Боздошти ҷавондухтарон дар шаҳри Душанбе

Дар тарбияи фарзанд нақши асосиро оила мебозад. Фарзанд ҷузъи оила буда, тарбияаш низ аз оила маншаъ мегирад. Падару модар дар тарбияи фарзандон хусусан духтарон, қонеъ гардонидани талаботи моддии онҳо нақши асосӣ доранд.

Модар бояд зан дорои ақли расо ва маърифат бошад, то ки тавонад фарзанди дорои ахлоқу одоби накӯ ва ба ҷомеа нафърасонро тарбия намояд, бинобар ин ҷомеаи муосир ба занони боақлу маърифатнок ниёз дорад.

Вобаста ба ин дар ҷумҳурии мо барои духтарон шароити хуби таҳсилу тарбия фароҳам оварда шуда, як қатор қонуну қарорҳо дар ин самт ба тавсиб расидаанд.

Фориғболии падару модар ба донишомӯзию таҷрибаҳои ҳаётӣ гирифтани фарзандон монеа эҷод мекунад. Мутаасифона аз бемасъулиятии волидон на ҳамеша тарбия дар оила бомуваффақият мегузарад.

Моҳи феврали соли 2020 зимни як коркарди оперативӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванд Латыпова Надежда Ивановна, 2 (ду) адад ҳабҳои рангашон зардчатоби сохташон гулмонанд бозёфт ва мусодира карда шуд.  Мувофиқи маълумотномаи коршиносон ҳабҳои мусодирашуда моддаи психотропии навъи метилендиокси-метамфетамин (МДМА) мебошад.

         

          Муайян карда шуд, ки моддаи психотропии навъи метилендиокси-метамфетаминро Латыпова Надежда дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз шиносаш Ҳамробоева Мадина бо тахалуси Яна бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.

Инчунин дар ҳамин раванд  аз ҷониби кормандони Агентӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди “харидории санҷишии оперативӣ” тавассути шахси ба мақомоти Агентӣ мусоидаткунанда аз шаҳрванд Ҳамробоева Мадина, ба маблағи 900 сомонӣ 2 (ду) адад ҳабҳои психотропии навъи метилендиокси-метамфетамин харидорӣ карда шуд.

Баъд аз ин Ҳамробоева М. дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуда муайян шуд, ки ӯ ҳабҳои зикршударо аз шиносаш Носирова Фотима Шерзодовна бо тахалуси Далила бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.   

          07 феврали соли 2020 Носирова Фотима Шерзодовна дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Ҳангоми нишондод Носирова Ф.Ш. қайд кард, ки ӯ ҳабҳои ба Ҳамробоева М.М. фурӯхтаро аз шиносаш Маликмухамедова Дунё Рустамовна дасрас намудааст.

          08 феврали соли 2020 Маликмухамедова Дунё Рустамовна дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 (панҷ) адад ҳабҳои ҳабҳои психотропии навъи метилендиокси-метамфетамини гулмонади рангашон кабуду гулобӣ дарёфт карда шуд. Ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии Маликмухамедова Д.Р. воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдоеви шаҳри Душанбе, 15 (понздаҳ) адад ҳабҳои нашъадори метилендиокси-метамфетамини (МДМА) гулмонанди рангашон кабуду гулобӣ дарёфт карда шуд.

Муайян карда шуд, ки Маликмухамедова Д.Р. ҳабҳои зикршударо аз шиносҳояш шахсони ба тафтишот номълум бо номҳои “Даврон” ва “Эгам” ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ шахсияти Даврон ва Эгам муайян карда шуд.Маълум карда шуд,ки пеш аз ин Даврон, яъне Ашуров Даврон Ҷумахонович аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва аз у 60дона ҳабҳо мусодира карда шудааст.

Нисбати шахсони дастгиршуда, Латипова Надежда, Ҳамробоева Мадина ва Носирова Фотима бо қисми 1 моддаи 200 КҶ ва нисбати  Маликмухамедова Дунё Рустамовна ва “Эгемен” бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар қисми 2 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,бо парвандаи ҷинояти нисбати Ашуров Даврон ҳамроҳ карда шуда, тафтишот идома дорад.

Имрӯз зани тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун зани таҳсилдидаю бомаърифат мешиносанд ва эътироф менамоянд. Мо аз падару модарон даъват ба амал меорем, ки дар таълиму тарбияи фарзандон саҳмгузор бошанд, ҷавондухтаронро ба роҳи дуруст, раҳнамоӣ кунанд, онҳоро бо илму маърифат боақлу идрок ба камол расонанд ва кӯшиш намоянд, ки симои зан ва бонуи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бо донишмандию, забондонӣ, ҳунармандию ихтироъкорӣ муаррифӣ намоянд.