Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Темурмалик

       

  Ба ифтихори таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ босуръат идома дошта, он ба ҷабҳаи бузурги ободонӣ дар мамлакат табдил гардидааст.

  Бо ташаббусу ҳидояти Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷамоати деҳоти Кангурти н.Темурмалик зиёратгоҳҳо ва мақбараҳои шоирону муттафакирони машҳур Мавлавӣ Саид Муҳаммад Юсуфи Хатлонӣ ва Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ азнавсозӣ ва бунёду обод карда шуданд. Ин ба рушди саёҳӣ ва зиндаю ҷовид  гардонидани ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва шахсиятҳои бузург мусоидати бебаҳо менамояд.

                                                            

   

    Дар ноҳияи Темурмалик соҳибкорон ва шахсиятҳои баруманди маҳаллӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузошта, дар масофаи зиёда аз 6км роҳои Кангурт – Чавроқ ва деҳаи Дустиро, ки солиёни зиёд таъмирталаб буданд, азнавсозӣ ва асфалтпуш намуда истодаанд.

  Ҳамин тариқ онҳо ният доранд роҳҳои деҳаҳои Гузари тор ва Оби Ширинро асфалтпӯш намоянд.

  Боиси хушнуди аст, ки дар ҳамин росто солҳои охир роҳҳои байни деҳаҳо ва дохили деҳаҳоиЧавроқ, Савда, Гузари тор, Оби Ширин, Дӯстӣ, Давлатшоёну Сафарбоёндар  масофаи зиёда аз 20км сангфаршу тахту ҳамвор карда шуданд, ки аз ин зиёда аз 8км асфалтпуш карда мешавад.

     

     

  Сокинони деҳаҳои мазкур солҳо боз барои рафтуомад ба маркази ҷамоату ноҳия, инчунин байни ҳамдигар мушкилӣ доштанд ва инак бо файзи истиқлол ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба дастоварди нав ноил  гардиданд.

  Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи мошингард омили муҳим дар рушди иқтисодии сокинони деҳаҳои мазкур буда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни бошандагони деҳаҳо мусоидати фаъол менамояд.

  Таъмиру асфалтпӯш гардидани роҳ мушкилии сокинону ронандагонро бартараф намуда, имконоти ҳаракат дар ин масирро дар тамоми фаслҳои сол фароҳамхоҳад овард.

     

                          

   Корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳҳои мазкур бо ҷалби зиёда аз 30 нафар мутахассисони маҳаллӣ, беш аз 20 адад техникаҳои муосири роҳсозӣ амалӣ шуда, сокинони маҳаллӣ низ ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.

              

   Бояд қайд намуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик сохтумон, таъмир ва азнавсозии зиёда аз 270 иншооти хурду бузург дар соҳаҳои мухталиф ва 47 км роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.