Директори Агентӣ бо рутбаи махсуси генерал-полковники адлия сарфароз гардонида шуд

Бахшида ба истиқболи  29 умин  солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябр дар Қасри миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти кории худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин росто бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус” аз 01 сентябри соли 2020 ба Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси “генерал-полковники адлия” сарфароз гардонида шуд.

Зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хизмати намунавӣ ва саҳми арзандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозонро дар роҳи таъмини амнияту суботи давлату миллат, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ махсус таъкид намуданд.

Сарвари давлат ба ҳамаи онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо сарфароз гардиданд, дар иҷрои рисолати пурмасъулияту пуршарафашон барору комёбӣ таманно намуданд.