Боздошти гурӯҳи муташшакили ҷиноятпеша дар ш.Душанбе

Мусалам аст, ки фазо ва муҳити орому осудае, ки имрӯз Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фарогир аст бо талошу ҷонбозиҳо ва  неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба даст омадааст.

Соли сипаригашта ҷиҳати пурзур намудани мубориза бо саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва ҷиноятҳои гурӯҳӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғуланд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Новобаста аз ин, қочоқбарон аз мақсадҳои нопоки худ даст намекашанд ва маводи нашъаоварро бо ҳар роҳу восита ба ҷумҳурии мо ворид месозанд.

Муддати тӯлонӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо хариду фурӯш ва интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба хориҷи кишвар машғул буданд, таҳти коркарди оперативӣ қарор дошт. Ба ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд.

Санаи 15 январи соли 2020 ҳангоми гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентӣ гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша бо роҳбари шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амири Эваз соли таваллудаш 1980, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Балхи ҶИА ва аъзоёни гуруҳи мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Хусрав Тағоевич соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, Тиллоев Эмомалӣ Шодмонович соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон дастгир карда шуданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон се адад сумкаи варзишӣ, ки дар дохили онҳо 22 адад бастаҳои селофании бо маводи ҷигариранги хамирмонанд ва маводи сабзчатоби сахткардашудаи буи махсусдошта бозёфт ва мусодира карда шуд.

Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи эспертизаи судии Агентӣ маводҳои мусодирагардида 39кг 220 гр маводи нашъаовари навъи афюн ва 4кг 990гр маводи нашъаовари навъи ҳашиш мебошад, ки ҳаҷми умумии онҳо 44кг 210гр ро ташкил дод.

Аз руи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 4  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

        Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гуруҳи муташшакил андешида шуда истодааст.