Кумаки молиявии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ба Агентӣ

Дар доираи татбиқи Барномаи глобалӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба ҳамлу нақли контенейрҳо санаи 16 декабри соли 2020 аз тарафи Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор таҷҳизотҳои техникӣ, аз қабили компютерҳо, планшет, камераҳои мушоҳидавӣ, принтер, диктафон, сару либос, лавозимоти махсуси ҳарбии зимистона ва тобистона ба маблағӣ 188 211 сомонӣ кумаки моддӣ расонида шуд.


Пас аз анҷоми маросими супоридани таҷҳизотҳои зикршуда Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода тариқи видеоконференсия бо ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Батир Гелдиев мулоқот намуда, вобаста ба кумакҳои дар доираи ин Барнома ба Агентӣ расонидашуда минатдорӣ баён дошта, барои рушду тақвияти ҳамкориҳои судманд дар доираи Барномаи мазкур изҳори сипос намуданд.