Баргузории ҷаласаи Котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор

Санаи 24 октябри соли 2019 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Котиби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор, сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, Бозоралӣ Сафарализода, намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур дар он буд, ки тибқи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор, Котиби Шӯро, ҷаласаи Котиботи Шӯроро  гузаронида, аз натиҷааш то 15.11.2019 сол ба Раиси Шӯро маълумотнома пешниҳод намояд.

Аз ҷониби иштирокчиён нақшаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор пешниҳод гардид.