Баргузории ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 17  декабри  соли 2020 дар Китобхонаи миллӣ таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар оғози ҷаласа муовинони раиси Шӯро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба ҳамкориҳои вазорату идораҳо дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва назорати муомилоти қонунии онҳо ва муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин оид ба масъалаҳои мусоидат ба дастрасии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба сифати  маводи доруворӣ  бо мақсади пешбурди корҳои тиббӣ ва илмӣ, ки таҳти назорати байналмилалӣ қарор доранд, инчунин пешгирии ҳодисаҳои аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ гузаштани онҳо, инунин баромади аъзои Шӯро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон вобаста ба мушкилоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди муайян намудани миқдори дорувориҳои сахттаъсир ва заҳролуд, ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи Шӯро оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шӯроҳои қаблӣ, баромад намуданд. 

Доир ба фаъолияти минбаъда, нақшаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2021 тасдиқ гардида, доир ба дигар масъалаҳои муҳокимашуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.