КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ ДАР НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ

Шурӯъ аз 15 октябри соли равон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои муштарикаи худро таҳти унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор намуда истодааст.

Санаи 23 октябри соли равон, гурӯҳи кории корвони мазкур силсила чорабиниҳои навбатии худро дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ ва Шаҳритус идома дод.

Дар рафти баргузории чорабиниҳо, ки бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур, аз ҷумла муовинони бахши идеологии раисони ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбию техникӣ ва варзишгарон доир гардид.

Дар чорабиниҳо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул оид ба вазъи наъшамандӣ, пешгирию мубориза бо ин омили номатлуб суханронӣ намуданд.

Кормандони Агентӣ дар баромади худ қайд намуданд, ки Агентӣ дар пешгирии нашъамандӣ, муайян ва муолиҷа намудани нашъамандон, мубориза бо муомилоти маводи нашъаовар ва ошкори ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноиву маъмурӣ, ки бевосита ба вазъи нашъамандӣ алоқаманд аст, нақши бориз дорад.

Дар чорабиниҳои мазкур мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд, волейбол, сангбардорӣ, бандкашӣ, шашка, шоҳмот ва кашидани расмҳои беҳтарин баргузор карда шуда, ғолибони он муайян ва бо ҷоиза, ифтихорнома, сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ саҳначаҳои тарбиявӣ  ва суруду мусиқӣ зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем” ба тамошобинон пешниҳод карда шуд, ки чорабинии мазкурро боз ҳам хотирмон гардонид.

Чорабиниҳои мазкур баҳри роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, дар байни наврасону ҷавонон равона гардидааст ва то санаи 15 ноябри соли ҷорӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома хоҳад ёфт.