НАТИҶАГИРИИ КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Силсилачорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» дар вилояти Хатлон бо натиҷагирӣ дар шаҳри Бохтар ба анҷом расид.

Чорабинии мазкур, ки аслан таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ташаккули шуури љамъиятиро доир ба оқибатҳои сўиистеъмоли маводи мухаддир дар бар гирифтааст, фарогири мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бозиҳои шашка, шоҳмот, футболи хурд ва тениси руйи миз буд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Бохтар Дилшод Осимӣ, сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон Муродзода Нодир, муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ Муродзода  Фирӯза, муовини раиси Шурои ҷумҳурияии варзишгарони Динамои Вазорати корҳои дохилӣ Шоҳиён Аслиддин ва дигар шахсони расмӣ ба сухан баромада, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирӣ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли он муҳм арзёбӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар ин ҷода бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба бозингарони беҳтарин, мурабиён ва ғолибони мусобиқаҳои варзишии болозикр, ҷоиза, сипоснома, ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравии арзишнок супорида шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳар як чорабиниҳои гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва Хатлон иштирокдорони он шукрона аз ватану ватандорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъаовар намуда, роҳандозӣ гардидани онро қадаме мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирию  коҳиш додани ин вабои мудҳиши ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, дар чорабинии шаҳри Бохтар низ баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва Хатлон намояндагони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф, варзиш ва фарҳанг иштирок намуда, ҳар яке дар навбати худ оид ба ин падидаи номатлуб, таъсири манфию марговари он ба амнияти давлат, генофонди миллат ва фазои солимию оромии ҷомеа изҳори ақида намуданд.

Корвони мазкур чорбиниҳои минбаъдаи худро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома хоҳад дод.