Корвони зиддимухаддиротӣ дар Исфара

Санаи 2-юми ноябри соли равон гуруҳи кории «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020», таҳти шиори «Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем» чорабинии навбатии зиддимухаддиротиро дар шаҳри бостонии Исфараи вилояти Суғд баргузор намуд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббусгари асосии чорабинии мазкур мебошад, дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишвар онро дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷаҳони нав” -и шаҳри Исфара ташкил ва ба роҳ монд.

Дар майдони марказии боғи мазкур иштирокдорони чорабинӣ, иборат аз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Исфара ҷамъ омада, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшиданд, ки ҳавасмандии онҳоро бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои варзишию бахшҳои фарҳангӣ ҳаду канор надошт.

Чорабинии мазкурро муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина ифтитоҳ намуда, барои ташкили чунин як чорабинӣ ба роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Мавсуф баргузории ин чорабиниро паёми неке аз бедории ҷавонон ба варзишу муқовимат ба нашъмандӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар як муддати кутоҳи соҳибистиқлолии давлат бо ташаббусу иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои бузург ноил гардида, танҳо дар самти варзиш дар шаҳри Исфара 9 адад варзишгоҳ, 49 майдончаҳои хурд, 57 толор, 4 мактаб, 5 маҷмаи варзишӣ ва як ҳавзи шиноварӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Сипас кормандони Агентӣ баромад ва суханронӣ намуда, насли ҷавонро ояндасози миллат, нерӯи тавонои кишвар, ҳимоятгари марзубуми ватани аҷдоди хонданд, коҳиши сатҳи паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир, бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлатро яке аз роҳҳои ҳамкориҳои тарафайни Агентӣ бо ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳри Исфара тайи 3 рӯз идома дошт, ғолибон аз руйи дастаҳои алоҳидаи бозиҳои шашка, шоҳмот, футбол ва бандкашӣ бо ҷоизаҳо, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои варзишӣ аз ҷониби намояндагони Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳангӣ шаҳри Исфара сурудҳо дар васфи Модар – Ватан сароида, хотири ҳозиринро шод намуданд.