Иқдоми хайрхоҳонаи кормандони Агентӣ

Дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода  маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид.

Ҳамчунин, дар пайравӣ ба ташаббуси мазкур ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ 50 фоизи маоши якмоҳа ва дигар ҳайати шахсии Агентӣ маоши дурузаи худро ҷамъ ба маблағи 50 000 сомонӣ (панҷоҳ ҳазор) ҳамчун кумак ба фонди COVID-19 гузарониданд.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар Агентӣ Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфта, дар ин росто тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.