Нишасти 9-уми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя

15 декабри соли 2020 тариқи видеоконференсия нишасти 9-уми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид.Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраиси нишасти мазкурро ба зимма дошт, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ карда шуд.


Дар рафти нишаст раванди татбиқи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар нимаи дуюми соли 2019 ва соли 2020, нақшаҳои фаъолият дар соли 2021 ва масъалаи тамдиди муҳлати амали ин барнома барои солҳои 2021-2025 баррасӣ ва муҳокима гардида, дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.