Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Ҷойҳои холӣ дар ҳолати 20 апрели соли 2020

 

Дастгоҳи марказӣ (ш.Душанбе):

  • нозири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ
  • ваколатдори оперативӣ
  • нозири шуъбаи таъиноти махсус
  • нозир-кинолог
  • нозир-коргузор

 

Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

  • ваколатдори оперативии Шуъбаи ноҳияи Мурғоб
  • ваколатдори оперативии Шуъбаи ноҳияи Ишкошим

 

Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон: 

  • ваколатдори оперативӣ (ш.Бохтар)
  • ваколатдори оперативӣ-кинолог (ш.Бохтар)
  • ваколатдори оперативӣ (ш.Кӯлоб)

 

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд:

  • ташхисгари гурӯҳи экспертизаи судӣ
  • нозири гурӯҳи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
  • ваколатдори оперативӣ (ш.Исфара)
  • ваколатдори оперативӣ-кинолог (ш.Исфара)

 

Талабот нисбати довталабон:

  • шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ҳуҷҷатҳои номзадон дар асоси вазифаҳои пешниҳодгардида вобаста ба ихтисосашон қабул карда мешаванд (доштани маълумоти олии соҳавӣ ҳатмист);
  • донистани забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад;
  • синну сол аз 20 сола то 35 сола (ба шахсоне, ки бори аввал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор медароянд);
  • мувофиқати вазъи саломатӣ;
  • доштани уҳдадории ҳарбӣ;
  • довталабон аз озмун мегузаранд (санҷиши хаттӣ, санҷиши сатҳи савияи дониш, санҷиши тайёрии ҷисмонӣ);
  • ба шахсоне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар самтҳои дар озмун эълон шуда собиқаи кории қаблӣ доранд, инчунин дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, имтиёз дода мешавад.

 

Эзоҳ: Ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадон ҷиҳати иштирок дар озмун аз 25 апрел то 05 майи соли 2020 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 52 қабул карда мешаванд.

 

        Телефони боварӣ барои тамос 233-02-95