“Корвони зиддимухаддиротӣ-2020”, кори хешро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идома дод

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020”, кори хешро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон идома бахшид.

Чорабинии мазкур, ки зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем”, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Ш.Шоҳин бо фарогирии мусобиқаҳои варзишии волейбол, сангбардорӣ ва бандкашӣ доир карда шуд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, доираи васеи омӯзгорону хонандагон, варзишгарон ва дигар шахсон иштирок намуданд.

Мавзуи асосии чорабинӣ, ки ба пешгириву бартараф намудани омилҳои ба нашъамандиву нашъаҷалобӣ мусоидаткунанда равона гардида буд, паҳлуҳои васеъи ҳалли коҳиши ин масъалаи мубрами рӯзро фарогир буд.

Зимни суханрониии худ муовини раиси ноҳия Шифо Ҷумазода оид ба ташкилу гузаронидани чунин як чорабинии мубрами рӯз, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, зарар ва оқибатҳои он равона гардидааст, изҳори назар намуд.

Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД низ ба сухан баромада нашъамандиро вабои мудҳиши ҷомеа арзёбӣ намуданд ва дар баробари дигар хатарҳо, аз ҷумла экстремизму терроризм ва хариду фурӯши одамон ин падидаро мудҳиштарин хатар баён доштанд.

Номбурдагон изҳор карданд, ки танҳо ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки субъектони муқовимат ва иштироккунандаи ин зуҳуроти марговар мебошанд, метавонад дастаҷамъона ба паст намудани сатҳи нашъамандӣ ва решакан кардани он ҳиссагузор бошад.

Тибқи нақшаи пешбинигардида даври ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол, вазнбардорӣ ва бандкашӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар қисмати ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ ғолибон аз тарафи ташкилкунандагони чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020” бо ҷоиза медал, Ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд дар алоҳидагӣ қадрдонӣ карда шуданд. Рафти супоридани туҳфаҳоро иштироккунандагон ва мухлисони бозиҳои варзишӣ бо кафкубиҳои самимонаи худ истиқбол гирифтанд.

Дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ш. Шоҳин дар интиҳои чорабинии мазкур бо сурудҳои тару тоза хотири иштирокдоронро болида гардонид.