Кумаки лавозимоти тиббӣ

Дар пайравӣ ба иқдоми башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави бемории коронавирус (COVID-19) ҳамчун кумак ба Муасиссаи кумаки авалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб як қатор лавозимоти зарурии тиббиро аз қабили 300 дона маводҳои антисептикӣ ва 500 ниқобҳои тиббӣ ба маблағи қариб 5000 сомонӣ дастрас намуданд.