ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7, мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516)

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 37, аз 29.04.2006 № 179, аз 30.07.2007 № 297, аз 22.07.2013 № 988, аз 20.06.2019 № 1617)

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳоли, амнияти давлати ва ҷамъияти, амали намудани сиёсати давлати ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикоманди ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъаманди ва токсикоманди мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

 муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор бо мақсадҳои илмӣ, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот, ки дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва нобуд кардан, ки бе иҷозатнома ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 297);

 муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фаъолияти вобаста ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, фиристонидан, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи (минбаъд Квотаи давлати) – миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи, ки бо назардошти шартномаҳои байналмилали, ба мақсади муомилоти қонуни аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;

Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо (минбаъд Рӯйхати милли) – номгӯиҳои муназзами воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор доранд;

воситаҳои нашъадор – маводи сунъи ё табии, шаклҳои дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар Конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати милли айнан гурӯҳбанд шудаанд;

моддаҳои психотропи – маводи сунъи ё табии, шаклҳои дорувории онҳо, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати милли айнан гурӯҳбанд шудаанд;

прекурсорҳо – маводе, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати милли ҳамчун асос ё ёрирасон барои истеҳсол, тайёр кардан ва коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи гурӯҳбанд шудаанд;

киштукори растаниҳои нашъадор – кишт ва нигоҳубини растаниҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати милли айнан гурӯҳбанд шудаанд;

истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи – амалиёте, ки барои ҳосил кардани пайдарпаи (сериявии) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи равона шудааст;

коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи – амалиёте, ки дар натиҷаи онҳо воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи аз омехтаҳо тоза мешаванд ё ба дигар моддаҳои ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи мансуб набуда, табдил дода мешаванд;

тайёр кардани воситахои нашъадор ва моддаҳои психотропиамалиёте, ки дар натиҷаи онҳо аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо шаклҳои барои истифода тайёри воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи ё шаклҳои дорувории онҳо ҳосил карда мешаванд;

тақсимоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи – амалиёте, ки дар натиҷаи он шахсони ҳуқуқии мушаххас тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори барои онҳо муайяннамудаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро барои муомилот мегиранд;

интиқоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи – аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо дар ҳудуди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз намуди нақлиёти истифодашуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617);

воридоту содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо – гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617);

истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи бе таъиноти духтур;

– сӯистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ- ба таври мунтазам қасдан истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179);

– соҳиб шудан ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – харидан, ёфта аз они худ кардан, гирифтан ба ивази дигар ашё ва мол, қарз ё ҳадя ва ба ивази карз додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин ҷамъ намудани растаниҳои нашъадори худрӯй ё қисмҳои онҳо, ё ин ки боқимондаҳои ҳифзнашавандаи кишти растаниҳои нашъадор баъди ҷамъоварии онҳо ва бо дигар роҳҳо соҳиб шудан (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179);

– фиристонидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – интиқол додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба воситаи почта ва шӯъбаҳои бағоҷ ва ё бо дигар тарз бе иштроки интиқолдиҳанда (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179);

– нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гуна амалиёте, ки бо қасдона ихтиёрдорӣ намудани (бо худ, дар бино, дар пинҳонгоҳ ва дигар ҷойҳо) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманданд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179);

– ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо -ҳама гуна тарзҳои паҳн намудани (фурӯш, ҳадя, иваз, ба ивази қарз додан, додани қарз ва бо дигар тарз) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

бемори нашъаманд (токсикоманд) – шахсе, ки нисбати ӯ аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдори вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории нашъаманди (токсикоманди) ташхис шудааст;

нашъаманди – беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар катичаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар Конвенсияҳои байналхалқии дахлдор ва Рӯйхати милли айнан гурӯҳбанд шудаанд ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмони аз онҳо тавсия мешавад;

токсикоманди – беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи дорувори ва маводҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансуб набуда ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмони аз онҳо тавсиф мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи, инчунин шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

БОБИ II. МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТИ ДОИР БА НАМУДХОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПИ ВА ПРЕКУРСОРҲО

Моддаи 4. Монополияи давлатӣ доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179)

Дар Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилот воситаҳои нашъадор: киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, тақсимот, воридот ба ҷумҳурӣ ва содирот аз он, инчунин ба нобуд кардан монополияи давлатӣ амал мекунад.

Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ дар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор вобаста ба нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, соҳиб шудан ва истифодаи он дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти моддаҳои психотропӣ дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти прекурсорҳо дар асоси иҷозатнома сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

Моддаи 5. Ташкили назорати давлати дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Ташкил ва амали намудани назорати давлати дар соҳаи муомилоти қонунии воситахо) нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агенти) ва дигар мақомоти давлати дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад.

Агенти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, фаъолияти мақомоти давлатиро вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъаманда инчунин барқароркунии иҷтимоии беморони нашъаманди, ҳамоҳанг ва назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

Моддаи 6. Салоҳияти Агенти

Агенти дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии прекурсорҳо иҷозатнома (литсензия) медиҳад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 297);

Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳоро дар якҷояги бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро анҷом дода, аз ҷумла дар минтақаҳои назорати сарҳади ва гумруки таҳқиқ ва тафтишоти пешаки мебарад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 37);

дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофи барои гумонбар намудани шаҳрванд дар содир кардани ҳуқуқвайронкуни ё ҷиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо алоқаманд буда, ҳуҷҷатҳои шахсияти онҳоро тасдиқкунандаро, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои санҷиши риояи қоидаҳое, ки назорати иҷрояшон ба зиммаи Агенти гузошта шуда лозиманд, тафтиш менамояд;

тибқи тартиби муайяннамудаи қонун, шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо алоқаманд гумонбар шудаанд, барои муоинаи тибби бо мақсади муқаррар кардани истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи аз ҷониби онҳо мефиристад;

аз вазорату идораҳои дахлдор маълумотҳоро, ки барои баҳисобгири ва назорати фаъолияти онҳо дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, пешгирии нашъаманди, барқароркунии иҷтимоии беморони гирифтори нашъаманди заруранд, дастрас менамояд;

якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор тартиби нигаҳдошт ва ҳифзи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳои аз ҷониби онҳо гирифташударо тафтиш менамояд;

фаъолияти корхона, ташкилот ва муассисаҳоро доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, пешгирии нашъаманди ва барқароркунии иҷтимоии шахсони гирифтори нашъамандиро назорат менамояд;

дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропи ва прекурсорҳо, дастурҳо медиҳад;

маълумотҳоро оиди талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи чамъбаст намуда, онро тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

дар муносибатҳои байналмилали доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъаманди ва барқароркунии иҷтимоии нашъамандон, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузори аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги менамояд;

иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

тибқи тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агенти бо худ гирифта гаштан, нигоҳдории яроқи оташфишон, воситаҳои махсус, инчунин сагҳои хизматиро иҷозат медихад.

Агенти дорои дигар салоҳиятҳо низ мебошад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 7. Кормандони Агенти. Ҳуқуқ, ӯҳдадори ва ҷавобгарии онҳо

Кормандони Агентӣ шахсоне мебошанд, ки танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар воҳидҳои сохтории Агентӣ мансабҳои дахлдорро ишғол менамоянд ва рутбаҳои махсус доранд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

Ҳангоми ба Агентӣ ба кор қабул шудан шаҳрвандон, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

Кормандони Агенти ҳуқуқ доранд:

аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ гардондани ҳуқуқвайронкунию амалҳоеро, ки барои иҷрои ваколатҳои Агенти ҳалал мерасонанд, талаб кунанд ва дар сурати иҷро накардани ин талаботҳо чораҳои иҷбории дар қонун пешбинишударо ба кор баранд;

аз рӯи парвандаҳою ҳуҷҷатҳои таҳти коргузории Агенти қарордошта, шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба Агенти даъват кунанд;

ҳангоми анҷом додани амалҳои алоҳидаи ҷустуҷӯи, ба мақсади таъмини тартиботу амнияти ҷамъияти, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ё объектҳо даромадани шаҳрвандонро муваққатан маҳдуд гардонанд ё манъ намоянд;

дар мавридҳои вобаста ба ошкор кардан, пешгири намудани ҷиноят, дастгир намудани ҷинояткор аз тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри, наздишаҳри ва маҳалли, инчунин аз воситаҳои алоқа, ки ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва ба шаҳрвандон тааллуқ, доранд, бепул истифода баранд.

Ба ғайр аз ин ба кормандони Агенти амали ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои 13-17 (ба ғайр аз банди 1 қисми панҷуми моддаи 17), моддаи 21, моддаҳои 24-34, қисми ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 31, моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милиса” пешбини гардидаанд, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

Кормандони Агенти дорои ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи пешбини намудаанд.

Таъмини нафақаи кормандони Агенти дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарби” сурат мегирад.

Тартиб ва шарти адои хизмат дар Агенти мутобиқи низомномаи дахлдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Кормандони Агенти барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 7(1). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони Агентӣ

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617)

Кормандони Агентӣ (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179)

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

Моддаи 9. Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, таҳия, соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард, истеҳсол, нигаҳдори, додан, фурӯш, тақсимот ва ҳисобу китоби воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропи, фақат аз тарафи муассисаҳои илми-тадқиқотие, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, амали мегардад.

Соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Квотаи давлати амали мегардад.

Номгӯи таҷҳизот барои тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи , инчунин тартиби истифода ва нобуд сохтани онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Агенти муаяйн мекунад.

Корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо истеҳсол мекунанд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Регистри давлати дохил карда мешаванд.

Тартиби хисобу китоб, нигахдорй, таксимот, додан ва фуруши воситахои нашъадор ва моддахои психотропи , мутобики қонун гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофикаи Агентй мукаррар карда мешавад.

Рекламаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Моддаи 10. Хусусияти интиқол, муросилот, воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Интиқол ва муросилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқи, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, сурат мегирад. Зимнан муросилоти почтавии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо манъ аст.

Барои ҳар дафъаи убур намудани сарҳади гумруки бо мақсади ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо ва ё содир намудани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки иҷозатнома ва сертификата намунаи байналмилали бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад. Додани иҷозатномаи додашуда ба дигар корхона, ташкилот ва муассиса новобаста ба он, ки онҳо литсензия барои фаъолият дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо доранд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳое, ки бидуни литсензия ва иҷозатнома ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешаванд, мусодира мегарданд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

Воридот, содирот ва интиқоли транзитии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

БОБИ III. ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПИ ВА ПРЕКУРСОРҲО

Моддаи 11. Истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи бо мақсадҳои тибби мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати тандурусти бо мувофиқаи Агенти амали мегардад.

Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи дар фаьолияти оперативи-ҷустуҷӯи, илми-тадқиқоти, таълими, эксперти (ташхиси) ва байтори аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агенти бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Истифодаи прекурсорҳо бо мақсадҳои тибби, оперативи-ҷустуҷӯи, илми-тадқиқоти, таълими, эксперта (ташхиси), байтори, саноати аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агенти бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Моддаи 12. Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва муомилоташон манъ ё маҳдуд аст, ба Рӯйхати милли дохил карда мешаванд.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо вобаста ба дараҷаи хавфнокиашон барои саломатии инсон ҳангоми сӯиистеъмоли онҳо ва бо назардошти он, ки ба кадом мақсадҳо онҳо истифода мешаванд, дар Рӯйхати милли гурӯҳбанд мешаванд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 297).

Рӯйхати милли ба таври расми, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад.

БОБИ IV.ЧОРАҲОИ МУХОЛИФАТ БА МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПИ ВА ПРЕКУРСОРҲО

Моддаи 13. Мухолифат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаи психотропи ва прекурсорҳо

Мухолифат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо аз ҷониби мақомот ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда, сурат мегирад.

Мубориза бар зидди истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда бо мувофиқаи Агенти ташкил менамоянд.

Моддаи 14. Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Бо мақсади пешгири намудани муомилоти ғайриқонунии байналмилалии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо ва ошкор намудани шахсони иштирокчии ин гуна муомилот, мақомоти мувофиқи қонун ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як ҳолати алоҳида, мутобиқи шартномаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷи ё дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, усули ирсоли назоратшавандаро истифода мебаранд, яъне тахта назорати худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардан ё ба транзити воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рох медиханд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1617).

Дар сурати қабул шудани қарор оиди истифодаи ирсоли назоратшаванда, агар давлате, ки ба он бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо пешбини шудааст, давлати хориҷи бошад, пас парвандаи ҷинои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда намешавад ва дар бораи қарори қабулшуда бетаъхир Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешавад.

Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо мумкин аст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо огоҳи ва тахти назорати мақомоте (воҳидҳое), ки барои амали намудани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳуқук доранд, истифода бурда шавад.

БОБИ V. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ВА МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПИ

Моддаи 15. Истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи бе таъиноти духтур манъ аст.

Таъин намудани истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи бо тартиби муайян намудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Моддаи 16. Ошкор намудани шахсоне, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи ва ғайриқонуни истеъмол мекунанд

Агар барои гумон намудани шахс ба истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи асосҳои кофи мавҷуд бошанд, ӯ бояд дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тибби гузаронида шавад.

Воқеияти истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи дар асоси натиҷаҳои муоинаи тибби муқаррар карда мешавад.

Муқаррар намудани ҳолатҳои мадҳуши салоҳияти духтуре мебошад, ки ба зиммааш вазифаи гузаронидани муоинаи тибби гузошта шудааст.

Ташхиси бемории “нашъаманди” ё “токсикоманди” аз ҷониби комиссияи машваратии тибби дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти тибби дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 17. Табобат ва баҳисобгирии шахсоне, ки ғайриқонуни воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи истеъмол мекунанд

Табобати беморони нашъманди ва токсикоманди дар сурати муроҷиати ихтиёриашон, шахсони ба синни 16-солаги нарасида бошад, бо розигии волидайн ё дигар намояндагони қонунии онҳо сурат мегирад.

Табобати нашъаманди ва токсикоманди ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Беморони гирифтори нашъаманди ё токсикоманди пас аз табобат бояд таҳти мушоҳидаи диспансери бо тартиб ва мӯҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гиранд.

Беморони гирифтори нашъаманди, токсикоманди ва шахсоне, ки нисбати онҳо воқеияти истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи муқаррар шудааст, тибқи тартиб ва ба мӯҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Табобати маҷбурии беморони нашъаманди ва токсикоманди мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 18. Ҳуқуқи беморон ҳангоми ба онҳо расондани кӯмаки наркологи

Шахсоне, ки ихтиёран барои табобат аз нашъаманди ё токсикоманди муроҷиат кардаанд, ҳуқуқ, доранд ба:

грифтани ёрии бемузди наркологи дар ҳаҷми пешбининамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ниҳони будани табобат, ба истиснои ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷинояти ё маъмури кашидани онҳо;

нигоҳ доштани манзилгоҳ ва ҷои кор дар тамоми вақти дар беморхона будан;

гирифтани варақаи корношоями барои тамоми вақти дар муолиҷа будан.

БОБИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 988)

Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки аз муомилоти қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоте, ки истифодаи минбаъдаи онҳо дар муомилот номатлуб дониста мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 988).

Моддаи 20. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур гуннаҳкоранд, тибқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Муқаррароти давраи гузариш

(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179)

Муқаррар карда шавад, ки то ба таъмини пурраи Буҷети давлатӣ гузаштани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи кормандони он мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 179).

Моддаи 22. Назорати иҷрои Қонуни мазкур

Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеъи ӯ буда амали мегардад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

ш.Душанбе 

10 декабри соли 1999 № 873