Боздид аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Восеъ аз боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуди “Хушсифат”-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи интенсивӣ, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд. […]

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ба ҳамаи шумо барои истиқболи самимиатон, ки нишонаи пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, арзи сипос менамоям. Мардуми заҳматпешаи ноҳияи Восеъ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми саъю талоши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон равона карда, дар раванди ободониву созандагӣ ва […]

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.  Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истиқболи самимӣ ва анҷоми тадбирҳои созанда ба […]

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ моҳи […]

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи калони деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ Коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст, бунёд гардидааст, бо бардоштани […]

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 – ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди […]

Ифтитоҳи бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, аз ду ошёна иборат буда, он дар масоҳати 460 метри мураббаъ бо […]

Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   24 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои Прокуратураи ноҳияро ифтитоҳ намуданд. Иншоот се ошёна буда, аз 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо беш аз 50 ҷойи нишаст, китобхона ва […]

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ифтитоҳ карданд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бо тарҳи муосир бунёд гардидааст. Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии […]

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Восеъ Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук дар масоҳати […]

Ба истифода додани гулгашти Восеъ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Дар маркази ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат нахуст дар гулгашти навбунёд аз рӯйи лавҳаи рамзи парда бардоштанд. Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама бо […]

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кул дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Дар тарабхонаи “Истиқлол”-и ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба беш аз 100 нафар кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир аз падару модари худ маҳрум мондаанд, туҳфаҳои арзанда тақдим карданд. Тӯҳфаҳои Сарвари […]

Ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат” дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат”-ро барои истеҳсоли шифери азбестӣ ифтитоҳ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пардабардорӣ ва пахши тугма ба фаъолияти корхона оғоз бахшида, бо […]

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯии ҶДММ “Хоҷа-Муъмин” дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   Ҳар як сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайваста бо созандагиву бунёдкорӣ ва фаъолсозии иншооти таъиноти гуногун сурат мегирад. Дар заминаи сиёсати созанда, баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаб, дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – […]

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ ва гузоштани санги асос барои бунёди мактаби наву замонавӣ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ   24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар ноҳияи Восеъ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти […]

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб! Ҳар дафъа ҳангоми сафар ба шаҳри Кӯлоб ва мулоқот бо шумо – сокинони заҳматпешаи ин диёри зебо яке аз хислатҳои деринаву писандидаи халқамон – эҳтирому меҳрубонӣ ва самимияти хоссаи тоҷиконаро ҳамеша эҳсос менамоям. Бинобар ин, ба ҳамаи шумо барои пазироии самимиатон, ки пеш […]

Супоридани туҳфа ва кумакҳои моддӣ ба ятимони шаҳри Кӯлоб

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб бо ятимон вохӯрӣ намуда, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд. Тибқи иттилоъ дар шаҳри Кӯлоб 92 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 43 нафарашон ноболиғ мебошанд.  Сарвари […]

Ифтитоҳи бинои иловагӣ ва майдони варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и шаҳри Кӯлоб

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ба номи Одил Комиловро ифтитоҳ карданд. Дар саҳни бинои нави таълимӣ Пешвои миллат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи […]

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Борбад ҷойгир буда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он 47 синфхона, аз […]

Ба истифода додани бинои меҳмонхона ва маркази ҳунарҳои мардумии “Шарора” дар шаҳри Кӯлоб

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор доданд. Меҳмонхонаи сеошёна аз 18 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули 40 нафар мизоҷро дорад. Он аз ҷониби бонуи соҳибкор Шарора Ҳакимзода ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии […]

Боздид аз ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои сахти маишӣ дар шаҳри Кӯлоб

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи автомобилгард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои […]

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

23.09.2020, шаҳри Кӯлоб   Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.  Сокинони меҳнатқарину сарбаланди ин шаҳри бостонӣ Пешвои муаззами […]

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва оғоз бахшидан ба бунёди иншооти дигар бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир карданд. Ҳадафи сафари имрӯзаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи […]

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш   Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Боиси ифтихор аст, ки сокинони сарбаланду меҳмондӯсти ноҳияи Вахш солҳои охир бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободиву пешрафти ин мавзеи зархези Тоҷикистони азиз ва дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои миллиамон саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи вусъати амалҳои созандаашон барору комёбиҳо […]

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ дар ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” -ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан карданд. Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол […]

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии ба номи “Абӯалӣ ибни Сино” ва оғози корҳои сохтмонии биноҳои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорон дар ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш дар деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Беморхонаи клиникии ба номи «Абуалӣ ибни Сино» – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Вахш аз таҳхона ва се […]

Боздид аз ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо дар шаҳраки “Вахш”-и ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин аз ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо дидан намуданд. Масоҳати замини наздиҳавлигии бародарон Баротзодаҳо 8 садякро дар бар мегирад ва дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти гирифтани ҳосили […]

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ – табобатии “Руҳафзо” дар шаҳраки “Вахш”-и ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Борбади Марвазии ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисӣ – табобатии “Руҳафзо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маркази нави ташхисию табобатӣ аз таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дуошёна иборат мебошад. Муассисаи нави тандурустӣ дар ноҳияи […]

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ карданд.  Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъбаҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, кор бо занон ва ҷавонон, таблиғот, […]

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш

23.09.2020, ноҳияи Вахш   23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни сазовори 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ […]

Ифтитоҳи бинои Маркази хизматрасонии “Баҳор” дар ноҳияи Вахш ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл

23.09.2020, ноҳияи Вахш   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази хизматрасонии “Баҳор”-ро мавриди истифода қарор доданд. Маркази хизматрасонии “Баҳор” бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Муҳибулло Ҳабибов дар муддати кӯтоҳ пурра азнавсозӣ […]

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Вахш ва ба истифода додани дарвоза ва мумфаршу чароғонкунии роҳи ҳудуди шаҳрак

23.09.2020, ноҳияи Вахш 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд. Истиқболи меҳмони воломақом – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳияи Вахш дар даромадгоҳи ноҳия ба таври […]

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар

22.09.2020, шаҳри Бохтар   22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолону сокинони шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони шаҳри Бохтар барои пазироии самимӣ арзи сипос карда, ба хонадони ҳар […]

Ифтитоҳи гулгашти 70-солагии азхудкунии Водии Вахш ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Бохтар

22.09.2020, шаҳри Бохтар   Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд. Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст. […]

Ба истифода додани бинои истиқоматии 12 ошёна дар шаҳри Бохтар

22.09.2020, шаҳри Бохтар   Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ карданд. Бинои нав 12-ошёна буда, дорои 80 хонаи истиқоматии як, ду ва сехуҷрагӣ мебошад. Дар назди бино майдончаи бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Ҳамчунин […]

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Бохтар

22.09.2020, шаҳри Бохтар   Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҷумъабой Ҷалилови шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ карданд. Муассисаи мазкур дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” сохта шуда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба […]

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

22.09.2020, шаҳри Бохтар   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро, ки ба хотири пешвози сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои 10 утоқ, аз […]

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи «Эҳсон» дар шаҳри Бохтар ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл

22.09.2020, шаҳри Бохтар   Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи “Эҳсон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои тарабхонаи “Эҳсон” дар маркази вилояти Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода дар масоҳати […]

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Левакант

22.09.2020, шаҳри Левакант   Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд. Парчами давлатии Тоҷикистон аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон карда шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил […]

Ба истифодадиҳии агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар шаҳри Левакант

22.09.2020, шаҳри Левакант   22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд. Аз ҷониби Пешвои миллат агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии […]

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Бохтар

22.09.2020, шаҳри Бохтар   22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони шукргузори маркази вилоят самимона истиқбол гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам […]

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, ки дар доираи омодагиҳо барои истиқболи […]

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар ибтидо ба ҳамаи сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳияи Шаҳритус барои дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар ҷодаи ободкориву созандагии Ватани азизамон арзи сипос менамоям. Дар доираи сафари кории имрӯза мо тасмим гирифтем, ки аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва сатҳи зиндагии сокинони он шинос […]

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” дар ноҳияи Шаҳритус баъд аз таъмиру азнавсозӣ

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии […]

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии […]

Ба истифода додани бинои маркази хизматрасонии муосир ва супоридани тӯҳфаҳо ба ятимони кулл дар ноҳияи Шаҳритус

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд. Сохтмони маркази хизматрасонӣ яке аз бандҳои нақшаи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии […]

Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   22 сентябр дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия рамзҳои асосии давлатдорӣ – Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 […]

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби […]

Истиқбол дар варзишгоҳи Пахтакори ноҳияи Шаҳритус, боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов”, “Ҳомид” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус   22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфт. […]

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистона дар шаҳри Ҳисор ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи “Шаршара”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот намуданд.  Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншоот дорои 700 ҷойи нишаст буда, […]

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кории худро ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи […]

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК “Авитсенна” дар шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи ҷавонони шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд. Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгуйи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, […]

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ – ҶДММ “Ситабр Агро” дар шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр – Агро”-ро ифтитоҳ карданд.  Корхонаи “Ситабр – Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов […]

Оғози ҷамъоварии пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони ин Кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии […]

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ – табобатии “Нури Сино” дар шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Маркази ташхисӣ – табобатии “Нури Сино”-ро ифтитоҳ карданд. Муассисаи мазкур дар Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза” ҷойгир буда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб […]

Ифтитоҳи маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд. Маркази калони байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов ҷойгир буда, бо тарҳи хело зебо ва замонавӣ […]

Ифтитоҳи бинои кӯдакистони “Кабутар” барои 250 нафар дар шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабутар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ  […]

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ, бинои истиқоматӣ ва муаррифии нақшаи генералии шаҳри Ҳисор

18.09.2020, шаҳри Ҳисор   18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳри Ҳисор коргоҳи дӯзандагӣ ва бинои истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир буда, иншоот бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст. […]

Оғози кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

16.09.2020, ноҳияи Ҷаббор Расулов   16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд. Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар […]

Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

16.09.2020, ноҳияи Ҷаббор Расулов   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба  корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд. Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат […]

Боздид аз боғи анор, нашъунамои зироати кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”, иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

16.09.2020, ноҳияи Ҷаббор Расулов   Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд. Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти […]

Боздид аз “Хона-музей”-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

16.09.2020, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар деҳоти Ёва  аз “Хона-музей”-и  Нозимҷон Усмонов дидан карданд. “Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми  шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва […]

Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

16.09.2020, шаҳри Хуҷанд   Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор […]

Ифтитоҳи Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” дар шаҳри Хуҷанд

16.09.2020, шаҳри Хуҷанд   Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти хуштарҳу замонавӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Муқимҷон Ҳусейнов бунёд карда шуда, дар рӯзҳои истиқбол аз истиқлоли […]

Ифтитоҳи бинои 9 – ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

16.09.2020, шаҳри Хуҷанд   16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 […]

Ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд”

16.09.2020, шаҳри Хуҷанд   16 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар […]

Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ дар ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт

15.09.2020, ноҳияи Ашт   Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” мавриди истиода қарор доданд. Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар […]

Боздид аз нашъунамои пахта дар ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт

15.09.2020, ноҳияи Ашт   15 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ташриф оварда, ба маъракаи чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд.   Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии “Рахшона” соли 2009 […]

Боздид аз сардхонаҳо, анбори захираи маҳсулот ва фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз мева дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт

15.09.2020, ноҳияи Ашт   15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АГРОАШТ” ва 2 сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.  Нахуст Пешвои муаззами миллат дар […]

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Ашт

15.09.2020, ноҳияи Ашт   15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт аз Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои ҳунармандон дидан намуданд.   Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия наздики 40 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки дар заминҳои ҳосилхези дар ихтиёрдошта кишту парвариш […]

Боздид аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” дар ноҳияи Ашт

15.09.2020, ноҳияи Ашт   15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд. Токзор ва боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарон – соҳибкорон – […]

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти Понғоз

15.09.2020, ноҳияи Ашт   15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Меҳмони воломақом – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан […]

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғдро бори дигар ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки сокинони вилоят, аз ҷумла мардуми ноҳияи Мастчоҳ ин ҷашни барои ҳар шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистон муқаддасу азизро дар баробари тамоми […]

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳия

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар ҳамин ҷо бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд. Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида […]

Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд. Бунёди қасри […]

Суханронӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Ҳозирини гиромӣ! Дар оғози сухан ҳамаи шумо – намояндагони мардуми сарбаланду меҳмоннавоз, бонангу номус ва созандаву ободкори ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷашни фархундаи 5500 – солагии Саразми бостонӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, нишонаи таърихи бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, табрик […]

Ифтитоҳ Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия боз таровати дигар бахшид. Қасри фарҳанги […]

Ба истифода дода шудани бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аҳли […]

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд. Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон […]

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он […]

Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона […]

Боздид аз фермаи асп ва чорвои калони шохдор дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд.  Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар  фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии […]

Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳ кардани бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар  тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом доданд. Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин […]

Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд. Бинои нави  кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст. Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли […]

Ба истифода додани корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар” дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳҳомии […]

Боздид аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи […]

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд. Мактаби […]

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории “Суғдиён-Свердловск”

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ   Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд. Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд. Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити  зиндагии сокинон, ифтитоҳи […]

Ифтитоҳи марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур” дар ноҳияи Зафаробод

13.09.2020, ноҳияи Зафаробод   13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд. Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки […]

Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим

13.09.2020, ноҳияи Зафаробод   13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд. Корҳои […]