Кормандони Агентӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба чораҳои пешгирӣ аз пандемияи коронавирус (COVID-19), дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандон 8 гуруҳи корӣ таъсис додашуда, санаи 2 майи соли ҷорӣ дар 319 хонаҳои маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо усули хона ба хона доир ба риояи меъёрҳои тавсияшудаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан истифодаи ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани фосила байни ҳамдигар, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ҳамзамон ба мардуми он маҳалла фаҳмонида шуд, ки ба ҳангомаву воҳима ва хабарҳои бардуруғу беасос дода нашаванд, чунки тибқи маълумотҳои оморӣ ҳамасола чандин сабабҳои фавти шаҳрвандон бо бемориҳои гуногун бақайд гирифта мешавад.

Агентӣ ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз вобаста ба вазъи нашъамандӣ ва вазъи сирояти вируси норасоии масунияти одам аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ маълумотҳо ҷамъоварӣ намуда, таҳлилҳо мегузаронад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола чандин нафарон аз чунин бемориҳо вафот мекунанд.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ” дар се моҳи аввали соли 2020 дар ҷумҳурӣ шумораи  нашъамандон ба 5251 расидааст, ки аз шумораи умумии нашъамандони дар ин давра  дар қайдбуда, 29 нафар нашъамандон бо бемориҳои гуногун фавтидаанд.

 Ҳамзамон шумораи нашъамандони бо сабабҳои гуногун дар солҳои пешин фавтида чунин арзёбӣ мегардад: соли 2015 – 54 нашъаманд; соли 2016 – 45; соли 2017 –  42; соли 2018 – 83; соли 2019 – 153 нашъаманд вафот кардааст.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ҷумҳурӣ аз соли 1991 то охири моҳи марти соли 2020 – 12420 ҳолати сироятёбии ВНМО бақайд гирифта шудааст, ки аз ин шумораи фавтидагон ба 3348 ҳолат расидааст.