МУЛОҚОТИ ВИДЕОКОНФРОНСИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ ВА РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Санаи 17 июни соли ҷорӣ мулоқоти видеоконфронсӣ байни Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид  оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон лоиҳаи нави Барномаи минтақавии Осиёи Марказиро барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқоти мазкур аз ҷониби масъулини Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи Барномаи болозикр барои марҳилаи нав рунамо (презентатсия) карда шуд.

Ҳамзамон, Директори Агентӣ вобаста ба қабули Барномаи мазкур пешниҳодҳои зеринро барои ворид намудан ба он манзур намуданд:

– сохтмону таъмири биноҳои шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон;

– барқарорсозии фаъолияти дафтарҳои афсарони алоқаи Агентӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;

– таҳияву қабули лоиҳаи алоҳида барои дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хонум Ашита Миттал пешниҳодҳои мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки онҳоро ҳангоми коркарди Барнома ба инобат мегирад.