Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) 15-сола шуд

Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СПАД-ро дар самти мубориза бо маводи мухаддир ба уҳда дорад, тибқи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 23-уми июни соли 2005 ташкил шуд.

Зарфи 15 соли фаъолият якҷо бо Котиботи СААД якчанд чорабиниҳои байналмилалиро басо самаранок амалӣ намуд. Дар доираи салоҳиятҳои худ ин Шӯро 21 ҷаласа доир кард, ки дар ҷараёни он қарорҳо дар бораи ба ҳам овардани талошу кӯшишҳои давлатҳои узви СААД дар самти мубориза бо маводи мухаддир қабул шуданд.

Бо мақсади муқобила бо таҳдиди маводи нашъаовар амалиёти маҷмаии зиддимухаддиротӣ бо номи рамзии “Канал” гузаронида мешавад.

Дар ин амалиёт ҳар сол мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД, ҳамчунин намояндагони бештар аз 20 идораи зиддимухаддиротии кишварҳои Аврупо ва Осиё вобаста ба ҳадафи мушаххаси зинаи амалиёт чун нозир ширкат мекунанд. Дар амалиётҳои “Канал” ба таври пайваставу ҳамешагӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Чин ва Эрон, воҳидҳои хадамоти иктишофии молии давлатҳои узви гурӯҳи Авруосиё оид ба муқобила бо ошкорсозии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Интерпол, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази ҳамоҳангсозии иттилотии минтақавии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо иштирок мекунанд.

Соли 2008 дар қарори сентябрии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои узви СААД ба амалиёти маҷмуъии фаврӣ-пешгирии “Канал” мақомти “Амалиёти минтақавии зиддимухаддиротии доимамалкунанда” дода шуд. То кунун 30 амалиёт аз ин силсила гузаронида шудааст. Дар натиҷаи кори муштарак аз соли 2017 то 2019 аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 67 тоннаву 600 кило воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, аз ҷумла: 48 тоннаву 988 кило афюн, 6 тоннаву 665 кило ҳашиш, 3 тоннаву 737 кило бангдона, 790 кило героина, 691 кило воситаҳои нашъаовари маснӯӣ мусодира карда шудааст.

Натиҷаҳо бадастомада аз ҷониби ҳам давлатҳои узви СААД ва ҳам кишварҳои нозир, ҳамчунин дар маводҳои расмии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухаддир мусбат арзёбӣ шуд.

Тамрини тактикии махсус бо ҷузъу томҳои таъиноти махсуси хадамоти зиддимухаддиротӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии СААД таҳти номи шартии “Раъд” пайваста гузаронида мешавад.

Фаъолияти ҷузъу томҳои муттаҳидшуда имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои амалӣ ва унсурҳои ҳамоҳангсозии амалиётӣ-мубориза дар минтақаҳои кӯҳистон, андешидани чораҳои ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳо камингоҳӣ оид ба пешгирии қочоқи эҳтимолии маводи мухаддир, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои инфиҷоршаванда, ҷустуҷӯи ҷойҳои имконпазири қочоқчиён, ташкили дидбонгоҳҳои омехтаи назорати воситаҳои нақлиёт, инчунин ташкили алоқа ва идоракунии воҳидҳои муттаҳидшуда ҳангоми амалиёти махсус ба роҳ монда шаванд.

Гурӯҳи кории ташкили чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ ва самтҳои дигари фаъолият дар доираи салоҳиятҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки маркази коркарди пешниҳодҳо барои баргузории чорабиниҳои маҷмӯии (ҳамоҳангшуда) мебошад, самаровар фаъолият мекунад.

Ҳамкориҳо бо хадамоти наркологии давлатҳои узви СААД хуб ва ҷолиби таваҷҷуҳ ба роҳ монда шудааст. Системаи омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои зиддимухаддиротӣ дар муассисаҳои таълимии СААД – Донишкадаи умумиросиягии такмили ихтисоси кормандони ВКД ФР ва Донишкадаи сибирии ҳуқуқии ВКД Росия ташкил карда шуда, амал мекунад.

Дар заминаи илмӣ таҳлили равандҳое, ки дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмон вобаста ба маводи мухаддир ба амал меоянд, гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни иҷлосияи Косиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъаовар (2-6 марти соли 2020 ш., Вена) бо ширкати фаъолонаи давлатҳои узви Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ВКД Россия якҷо бо Котиботи СААД намоиш дар бораи чорабиниҳои зиддимухаддиротие, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви СААД мегузароннад, ташкил карда шуд. Рӯнамоии аксу суратҳо ва маводҳои видеоӣ, ҳамчунин шарҳҳои таҳлилӣ низ баргузор гардид.

Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бар асоси низомномаи Стратегияи зидди маводи мухаддири давлатҳои узви СААД барои солҳои 2015 – 2020, ки тибқи нақшаҳои миллии давлатҳои узв таҳия шудаанд, ҳамчунин Стратегияи амнияти дастаҷамъии СААД дар давраи то соли 2025 амалӣ мегардад.

Дар айни замон кор сари таҳияи Стратегияи нави зиддимухаддиротӣ то соли 2025 идома дорад. Дар ин санад ҳамаи махсусиятҳои таҳдидҳои муосир, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бармеояд, ба назар гирифта хоҳад шуд.