Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Татбиқи ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бар он мусоидат намуд, ки як қатор дастовардҳои назаррас дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии  маводи нашъаовар, коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва пешгирии афзоиши он ба даст омада, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари муваффақ муаррифӣ намояд. Аз ҷумла:

– интиқоли 10 фоиз маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути “Масири Шимол” ва боқимонда 90 фоиз аз дигар масирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат дар ин самт дар ҷумҳурӣ ва умуман дар Масири Шимол ба маротиб пурзӯр карда шудааст;

– аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мегарданд. Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 637 кг маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз онҳо 781 кг ё 48 фоиз дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардидаанд. Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштаем;

– дар чор соли охир  (2017 – 2020) дар давлатҳои хориҷӣ ягон ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст, ба истиснои як ҳолат дар Қазоқистон (аз автомашина 12 кг героин). Солҳои пешин, яъне 5-6 сол қабл ҳамасола дар ҳудуди Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо 10-15 чунин ҳолатҳо ба миқдори махсусан калон (100 кг ва зиёд) ошкор мешуданд;

– дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа соли 2017 ба 33 фоиз, соли 2018 ба 10 фоиз ва соли 2019 ба 13 фоиз, аз ҷумла дар Федерасияи Россия мутаносибан ба 31, 11 ва 18 фоиз кам шудааст.

– ҳамин тавр дар 5 соли охир дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа 2,5 маротиба (750/308) ва ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар 8 маротиба (1299/166 кг) кам шудааст;

– ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятҳои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар соли 2019 582 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд (соли 2018-812 ҷиноят);

– дар Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор ҳамасола аз муомилоти ғайриқонунӣ аз 2 то 5 тонна маводи мухаддирро мусодира менамоянд. Танҳо дар се соли охир (2017-2019) аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб 10 тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст. Солҳои охир коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад, мисол ҳаҷми мусодираи он дар соли 2018 29 фоиз ва соли 2019 2,2 маротиба кам гардидааст. (соли 2019-1 т 637,5 кг);

– дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ, аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад;

– солҳои охир дар Тоҷикистон коҳишёбии сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ ба мушоҳида расида, шумораи нашъамандон аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5190 нафар ба ҳолати 1 июли соли 2020 расидааст, ки он ба 3455 нафар ё 40 фоиз ва дар муқоиса бо соли гузашта бошад ба 684 нафар ё 11,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар панҷ соли охир (2015-2020) сатҳи нашъамандӣ 29 фоиз кам шудааст;

– дар давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд;

– аз сабаби он, ки мубориза дар кишварҳои Масири Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият дода шуд, чанд соли охир мусодираи маводи мухаддири истеҳсоли афғонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия қариб 6 маротиба коҳиш ёфтааст. Мисол: агар дар Федератсияи Россия соли 2014 – 3 т 226 кг мусодира шуда бошад, ин рақам соли 2018 – 722 кг ва соли 2019 – 503 кг-ро ташкил медиҳад;

– дар ин давра ягон ҳолати ошкори қочоқи прекурсорҳо тариқи сарҳади Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст;

– фаъолияти муназзами Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мусоидат намуданд, ки дар Тоҷикистон ба кишт ва истеҳсоли маводи нашъаовар роҳ дода нашуд;

– ҳар сол (4 соли охир) дар Тоҷикистон 10-15 ҳазор таблеткаҳои моддаҳои нави синтетикии психотропии нашъадор мусодира мегарданд.

Дар соли 2018 15 880 ва соли 2019 7555 адад чунин ҳаббҳо мусодира шудаанд. Асосан ҳаббҳои МДМА, алпразолам, фенобарбитал, амфетамин ва дигар намудҳо мусодира мегарданд. Бори аввал дар Тоҷикистон моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор соли 2006 дар намуди 1 (як) адад ҳабб мусодира шуда буд. Баъдан низ чунин ҳаббҳо мусодира мешуданд, вале онҳо характери якдафъаинаро доштанд. Дар панҷ соли охир бошад, ошкор ва мусодираи моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор характери системавӣ ва доимӣ пайдо намудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.