Вохӯрии 5-уми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавӣ

Санаи 4-уми ноябри соли равон вохӯрии 5-уми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Миллали Мутаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шакли маҷозӣ (онлайн) баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Директори Агентӣ генерал майор Муртазо Ҳайдарзода роҳбарӣ намуд.

Дар ин чорабинӣ дар баробари Тоҷикистон намояндагони мақомоти салоҳиятдори Осиёи Марказӣ, созмонҳои минтақавӣ ва давлатҳои доннор (маблғгузори барнома) низ ширкат варзиданд.

Ҳадафи вохӯрии мазкур шунидани маъруза аз дастовардҳо дар солҳои 2019 – 2020 ва муҳокимаву ҳамоҳангсҳзии нақшаи кор барои соли ояндаро дар бар мегирифт. Дар вохӯрӣ қабули нақшаҳои давраи ояндаи татбиқи Барнома барои солҳои 2021-2025 бар мабнои натиҷаҳои машваратҳои миллӣ дар кишварҳои ширкаткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.