Идомаи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Санаи 22 октябри соли равон“Корвони зиддимухаддиротӣ-2020” ба шаҳри Кӯлоб  ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар намуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур зери унвони “Якҷо бар зидди маводи мухадир мубориза мебарем” бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои дохилии кишвар ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷомеа ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли ҷавону ояндасози ватанамон мебошад.

Дар шаҳри Кӯлоб чорабинии мазкур дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони масъули Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, устодон ва хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбию техникӣ ва олии шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Орзу Ҳомиддиён ва намояндаи масъули Агентӣ Бозоралӣ Сафарализода дар бораи қочоқ, гардиш ва хатари суиистеъмоли маводҳои нашъадор суханронӣ намуда, тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро ҷиҳати муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ дар заминаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдовар шуданд.

Чорабинии мазкур фарогири мусобиқаҳои варзишии футбол, шашка, шоҳмот ва тениси руйи миз, инчунин бахши фарҳанигию фароғатӣ буд.

              

Нимаи дуюми ҳамин рӯз “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020” кори худро дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ идома бахшид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Санифа Тағоймуродзода  ва намояндаи Агентӣ Сатрина Одилбекиён ба сухан баромада, нашъамандиро бемории марговар ва мудҳиши ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бахши асосии чорабинии «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» фарогири бозиҳои варзишӣ буда, ҷиҳати ба камол расонидани насли наврас солимии ҳаёти худ ва пешгирию бартараф намудани омилҳои ба нашъамандию нашъаҷҷалобӣ мусоидаткунанда нақши муҳим мебозад.

                             

Дар чорабиниҳои мазкур ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, муайян карда шуда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангӣ–фароғатӣ як бахши банақшагирифташудаи чорабиниҳои мазкур мебошад, ки дар интиҳои онҳо, бо шеъру тарона ва сурудҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ ба иштирокдорон ғизои маънавию фарҳангӣ мебахшад.