Баргузории ҷаласаҳои сатҳи баланди зиддимухаддиротӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар доираи раёсати ин кишвар дар Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 2 ва 3-юми ноябри соли 2020 Машварати шахсони мансабдори аршади мақомоти зиддимухаддиротии СҲШ ва Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Машварати шахсони мансабдори аршади мақомоти зиддимухаддиротии СҲШ сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ Ҳотам Маҷидзода ва дар Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаҳои болозикр роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротӣ доир ба вазъи нашъамандӣ дар давлатҳои аъзои СҲШ ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд. Ҳамчунин дар рафти ин чорабиниҳо ҳайати гурӯҳҳои кории коршиносони Машварати шахсони мансабдори аршади мақомоти зиддимухаддиротии СҲШ тасдиқ карда шуда, муҳлати иҷрои Нақшаи корӣ барои 2019-2020 доир ба амали намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2018-2023 тамдид гардида,  пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи нақшаи корӣ барои давраи минбаъда мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.

Дар хотимаи ин ҷаласаҳо тарафҳо омодагии худро барои рушду таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии зиддимухаддиротӣ изҳор дошта, доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.