МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО РОҲБАРИ НАВИ ШУЪБАИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪОВАР ВА ҲИФЗИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚИ САФОРАТИ ИМА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17 сентябри соли ҷорӣ дар доираи созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз соли 2003, мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода  бо Роҳбари нави Шуъбаи  назорати маводи нашъовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сита Фаррелл ба таври бархат (видеоконфронсӣ) баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори қаноатмандӣ намудад. Ҳамзамон Директори Агентӣ оид ба таҳкими иқтидори  Маркази таълимии Агентӣ бо татбиқи лоиҳаи алоҳида ба Ҳукумати ИМА изҳори миннатдорӣ намуда, бо ин мақсад пешниҳод намуданд, ки  вохӯрии сеҷонибаи Агентӣ, Сафорати ИМА ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ доир ба сафарбар намудани маблағҳои ҷудошуда  баргузор карда шавад.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои нав, баррасии ҳамкориҳо, маблағгузорӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва баъзе масъалаҳо оид ба татбиқи созишнома барои соли 2020-2021 ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар 5 соли оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хонум Сита Форрелл пешниҳодҳои мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баррасӣ ва татбиқи онҳоро коркард ва ба инобат хоҳанд гирифт.