Корвони зиддимухаддиротӣ дар ноҳияи Дарвоз

Санаи 20 октябри соли 2020 гурӯҳи кории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тољикистон, кори худро таҳти шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем” дар ноҳияи Дарвози ВМКБ идома дод.

Чорабинии мазкур, ки «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» ном гирифтааст,  фарогири барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14 шаҳру ноҳияҳои кишвар пай дар пай гузаронида мешавад.

Дар ин чорабинӣ, ки дар маҷмааи варзишии “Авесто-Арено”-и ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия иштирок намуда, бо завқи баланд аз барномаҳои пешбинигардида, ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дар ифтитоҳи чорабинбӣ муовини раиси ноҳия Зарина Мирзозода бо сухани ифтитоҳи ҷаласаи тантанавиро кушода эълон намуд. Мавсуф қабл аз ҳама ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони чорабинии «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» изҳори сипос намуда, нашъамандӣ ва зарари онро яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеа баҳогузорӣ намуд.

Дар ин раванд, муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, подполковники х.н.м.н. Фирӯза Муродзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки мақсади баргузории чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020” аз он шабоҳат медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳад дар коҳиш ва аз байн бурдани нашъамандӣ ҳиссагузор бошад.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ва собиқадорони варзиш ба сухан баромада, оид ба зарар ва оқибатҳои ин маводи марговар, ибрози назар намуданд.

Баъди суханрониҳо дар идомаи чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бандкашӣ баргузор гашта ғолибон бо Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишноки ташкилкунандагони чорабинӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баромад карда, бо сурудҳои дилнишину дилангези худ, хотири иштирокдоронро болида намуданд.