Встреча в Аграрном университете Таджикистана имени Ш. Шотемура

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва корхонаю муассисаҳои таълимӣ, санаи 13 феврали соли ҷорӣ кормандони шуъбаи амнияти дохилии Агентӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи  Ш.Шоҳтемур   вохӯрӣ баргузор намуданд.

Сараввал муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи  Ш.Шоҳтемур Самандаров И.Ҳ., бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Дар ҷамъомади мазкур  устодон ва донишҷуёни донишгоҳи мазкур иштирок намудаанд.

Дар вохӯрии мазкур ба диққати  устодон ва донишҷуён  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз содир намудани  ҷиноят, даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масоили мубрами рӯз расонида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ устодон ва донишҷуён дар муҳокимаронӣ фаъолона иштирок намуда, ба мутахассисон оид ба хариду фурӯш, истеҳсол ва истифодаи маводи мухаддир саволҳои зиёде пешниҳод намуданд. Ҳамчунин изҳор намуданд, ки минбаъд дар ошкори нашъаҷаллобони чаканафурӯш, ки мехоҳанд ба хотири ба даст овардани фоида ҷавононро гумроҳу гирифтор созанд, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Кормандони Агентӣ телефони “Боварӣ”- и Агентӣ 234-64-20 -ро пешниҳод намуда, қайд карданд, ки ҳар нафари онҳо метавонанд ҳангоми дастрасии хабари фаврӣ дар дилхоҳ вақт ҳам ба таври анонимӣ ва  ҳам ошкоро занг зананд.

Вохӯрии мазкур бисёр хотирмон доир гардид.