ҷиддӣ доштанд, то ислоҳи ин камбудиҳо боздошта мешавад. Қарор дар бораи боздоштани пешниҳод аз ҷониби роҳбари мустақим қабул карда мешавад. Сабабҳое, ки барои қабули чунин қарор асос шудаанд, дар пешиниҳод зикр гардида, ба таваҷҷӯҳи шахси ҳайати роҳбарикунанда расонида мешавад.

  1. Як зина паст кардани рутбаи махсус метавонад мутобиқи қонунҳои ҷорӣ ҳамчун чораи ҷазои интизомӣ анҷом дода шавад.

Ашхосе, ки рутбаҳои махсусашон паст карда шудааст, танҳо баъди як соли паст кардани рутба, дар сурати аттестатсияи мусбӣ бо фармони Директори Агентӣ ба рутбаи пешинаашон барқарор шуданашон мумкин аст.

Мӯҳлати дар рутбаи махсуси паст кардашуда будани ашхоси ҳайати роҳбрикунанда ба мӯҳлати хизмат дар рутбаи барқароргашта дохил намешавад.

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда тибқи ҳукми суд аз рутбаҳои махсусашон маҳрум карда шуданашон мумкин аст.

 

Б О Б И  V

БА МАНСАБ ТАЪИН НАМУДАН ВА БА

ВАЗИФАИ ДИГАР ГУЗАШТАН

 

  1. Мансабҳое, ки бояд ашхоси ҳайати қаторӣ, хурд ва миёнаи роҳбарикунанда ишғол кунанд ва рутбаҳои махсуси ба ин мансабҳо мувофиқ тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи Директори Агентӣ муайян ва дар штатҳо пешбинӣ карда мешаванд.

Номгӯи мансабҳое, ки ашхоси ҳайати олии роҳбарикунанда бояд ишғол намоянд, аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Мансабҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо роҳи бастани қарордодҳои инфиродӣ тибқи озмун, инчунин тавассути таъин ба мансаб, такмил мешавад.

Маҳдуд сохтани синну сол барои шаҳрвандоне, ки қаблан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод карда шудаанд, бо дарназардошти банди 3 ҳамин Низомнома, муайян карда мешавад.

  1. Ба мансабҳои штатӣ таъин намудани ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, ба дигар вазифа гузаронидани онҳо бо пешниҳоди сардорони бевосита аз ҷониби Директори Агентӣ сурат мегирад.

Пешравӣ дар хизмат барои ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда чун қоида дар асоси озмун, вобаста ба сатҳи тахассус, собиқаи хизмат, натиҷаҳои бадастоварда дар бахшҳои корҳои супоридашуда, инчунин хулосаи аттестатсия анҷом дода мешавад.

Мӯҳлати бефосилаи муваққатан иҷро намудани вазифаҳо вобаста ба мансаби холӣ набояд аз 2 моҳ бештар ва вобаста ба мансаби ишғолшуда аз 4 моҳ бештар бошад.

Хешу ақрабои наздик (волидайн, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, волидайн ва фарзандони зану шавҳар), агар вобаста ба вазъи хизматӣ яке аз онҳо таҳти тобеияти бевосита ё таҳти назорати дигаре қарор дошта бошанд, дар як ҷузъу том кор карданашон манъ аст.                     

  1. Рутбаҳои махсуси ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда наметавонад барои таъини ӯ ба вазифае, ки тибқи штат бояд аз ҷониби шахси дорои рутбаи баландтари махсус ишғол гардад, монеъ шавад.

Ашхоси ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки барои пешравӣ дар хизмат  худро лоиқ нишон додаанд, ба эҳтиёти кадрҳои барои пешравӣ тавсияшаванда дохил карада мешаванд.

  1. Ашхоси ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунандае, ки бинобар вазъи саломатии худ ва ё вазъи саломатии аъзои оилаашон мувофиқи хулосаи Комиссияи ҳарбии тиббӣ ба табдил додани ҷойи хизмат эҳтиёҷ доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Директори Агентӣ барои хизмат ба маҳалли дигар гузаронида мешаванд.
  2. Аз мансабҳои олӣ ба мансабҳои пасттар гузаронидани ҳайати роҳбарикунанда дар ҳолатҳои зайл анҷом дода мешавад:

а) ҳангоми ихтисори штатҳо;

б) бинобар вазъи саломатӣ, тибқи хулосаи Комиссияи ҳарбии тиббӣ;

в) тибқи тартиби аттестатсионӣ;

г) тибқи тартиби ҷазои интизомӣ.

Ашхоси ҳайати роҳбарикунанда, ки ба мансабҳои пасттар гузаронида шудаанд, минбаъд бо тариқи аттестатсионӣ метавонанд дар хизмат пеш раванд.

Дар фармонҳо оиди ҳайати шахсӣ дар мавриди аз мансабҳои олӣ ба мансабҳои пасттар гузаронидани ҳайати роҳбарикунанда сабабҳои гузаронидан зикр карда мешавад.

  1. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штатӣ ашхоси ҳайати роҳбарикунанда метавонанд ба мӯҳлати на бештар аз 15 рӯз ба ихтиёри Агентӣ гузаронида шаванд.
  2. Дар ҳолати мустасно, ки вобаста ба вазъи махсус ба миён омадаанд, ба мӯҳлати беш аз 15 рӯз, вале на бештар аз ду моҳ ба ихтиёри Агентӣ гузаронидан бо иҷозати Директории Агентӣ сурат мегирад. Ба мӯҳлати дар ихтиёри Агентӣ давраҳое, ки тибқи ҳамин Низомнома дар рухсатиҳо (ба истиснои рухсатии вобаста ба нигоҳубини атфол), муолиҷа (ташхис) дар муассисаҳои табобатӣ гузаронда шудааст, инчунин вақти маризӣ дохил карда намешавад.

 

Б О Б И  VI

АТТЕСТАТСИЯ

 

  1. Арзёбии хислатҳои кордонӣ ва шахсии ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба таври аттестатсия бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо бо мансаби ишғолкарда, имконияти пешравӣ дар хизмат, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба адои хизмат дар Агентӣ гузаронида мешавад.
  2. Аттестатсияи ашхоси ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда ҳар даъфа бо гузашти чор сол ва ашхоси ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда ҳар даъфа бо гузашти се соли хизмат дар Агентӣ гузаронида мешавад.
  3. Тартиби гузаронидан, таҳия ва тасдиқи аттестатсияи ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, инчунин татбиқи хулосаҳои аттестатсияро Директори Агентӣ муайян менамояд.

 

Б О Б И  VII

МУРАХХАСӢ

 

  1. Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда мураххасиҳои пардохтшаванда дода мешавад:

а) ҳарсолаи асосӣ;

б) кӯтоҳмуддат;

в) иловагӣ.

Ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда мувофиқи қонунҳо мураххасиҳои иҷтимоӣ ва таълимӣ дода мешавад.

Ҳангоми ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда додани  мураххасии навбатӣ, кӯтоҳмуддат ба мӯҳлатҳои муқарраршудаи  мураххасӣ мӯҳлате, ки барои рафту омад ба ҷои гузаронидани мураххасӣ зарур аст, вале на бештар аз се рӯз илова карда мешавад.

  1. Мураххасии навбатӣ ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ бо давомнокии 30 рӯзи тақвимӣ, бидуни дарназардошти вақти рафту омад ба ҷои истироҳат, бо пардохти арзиши рафтуомад дар ҳудуди Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ мураххасии ҳарсолаи пардохтшавандаи иловагӣ бо мӯҳлатҳои зайл дода мешавад:

– ҳангоми собиқаи хизматии аз 5 то 10 сол – 3 рӯзи тақвимӣ;

аз 10 то 15 сол – 5 рӯзи тақвимӣ;

аз 15 то 20 сол – 10 рӯзи тақвимӣ.

Барои кормандони Агентӣ ҳангоми кор дар шароити махсуси иқлимию табиӣ мутобиқи қонунҳои меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон мураххасии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда фароҳам оварда мешавад.

  1. Бозхонди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мураххасии навбатӣ чун қоида иҷозат дода намешавад. Дар ҳолатҳои ниҳоят зарурии хизматӣ бо иҷозати хаттии сардоре, ки Директори Агентӣ ба чунин ҳуқуқро додааст, бозхости корманд имконпазир мебошад.

Ҳангоми  бозхости мураххасии навбатӣ чун қоида қисми истифоданашудаи он дар соли равон дода мешавад. Агар қисми истифоданашудаи  мураххасӣ даҳ шабонарӯз ё бештар аз он бошад ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда санадҳои рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ дода шуда, илова ба мураххасӣ барои  роҳ  вақт  ҷудо карда мешавад. Бо хоҳиши ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда қисми истифоданашудаи  мураххасӣ метавонад ба мураххасии навбатии соли оянда ҳамроҳ карда шавад.

Дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоме, ки дар соли равон додани мураххасӣ агар ба ҷараёни мӯътадили хизмати ҷузъу том таъсири манфӣ расонад, иҷозат дода мешавад, ки бо мувофиқаи корманд  мураххасӣ ба соли оянда гузаронида шавад.

Агар корманд  мураххасиро дар  соли равон истифода набурда бошад, санадҳои рафтуомад ба маҳалли гузаронидани мураххасӣ ба яке аз аъзои оилаи ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ супорида мешавад.

  1. Мураххасиҳои кӯтоҳмуддат ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ барои ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири иҷтимою маишӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ, ба ҷо овардани муносибатҳои хешу ақрабоӣ, инчунин вобаста ба дигар сабабҳои узрнок дода мешавад. Давомнокии мураххасиҳои кӯтоҳмуддат аз ҷониби Директори Агентӣ ва сардорони идораҳои минтақавии Агентӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯз муайян карда мешавад. Мураххасии кӯтоҳмуддат ба мӯҳлати мураххасии навбатӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

 

Б О Б И  VIII

ОЗОД НАМУДАН АЗ ХИЗМАТ

 

  1. Аз хизмат озод намудани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда чунин сурат мегирад:

а) ба эҳтиёт (бо гирифтани ба қайди ҳарбӣ агар аз хизмат озодшавандагон ба синну соли ниҳоии муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ барои дар эҳтиёт будани шахсоне, ки рутбаҳои дахлдори ҳарбӣ дошта, вобаста ба вазъи саломатиашон ба хизмати ҳарбӣ муносибанд, нарасида бошанд);

б) ба истеъфо (бо баровардани аз қайди ҳарбӣ агар аз хизмат озодшавандагон ба синну соли ниҳоии муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ» барои дар эҳтиёт будани ашхосе, ки рутбаҳои дахлдори ҳарбӣ доранд, расида бошанд ё аз тарафи Комиссияҳои ҳарбии тиббӣ барои хизмати ҳарбӣ номуносиб дониста шудаанд).

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо сабабҳои зерин (бо гирифтани ба қайди ҳарбӣ) аз хизмат ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд:

а) бинобар синну сол – онҳое, ки ба синну соли барояшон муқаррарнамудаи банди 3 ҳамин Низомнома расидаанд;

б) бинобар беморӣ – дар асоси қарори Комиссияи ҳарбии тиббӣ дар бораи номувофиқӣ ба хизмати ҳарбӣ дар замони осоишта (дар давраи ҷанг – мувофиқати маҳдуди дараҷаи ду);

в) бинобар вазъи маҳдуди саломатӣ  – дар асоси қарори Комиссияи ҳарбии тиббӣ дар бораи мувофиқати маҳдуд ба хизмат, бо сабаби бад будани саломатӣ қодир набудан ба иҷрои ӯҳдадориҳои вобаста ба мансаби ишғолкарда ва набудани имконияти пешравии хизматӣ дар мансабе, ки ӯ бинобар вазъи саломатӣ иҷро карда метавонад;

г) бинобар ихтисори штатҳо – дар сурати имконнопазирии истифода дар хизмат бо сабаби ихтисори штатҳо ё чораҳои ташкилӣ;

д) бинобар номувофиқии хизматӣ тибқи тартиби аттестатсионӣ;

е) бинобар илтимоси шахсӣ;

ж) бинобар ба дигар вазорату идораҳо (ташкилот) тибқи тартиби муқарраргардидаи гузариш ба кор;

з) бинобар адои мӯҳлати хизмате, ки дар қарордод пешбинӣ гардидааст;

и) бинобар собиқаи хизмат – онҳое, ки собиқаи хизматии 20 сола ва беш аз онро дошта, вале ба синну соли муқаррарнамудаи банди 3 ҳамин Низомнома нарасидаанд (танҳо бо ташаббуси ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда);

к) барои вайрон кардани интизом;

л) вобаста ба вайрон кардани шартҳои қарордод.

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда бо сабабҳои зерин бо баровардан аз қайди ҳарбӣ аз хизмат ба истеъфо рухсат дода мешаванд:

а) бинобар синну сол – онҳое, ки ба синну соли ниҳоии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ» барои дар эҳтиёт будани ашхоси дорои рутбаҳои махсуси дахлдори ҳарбӣ расидаанд;

б) бинобар беморӣ – дар асоси қарори Комиссияҳои ҳарбии тиббӣ дар бораи номувофиқӣ ба хизмати ҳарбӣ бо баровардан аз қайди ҳарбӣ.

  1. Ҳангоми тибқи асосҳои пешбининамудаи зербандҳои «д», «к», «л», банди 69 ҳамин Низомнома ва банди 72 ҳамин Низомнома аз хизмат озод кардани ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда арзиши сару либос ва амволи ба ӯ додашуда, бо дарназардошти фарсудашавии онҳо, бояд ситонида шавад.
  2. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда барои содир намудани ҷиноят маҳкумшуда баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд аз хизмат озод карда мешаванд.
  3. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда аз тарафи сардорони дахлдор дар бораи аз вазифа озодшавии дарпешистода , ба истиснои аз вазифа озодшавии дар бандҳои 71, 72 ҳамин Низомнома пешбинигардида, мувофиқи мӯҳлатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандае, ки бо хоҳиши шахсӣ аз вазифа озод мешаванд, дар бораи қарори қабулкардаашон сардори бевоситаро на дертар аз 2 ҳафта қабл аз рӯзи азхизматравии банақшагирифтаашон хабардор мекунанд.
  4. Аз хизмат озодкунии ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда аз ҷониби Директори Агентӣ сурат мегирад.
  5. Ба ашхоси ҳайати миёна, калон ва олии роҳбрикунандае, ки дар Агентӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои соҳибқудрат 20 сол ва бештар аз он содиқона хизмат кардаанд (ба ҳисоби имтиёзнок), ҳангоми ба эҳтиёт ё истеъфо рухсат шудан бо фармони Директори Агентӣ ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмии муқарраргардида дода шуданаш мумкин аст.

Ашхосе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд ё кирдор ё амалеро анҷом додаанд, ки рутбаи корманди Агентиро бадном месозад, аз ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмии муқарраргардида маҳрум карда мешаванд.

  1. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда аз ҳисоби ӯҳдадорони ҳарбӣ пас аз ҷавоб шудан аз хизмат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ ба қайди ҳарбӣ гузошта мешаванд.
  2. Тартиби адои хизмат аз тарафи ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентӣ дар давраи ҷанг тибқи қонунгузории ҷорӣ муқаррар карда мешавад.
  3. Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи фавтида, ҳалокгардида, бедарак ғоиб эътирофшуда, инчунин ашхоси тибқи тартиби муқарраргардида аз рутбаҳои махсус маҳрумгашта аз рӯйхати ҳайати шахсии Агентӣ хориҷ карда мешаванд.